иқтисод
ЛАХШ. ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ
Лахш макони зебоманзари баландкӯҳи кишвар буда, дар он намояндагони ду миллати ба ҳам дӯсту қарин - тоҷику қирғиз аҳлона зиндагӣ доранд. Ноҳия дорои мавзеъҳоест, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ басо мусоид мебошанд. Яке аз соҳаҳои даромаднок картошкапарварӣ буда, аз ҳисоби аз худ намудани заминҳои кӯҳдоман сол ба сол истеҳсоли он зиёд мегардад. Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имсол дар майдони 5711 гектар картошка кишт шуд, ки нисбат ба нақша 1337 гектар зиёд аст, - гуфт зимни суҳбат раиси ноҳия Файзулло Баротзода.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои масоили иҷтимоию иқтисодии ноҳия, вусъати корҳои ободонӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида 15 миллиону 124,3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, дар асл воридоти маблағ 14 миллиону 935,5 ҳазор сомонро ташкил дод. Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ дар шаш моҳи соли 2020 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 101 фоиз таъмин гашт, ба ҷойи 6 миллиону 540,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет 6 миллиону 607,9 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 67,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ташкили корхонаҳои саноатӣ ва рушди соҳаи мазкур зери таваҷҷуҳи махсуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Масалан, корхонаи саноатии “Сумая” дар самти таъмини ҷойҳои корӣ ва истеҳсоли либоси мактабӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ саҳми назаррас дорад.
Корхона соли 2017 таъсис ёфта, зиёда аз 30 нафар бо ҷойи кор таъмин аст. Барои истеҳсоли 6331 ҷуфт либоси мактабӣ бо шуъбаи маориф шартнома бастааст.
Бо истифода аз захираҳои обии ноҳия бунёди неругоҳҳои хурд дар назар дошта шудааст. Танҳо дар нимсолаи аввали соли равон неругоҳҳои хурди барқи обии «Питовкӯл-1» ва «Питовкӯл-2» 913,9 ҳазор киловатт - соат неруи барқ истеҳсол намудаанд.
Бо мақсади таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқ, маҷмӯи умумии даромади кишоварзон 24 миллиону 948,9 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 100,3 фоизро ташкил менамояд.
Кишоварзон дар ҳамаи бахшҳои истеҳсолот дар майдони 1252 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ, 5711 гектар кишти картошка ва 117 гектар кишти сабзавот гузаронданд.
Тибқи маълумоти нозироти андоз, тариқи «Равзанаи ягона» дар нимсолаи соли равон дар ноҳия 2351 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии соҳибкорон 450 нафарро соҳибкорзанон ташкил менамоянд.
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истиқболи арзандаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 173 иншоот дар назар аст ва то имрӯз 122 - тои он ба истифода дода шуд.
Дар тавозуни муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш 113 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 29,6 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 123,6 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ мавҷуд мебошанд, ки масофаи умумии онҳо 266,2 километрро ташкил медиҳад. Як нуктаро бояд зикр намуд, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, саҳми кумитаи маҳаллаҳо, шахсони алоҳида ва соҳибкорон ба масофаи умумии 75,5 километр аз ҷумла дар шаҳраки Ваҳдат 13 километр, деҳоти Ҷиргатол 1,5 километр, деҳоти Янгишаҳр 6 километр, деҳоти Пилдон 6 километр, деҳоти “Сурхоб” 13 километр, деҳоти Сартало 8 километр, деҳоти Қашот 2,5 километр, деҳоти Лахш 11,5 километр, деҳоти Алға 11 километр ва Ҷамоати деҳоти Муксу 7 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва шағалпӯш шуда, корҳои ободонӣ дар ин самт идома доранд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Дар ин давра 8 маротиба фаъолияти комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияҳои ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳо ва комиссияҳои ҷамъиятии кумитаи маҳаллаҳо санҷида шуда, 2 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гашт. Нисбат ба қонуншиканиҳо, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳия пешниҳод гардид.
Аҳолии заҳматпешаи ноҳия тамоми неруи созандаи худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуда, ҳамаи тадбирҳоро меандешанд, ки дар ин марҳилаи созандагию бунёдкориҳои азим Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоён пешвоз гирифта, маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангиро дар сатҳи баланд баргузор намоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Дилшод АМИРОВ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.2020 №: 154 - 155 Мутолиа карданд: 1114