logo

ҳуқуқ

ДАВЛАТДОРӢ. АЗ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ ТО ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Мардуми шарифу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияти ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, ба хотири ободии Ватан, бунёди неругоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт. Истиқлолият барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу фардои миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртибот доранд. Аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди баруманди халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ шуда, дар раъйпурсии умумихалқии соли 1994 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо қабули ин санад Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, мустақилияти он амри зарурӣ ва таъхирнопазир дониста шуда, барои амалӣ гаштани ин ҳадафҳо қадамҳои устувор гузошта шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳокимияти судии имрӯзаи кишвар аз мақомоти судии даврони шӯравӣ ба куллӣ фарқ дорад. Гузаштан ба сохти дигари давлатдорӣ ва ҳамқадами ҷаҳони муосир, баробар ба давлатҳои мутараққӣ будан аз мо ҳокимияти судии мустақил ва беғаразро талаб мекард. Дар ҳамин радиф зарурияти ташаккулёбии ҳокимияти судӣ дар радифи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, паймонҳои байналхалқӣ ва ғайра, ки қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, ба миён омад. Арзиши аз ҳама воло эътироф кардани ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, эълон доштани бунёди давлати ҳуқуқбунёд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, зарурияти таҳким ва густариши ҳокимияти судиро тақозо намуд. Меъёрҳои умумии эътирофшудаи давлатҳои демократӣ бори дигар исбот намуданд, ки пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногусастанӣ дорад. Тамоми дастовардҳои ҳокимияти мустақили судӣ самараи даврони истиқлолият буда, бо ташаббус ва талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёд ба сомон расонда шуд. Аз ҷумла, барои таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул шуд, ки барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва, умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.      
Суди ноҳияи Сино чун қисми таркибии ҳокимияти судии кишвар барои иҷрои ин вазифаи муҳим ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлати азизамон кӯшиш ба харҷ дода, нақша-чорабиниҳои муайянеро тартиб додааст. Дар баробари амалӣ намудани адолати судӣ, мунтазам барои пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мурофиаҳои сайёри судӣ ва вохӯриҳо ба роҳ монда шудаанд. Бинои суд ва саҳни он таъмир гардид.

Хуршед МАҲМАДЗОДА, муовини раиси суди ноҳияи Сино
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2020    №: 154 - 155    Мутолиа карданд: 819
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед