logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. ВАҚТЕ ЗАМИН ОҚИЛОНА ИСТИФОДА МЕШАВАД...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли равон дар мулоқот бо роҳбарону сокинони вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар шароити пандемияи коронавирус ва вазъи номуайяни иқтисодии ҷаҳон тақвият додани корҳо дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, истифодаи самараноки ҳар як порча замин, гирифтани ду - се ҳосил ва ташкили захираи дусолаи озуқавории ҳар як оилаи кишвар ниҳоят муҳим мебошад.
Сарвари  давлат дастур доданд, ки кишоварзон истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан заминҳои президентӣ, ташкили гармхонаҳо ва баланд бардоштани маданияти заминдориро тақвият бахшанд, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки бо ҷалби соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба роҳ мондани усулҳои интенсивии истеҳсолоти кишоварзӣ, пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир, махсусан баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, чораҳо андешанд.
Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки бо истифода аз захираву иқтидорҳои кишвар барои бамаротиб афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти соҳа имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Тадриҷан зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, таъмини саноат бо ашёи хом ва соҳаи чорводорӣ бо хӯроки серғизо вазифаи асосии кишоварзон мебошад ва он аз истифодаи оқилонаи заминҳои корам вобастагӣ дорад.
Шароити обию иқлимии минтақаҳои ҷумҳурӣ гуногун аст. Ин гуногунии минтақаҳои зироаткори ҷумҳурӣ моро водор мекунад, ки интихоби зироат ва истифодаи технологияи муосири самараноки заминро бо мақсади рӯёндани 3 – 4 ҳосил дуруст ба  роҳ монем. Дар ин ҳолат имконият пайдо мешавад, ки аҳолии кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ пурра таъмин гардида, қисми дигари маҳсулоти истеҳсолшуда содирот шавад.
Натиҷаи таҳқиқоти илмии олимони соҳаи кишоварзӣ нишон медиҳад, ки заминҳои обии минтақаҳои пахтакори ҷумҳурӣ имконияти дар як мавсим 3 – 4 ҳосил доданро доранд. Барои ин интихоби дурусти зироат ва парвариши навъҳои серҳосилу тезпази зироатҳои кишоварзӣ муҳим аст.  Пеш аз ҳама, бояд истеҳсоли тухмии баландсифати зироат зиёд карда шавад. Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, мутахассисон - агрономҳо ва фермерону иҷоракорон бояд нақшаи истеҳсоли солонаи муайяне тартиб диҳанд, ки дар он оид ба истифода бурдани навъҳои тезпази зироатҳо, майдони кишт, тайёр намудани тухмӣ барои кишти такрорӣ, тарзи тайёр намудани замин, омода будани техникаҳои кишоварзӣ, миқдори зарурии нуриҳои маъданӣ, обмонӣ дар муҳлатҳои лозимӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосил ва ғайра маълумоти дақиқ инъикос ёфта бошад.

Саидҷамол САИДЗОДА, ноиби президенти
Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,
узви вобастаи АИКТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2020    №: 154 - 155    Мутолиа карданд: 833
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед