иқтисод
ИШКОШИМ. ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ МӮИНА ТАВСЕА МЕЁБАД
Таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар ба рушди деҳот, таъсиси коргоҳу корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ тавассути маблағгузориҳои давлатию ҷалби сармояи хориҷӣ барои пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат менамоянд. Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ аксари занони хонашин бо бархӯрдорӣ аз имтиёзҳо дар соҳибкорӣ муваффақ шуданд ва бархе дигар ба таъсиси коргоҳҳои хурди саноатӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ даст заданд.
Ҷаҳоннамо Абдураҳимова, сокини деҳаи Андароби деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим, аз ҷумлаи бонувони баиқболест, ки бо меҳнати ҳалоли худ на танҳо соҳиби касби бошараф гардида, зиндагиашро ба як маҷрои муайян даровард, балки некуаҳволии оилаашро даҳчанд баланд бардошта дар боло бурдани сатҳи зиндагии ҳамдиёронаш низ саҳми босазо мегузорад. Ӯ бо дарёфти гранти президентӣ ва дастгирии шарикони рушд корхонаи хурди коркарди мӯинаро таъсис дода, 14 зани хонашини деҳаро бо кор таъмин намуд.
Ҷаҳоннамо соли 2010 дар шароити хона ба коркарди мӯина ва тайёр кардани маҳсулоти мӯинагӣ оғоз намуда, оҳиста - оҳиста бо зиёд гардидани мизоҷонаш доираи фаъолияташро дар ин самт тақвият бахшид.
- Аввал қарзи бонкӣ гирифтам, аммо он маблағ барои харидани асбобу анҷоми ресандагӣ кифоя намекард. Соли 2015 бо мусоидати бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соҳиби гранти президентӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ гардида, тасмим гирифтам, ки як корхонаи хурди коркарди мӯинаро ташкил намоям, - гуфт зимни суҳбат Ҷ. Абдураҳимова.
Ҳамин тариқ, бо дастрасӣ ба гранти президентӣ ва дастгирии Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон дар деҳа корхонаи хурд ташкил намуд. Ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани фаъолияти корхона 15 чархи ресандагӣ дар ихтиёри ӯ гузошта шуд. Имрӯз ин корхона фаъолияти босамар дорад. Аз маҳсулоти корхона ҳам сокинони деҳа бархӯрдоранд ва ҳам он дар нуқтаҳои фурӯши ноҳия ва шаҳри Хоруғ харидорони худро пайдо кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, маҳсулоте, ки аз мӯинаи чорвои маҳаллӣ тайёр карда мешавад, аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, харидорони зиёд дорад. Дар коргоҳ бештар мувофиқи фармоиш ҷемпер, шарф (гарданпеч), ҷуробу шол истеҳсол ва дастраси мизоҷон мегардад. Қисмате аз ин маҳсулоти мӯинагӣ бо мусоидати шарикони рушд ҳатто ба Амрико содирот мешавад.
Тавре Ҷаҳоннамо Абдураҳимова зикр кард, коргарон ашёи хомро барои коркард асосан аз сокинони ҷамоат ҷамъ мекунанд. Хариди ашёи хом аз хоҷагиҳои маҳаллӣ на танҳо барои фаъолияти кормандони корхона фоида меорад, балки барои ғанӣ гардидани буҷаи оилавии сокинони дигари ин ҷамоат низ мусоидат мекунад. Фаъолияти корхонаи хурди коркарди мӯина баъди ҷамъоварии ашёи хом дар фасли зимистон вусъати тоза пайдо мекунад, зеро дар фасли сармо ҳам кормандон аз дигар корҳои рӯзгор фориғ мешаванд ва ҳам талабот ба маҳсулоти мӯинагӣ меафзояд.
Ҷаҳоннамо, ки нозукиҳои коркарди ашёи хоми мӯинагиро аллакай хуб медонад, чун устои касб дар омӯзондани насли ҷавон ҳам саҳмгир аст. Ӯ ба минтақаҳои дигар сафар карда, ҳамчун тренер - омӯзгор ба бонувон нозукиҳои касби коркарди пашми бузу гӯсфандро ёд медиҳад. Аз курсҳои омӯзишии ӯ занони деҳоти ноҳияҳои Роштқалъаи ВМКБ, Муъминободи вилояти Хатлон ва ҳатто бонувони кишвари ҳаммарз – Афғонистон низ бархӯрдор гардидаанд.
Ҷаҳоннамо Абдураҳимова бо ризомандӣ аз эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 2019 - 2021 зикр кард, ки дар оянда барои пурра ба кор андохтани корхона дар тамоми фаслҳои сол аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард. Мехоҳад бо омода кардани армуғон барои сайёҳону меҳмонон даромади кормандонро афзун намуда, дар амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат вобаста ба рушди ҳунарҳои мурдумӣ саҳм гузорад.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.2020 №: 154 - 155 Мутолиа карданд: 842