logo

иқтисод

ҶАМШЕД ТАБАРЗОДА: «110 ЛОИҲАИ ИНВЕСТИТСИОНӢ ОМОДА АСТ»

Кормандони КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар нимсолаи аввали соли равон ба истифодабарандагони шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ ба маблағи 94 миллиону 724,7 ҳазор сомонӣ хизмати коммуналӣ расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллиону 420,8 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 107,3 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маблағи 36 миллиону 417,7 ҳазор сомонӣ корҳои коммуналиро иҷро карданд.

Муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот» барои русто ва чарогоҳҳои ҷумҳурӣ 6 миллиону 300 ҳазор метри мукааб (100 дарсади нақша) об интиқол дод. Муассиса бо мақсади бо оби нӯшоӣ таъмин кардани аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ 110 лоиҳаи сармоягузориро таҳия карда, ба вазорату идораҳои дахлдор барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ пешниҳод кардааст.
Ҷамшед Табарзода, директори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», гуфт, ки ҳоло бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти соҳа, аз ҷумла, обтаъминкунию канализатсияи шаҳру ноҳияҳо, сармояи институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ҷалб гардидааст ва татбиқи 3 лоиҳаи инвеститсионӣ - «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимол - 1», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлон, марҳилаи 2» ва «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимол - 2» идома дорад. Дар ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои мазкур насби 18380 метр лӯлаҳои полиэтилении қутрашон аз 63 то 400 мм, сохтмони ду ҳавзи оби нӯшоӣ, ду пойгоҳи обкашӣ, се иншооти безараргардонӣ,  ду гузаргоҳ, 670 метр хати интиқоли барқ, пармакунии панҷ чоҳи амудӣ, насби чор обкаши горизонталӣ, ду трансформатор, барқарорсозии ду такшонгоҳ ва деворбандии 282 метри атрофи обанбор ба анҷом расида, корҳои дигар идома доранд.
Маркази идораи лоиҳаҳои рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ «Обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳот» - ро ба маблағи 58 миллион доллари ИМА амалӣ менамояд. Лоиҳа барои беҳтар кардани вазъи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳот нигаронда шуда, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Левакант, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеи  вилояти Хатлон  татбиқ мегардад.
Роҳандозии лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳот» аз ҷумлаи тадбирҳое мебошад, ки дар доираи татбиқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» амалӣ мешаванд. Баъди ба анҷом расидани лоиҳа, иловатан аз 180 ҳазор то 200 ҳазор нафар аҳолии деҳот ба оби нӯшоӣ дастрасӣ пайдо мекунад.
Барои сохтмон, барқарорсозӣ ва рушди соҳа аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 26,5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
- Роҳбарият ва кормандони КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари вақт амалӣ созанд ва ба мардум хизмати арзандаи замонавӣ расонанд, - гуфт Ҷамшед Табарзода.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2020    №: 154 - 155    Мутолиа карданд: 1159
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед