иқтисод
СУҒД. НАПАРДОХТАНИ МАБЛАҒИ ОБ ЗИЁНИ ДУҶОНИБА ДОРАД
Таъминот бо оби полизӣ сол ба сол беҳтару муътадил мегардад ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ҳосили фаровони сабзавоту меваҷот, ғалладона ва маҳсулоти дигар мерӯёнанд, аммо дар масъалаи пардохти маблағи истифодаи об беҳбудии ҷиддие ба мушоҳида намерасад. Бино ба маълумоти раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд, қарзи хоҷагиҳои деҳқонии вилоят аз истифодаи оби полизӣ то 1 январи соли равон 50 миллион сомониро ташкил медод.
Ҳамасола мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати сари вақт ба мавсими баҳорӣ омода сохтани пойгоҳҳои обкашӣ маблағҳои зиёд ҷудо мекунанд. Агар дар вилояти Суғд, дар маҷмӯъ обёрии 70 дарсади майдонҳои кишоварзӣ танҳо тавассути пойгоҳҳои обкашӣ роҳандозӣ шавад, пас дар ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт ва қисман Бобоҷон Ғафуров ҳамасола самари заҳмати марди деҳқон сад дарсад ба фаъолияти муътадили пойгоҳҳои обкашӣ вобаста мебошад. Ҳамзамон, зикр бояд кард, ки пойгоҳҳои обкашӣ ҳанӯз солҳои шастуми қарни гузашта бунёд ёфта, албатта, бо гузашти 50 - 60 сол хеле фарсуда шудаанду дарёфти қисмҳои эҳтиётии чунин таҷҳизот ҳам хеле мушкил гаштааст. Танҳо бо талошҳои мутахассисони соҳибтаҷрибаи идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру навоҳии вилоят онҳо таъмир гардида, то андозае муътадил кор мекунанд. Табиист, ки таъмири ин пойгоҳҳои обкашӣ маблағи зиёдеро талаб мекунад. Аммо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо назардошти аҳамияти фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, барои таъмири пойгоҳҳои обкашӣ маблағҳои зиёд сарф менамоянд. Давоми панҷ - шаш соли охир бо саъю кӯшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пойгоҳҳои обкашӣ деҳқононро сари вақт бо об таъмин мекунанд ва дар ин самт мушкилӣ (ба истиснои баъзе садамаҳои техникӣ) аз байн бардошта шудааст.
Чанде қабл Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд бо кору бори кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд ва пойгоҳи нави обкашии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, иброз доштанд, ки таъминот бо оби полизӣ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи мутахассисон бошад.
Ҳоло кишоварзони вилояти Суғд истеҳсоли маҳсулотро дар ҳамаи самтҳо - сабзавоту ғаллакорӣ, боғдорӣ, пахтакорӣ зиёд намуда, ба ин васила ба рушди иқтисодиёт муваффақ мегарданд.
Бешубҳа, ин хуб аст, аммо масъалаи пардохти саривақтии маблағи истифодаи об бояд доимӣ дар мадди назари масъулини бахши кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ бошад. Мушоҳидаҳо аз он бозгӯйӣ доранд, ки ҳамоно сарварони бисёр хоҷагиҳои деҳқонии навоҳии вилоят (бино ба маълумоти расмӣ, дар қаламрави Суғд наздики 70 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад), сарфи назар аз он, ки дар мавсим сад дарсад бо оби полизӣ таъмин шудаанд, дидаву дониста пардохти маблағи ҳаққи обро ба таъхир меандозанд. Масалан, бинобар напардохтани маблағи истифодаи об қарзи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Зафаробод дар назди идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ба 18,6 миллион сомонӣ расидааст. Вазъ дар ноҳияи Мастчоҳ низ басо нигаронкунанда буда, то имрӯз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия аз идораи беҳдошти замин ва обёрӣ 17,1 миллион сомонӣ қарздоранд.
Ба андешаи Исматҷон Холов, раиси хоҷагии деҳқонии “Даҳкат” аз ноҳияи Зафаробод, бояд дар ин самт мутахассисони соҳаи беҳдошти замину обёрӣ миёни кишоварзон корҳои дурусти фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд. Зеро ҳоло ҳам қисмати муайяни сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ умед мебанданд, ки маблағи истифодаи обро Ҳукумат пардохт мекунад. Ин боварии онҳо бар он асос меёбад, ки чанд сол қабл Ҳукумати ҷумҳурӣ қарзҳои қаблии хоҷагиҳои деҳқониро нахуст тамдид ва баъдан ҷиҳати дастгирии деҳқонон дар шароити мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ бахшида буд.
- Ҳамин андешаи нодуруст ҳоло ҳам дар мафкураи як қисми роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ нақш бастааст. Ҳатто аввалҳо худам низ чунин мепиндоштам, вале баъди он ки намояндагони идораҳои дахлдор моҳияти масъаларо хуб фаҳмонданд, ҳозир қарз надорам, - гуфт Исматҷон Холов.
Бино ба иттилои муовини сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд Ҳалим Ҳоҷиев, ҷиҳати беҳтар таъмин кардани хоҷагиҳои деҳқонии вилоят бо оби полизӣ ва пардохти саривақтии маблағи истифодаи об дар вилоят наздики 220 Ассосиатсияи истифодабарандагони об таъсис ёфт, вале фаъолияти онҳо то имрӯз ҷавобгӯйи талаботи рӯз намебошад. Зеро аксари раисони ассотсиатсияҳо мутахассисони соҳавӣ нестанд.
Фаъолияти идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии навоҳии Ашт, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров дар масъалаи пардохти саривақтии маблағи истифодаи об нисбатан хуб аст. Дар натиҷаи ташкили дурусти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин навоҳӣ пардохти маблағи истифодаи об марҳила ба марҳила пеш рафта, феълан то 70 -75 дарсад расидааст.
Истифодабарандагони об бояд ба хубӣ дарк кунанд, ки кафолати рӯёндани ҳосили фаровони ҳама намуди зироату боғот аз кори босамари пойгоҳҳои обкашӣ вобаста мебошад. Пардохти саривақтии маблағи истифодаи об омили муҳимтарини фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ аст ва напардохтани ҳаққи об зиёни дуҷониба дорад – ҳам барои хоҷагиҳо ва ҳам барои давлат.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.2020 №: 154 - 155 Мутолиа карданд: 734