дигар
Иштироки Президенти кишвар дар анҷумани байнипорлумонии Тоҷикистону Русия
24 октябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи Анҷумани 3-юми байнипорлумонии «Тоҷикистон-Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар анҷумани мазкур шумораи зиёди сиёсатмадорон, намояндагони палатаҳои порлумонҳои ду кишвар, маъмуриятҳои минтақавӣ ва доираи васеи соҳибкорони Тоҷикистону Русия иштирок намуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни муносибатҳои имрӯзаи ду кишвар, ки дар соҳаи иқтисод ва савдо рушди бонизом касб намудаанд, изҳори қаноатмандӣ кард.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми мубодилоти мол байни Тоҷикистону Русия дар 5 соли охир се баробар афзуд ва имрӯз сарчашмаи 60 дар сади тамоми инвеститсияҳои хориҷииТоҷикистон аз Русия аст.
Аз густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар низ қаноатмандӣ зоҳир шуд, зеро ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон бо наздики 80 минтақаи Русия робитаҳои судбахши мустақим дорад.
Ҳамзамон бо ин Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки имконоти аз истифодаи тарафҳо дурмондаи ҳамкории иқтисодӣ ҳанӯз хеле зиёданд, «пеш аз ҳама дар аз худ кардани захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ ва уран».
Ба гуфти ӯ бисёр лоиҳаҳои калонҳаҷму пурманфиат мунтазири сармоягузорони хориҷӣ аст ва иштироки сармояи Русия дар онҳо дорои манфиати зиёд барои ҳар ду кишвар ва минтақа хоҳад буд.
Дар ифтитоҳи анҷуман ҳамчунин Раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Русия Сергей Миронов суханронӣ карда, устувории мавқеи сиёсии кишвари худро баҳри рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳа ва пеш аз ҳама ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид намуд.
Сергей Миронов густариши ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ ва уран аз самтҳои афзалиятнок маънидод кард.
Аз ҷониби ӯ ба нақши Тоҷикистон дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва муттаҳидсозии имконоти муштарак дар доираи ИДМ ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 41896