logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

8 000 ДОЛЛАР
Омӯзгор барои қаллобӣ дастгир шуд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгир шудани Мунира Негматова, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, хабар дод, ки барои ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил намудани хеши шаҳрванд «А» бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ 8 000 доллари ИМА талаб намудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Мунира Негматова 27 апрели соли 2020 дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 8000 доллар дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.
Вобаста ба ин, нисбат ба М. Негматова бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

СИЛСИЛАҚАЛЛОБӢ
ба маблағи махсусан калон
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 47-сола, сокини шаҳри Душанбе, муроҷиат намуд, ки моҳи марти соли 2014, дар шаҳри Душанбе марди 31-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 247 –и  Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 102500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Тавре дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад, гумонбар бо ҳамин роҳ ба боварии марди 29 - солаи сокини дигари шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ барои тиҷорат 63 ҳазору 837 доллар гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

ДУЗДИИ ЧОРВО
Гумонбарон ба даст афтоданд
Ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ сокини 65-солаи деҳоти Ваҳдати ноҳия муроҷиат намудааст, ки 23 июли соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди чарогоҳи деҳоти мазкур як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Маблағи зарар 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 29 ва 43 - солаи сокинони ҳамин ноҳия, инчунин, сокини 19 - солаи ноҳияи Темурмалик бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир шуданд.
Ҳамчунин, номбурдагон бо ҳамин роҳ 31 июли соли равон, аз заминҳои хоҷагии деҳаи Гулистон як сар чорвои калони шохдори дигарро низ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расондашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2020    №: 156    Мутолиа карданд: 887
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед