logo

ҳуқуқ

БАҲСИ 13 - СОЛА Ё ҒАЙРИҚОНУНӢ АЗ ХУД КАРДАНИ ХОНАИ ҲАМСОЯ

Ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» Шоимардон Раҷабов, сокини ноҳияи Варзоб, бо шикояти он, ки ҳамсояаш Бахтиёр Сафаров дар набудани ӯ хонаи истиқоматиашро воқеъ дар деҳаи Варзоби деҳоти Варзоб - Қалъа бо роҳи ғайриқонунӣ аз худ кардааст, муроҷиат кард.

Ӯ соли 2000 - ум дар Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия барои содир намудани ҷиноят 7 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Пас аз адои ҷазо ба Ватан баргашт ва дарёфт, ки хонаву ҳавлиаш таъмиру навсозӣ шудаасту аз дарахту токҳои ангураш осоре намонда. Дарвозаашро низ дар дигар  ҷо насб карданд. Маълум шуд, ки ҳамсояааш Шералӣ Сафаров онро ғайриқонунӣ аз худ намуда, бо ҳавлии худаш якҷоя кардааст. Ба гуфтаи Ш. Сафаров, гӯё модари Ш. Раҷабов ин манзили истиқоматиро ба ӯ бо арзиши 300 доллари ИМА фурӯхта бошад. Вале вобаста ба ин ҳолат шартномаи харидуфурӯшро пешниҳод карда натавонист. Ҳол он ки ин манзили истиқоматиро модараш Соро Назарова, ки ҳоло дар қайди ҳаёт аст,  соли 1986  ба ӯ туҳфа кардааст. Ин ҳолатро дафтари ҳавлидорӣ аз 11 октябри соли 1986 тасдиқ мекунад. 
Мавсуф оид ба  сохтакории ҳуҷҷатҳо ба прокуратураи ноҳияи Варзоб муроҷиат намуд. Прокуратура нисбат ба Шералӣ Сафаров бо моддаҳои 334 ва 340-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз намуда, ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол кард. Суд 27 августи соли 2008 нисбаташ бо моддаи 334 ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 1 сол бо нигоҳ доштани 20 дарсад музди маош  ва бо моддаи 340 бошад, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол таъйин кард. Аммо дар асоси моддаи 67 Кодекси ҷиноятӣ нисбат ба ӯ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 сол таъйин шуд. Вале бо дастрасии моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 18 августи соли 2006 парвандаи ҷиноятӣ қатъ гардид, ки вобаста ба ин ҳолат ҳукми судиро пешниҳод менамояд. Ҳини  баргузории ин мурофиаи судӣ ба Россия рафта буд. Соли 2008 ӯ дубора дар Россия ба муҳлати 10 сол зиндонӣ гардид.
Баъд аз адои ҷазо 27 марти соли 2018 ба Ватан баргашта, хост худро дар мақомоти корҳои дохила ба қайд гирад. Фаҳмид, ки манзили истиқоматиашро Бахтиёр Сафаров  -  писари Шералӣ Сафаров, ғайриқонунӣ бо роҳи қабули мерос ба тариқи судӣ аз  22 ноябри соли 2017 дар асоси маълумотномаи қалбакии КФББТ - и ноҳияи Варзоб ва Ҷамоати деҳоти Варзоб - Қалъа аз худ кардааст.
Ҳол он ки мувофиқи маълумоти бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Шоимардон Раҷабов санаи таваллудаш 1960 дар китобҳои хоҷагии Ҷамоати деҳоти Варзоб - Қалъа, деҳаи Варзоб аз соли 1991 то соли 1995 ва аз соли 2003 то соли 2007 ҳамчун сардори оила  ба қайд гирифта шудааст.
Суди ноҳияи Варзоб 11 августи соли 2014 парвандаи гражданиро бо даъвои Шоимардон Раҷабов дар намояндагии Далершо Раҷабов нисбат ба Шералӣ Сафаров оид ба кӯчондан аз манзили истиқоматӣ рад кард.
- Борҳо ба суд муроҷиат кардам, ки қарори раиси ноҳияи Варзоб аз соли 2016  ва шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз соли 2017 бинобар беасос ва ғайриқонунӣ буданашон беэътибор дониста шуда, шахсони маскуни манзили истиқоматӣ бе додани дигар манзили истиқоматӣ кӯчонда шаванд. Вале касе ба доди ман намерасад. Бовар дорам, ки масъулон арзи маро аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» хонда, барои ҳалли он чораҷӯӣ мекунанд, - мегӯяд Ш. Раҷабов.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2020    №: 154 - 155    Мутолиа карданд: 1050
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед