иқтисод
САНОАТИКУНОНӢ ОМИЛИ СУБОТ ВА ПЕШРАФТИ ҶОМЕА
Бо вуҷуди мураккаб гардидани вазъи иҷтимоии ҷомеа ва хусусияти глобалӣ пайдо кардани иқтисодиёти ҷаҳон, дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои дарозмуҳлат, инчунин, афзалиятҳои рушди кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардид.
Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (26 декабри соли 2018) омадааст, ки ҳадафи кунунии давлат ва Ҳукумати кишвар гузариш аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрии иқтисодиёт мебошад. Зеро устувории мавқеи саноат, пеш аз ҳама, барои таъмини истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистон ва ҳалли масоили муҳимтарини иҷтимоӣ, аз ҷумла зиёд кардани шумораи ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, таъмини бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, шароити мусоид фароҳам меоварад.
Воқеан, агар шумораи ташкилоту корхонаҳои саноатӣ зиёд бошад, имконияту шароити кории нав фароҳам омада, дар натиҷа, аз як тараф нафарони зиёде, ки шуғли муайян надоранд, бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин мегарданд, аз тарафи дигар, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар мамлакат коҳиш меёбад. Зиёдии корхонаҳои саноатӣ дар ҷумҳурӣ барои афзун гардидани маҳсулоти ватанӣ, ҳам бозори дохилӣ ва ҳам берун аз онро бо маҳсулот ва маводи ғизоӣ таъмин кардан имконият медиҳад. Гуногуншаклии содирот, пеш аз ҳама, аз саноатикунонии мамлакат вобастагӣ дорад. Раванди саноатикунонии кишвар имконоти ба арсаи ҷаҳонӣ роҳ ёфтан ва мавқеи устувор пайдо кардани маҳсулоти рақобатпазири ватаниро зиёд мекунад. Ҳангоми тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ низ амнияти рушди иқтисодии кишвар таъмин мегардад. Аз ин рӯ, тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад.
Бо назардошти ҳамин нуктаҳои муҳим рушди ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалию инноватсионӣ пешбинӣ ва саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст.
Барои татбиқи ҳадафи мазкур бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли саноатӣ ва ба бозор баровардани маҳсулоти рақобатпазир муҳим аст.
Як омили ташаккулу рушди соҳаи саноат дар мамлакат тайёр кардани мутахассиси баландпоя, омили дигари фаъолияти босамари корхонаҳои саноатӣ ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо корхонаҳои саноатӣ барои омода кардани кадрҳои соҳавии ихтисосҳои техникиву технологӣ мебошад.
Мақсади асосии саноатикунонии кишвар ноил шудан ба сатҳи баланди рушди иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум аст. Ҳар як мутахассиси оянда, новобаста аз ихтисос ва касбаш, бояд мазмуну моҳияти сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба саноатикунонии босуръат хуб сарфаҳм рафта, барои амалигардонии он ҳиссагузорӣ намояд.
С. СОЛЕҲОВ,
омӯзгори кафедраи фалсафа
ва сиёсатшиносии ДАТ
ба номи Ш. Шоҳтемур
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.2020 №: 154 - 155 Мутолиа карданд: 747