logo

суханрониҳо

Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз, 19 августи соли 2020

Ҳамватанони азиз!
Ҳангоми сафар ба ноҳияи хушманзараи Дарвоз ва мулоқот бо шумо - сокинони заҳматпешаву меҳмондӯсти ин диёри зебо яке аз хислатҳои деринаву писандидаи халқамон - эҳтирому меҳрубонӣ ва самимияти хоссаи тоҷиконаро ҳамеша эҳсос менамоям.
Мо дар ҷараёни сафарҳои кории солҳои гузашта даҳҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, яъне натиҷаи заҳмати содиқонаи мардуми ноҳияро ба истифода супурдем, ки онҳо симои на танҳо маркази ноҳия, балки деҳоти онро низ куллан тағйир дода, ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии сокинони ноҳияи Дарвозро хеле беҳтар гардонданд.
Имрӯз низ мо дар маросими ба истифода супурдани чандин иншооти навбунёд, аз ҷумла корхонаи коркарди хокаи мармар дар деҳаи Вишхарв, оғози сохтмони канали обёрӣ дар мавзеи Дашти Луч, боғи фарҳангу фароғат дар деҳаи Умарак, парки инноватсионӣ бо корхонаи коркарди асал, истеҳсоли маводи безараргардонӣ, либоси муҳофизати фардӣ ва гармхона, инчунин, як қатор биноҳои маъмурӣ иштирок карда, санги асоси бунёди мактаби президентиро гузоштем.
Ҳамаи иншооту биноҳои зикршуда аз вусъати бомароми корҳои ободониву бунёдкорӣ ба хотири истиқболи шоистаи Ҷашни муқаддасу бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи сокинони бонангу номуси ноҳияи Дарвоз ва соҳибкорону шахсони саховатпеша, ки дар ободии диёри худ саҳми арзанда гузошта истодаанд, самимона арзи сипос менамоям.
Дар ноҳия барои истиқболи санаи мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду азнавсозии 38 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 20 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Бовар дорам, ки то ҷашни таърихии Ватани маҳбубамон иншооту биноҳои боқимонда низ бо сатҳу сифати баланд ва бо дарназардошти анъанаҳои меъмории миллӣ бунёд ва ба истифода супурда мешаванд.
Бояд гуфт, ки барои рушди ноҳияи Дарвоз дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби Буҷети давлат зиёда аз як миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст. Дар ин давра аз ҳисоби 10 лоиҳаи давлатии сармоягузории дар ҳудуди ноҳия татбиқшуда қариб 900 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст. Дар зарфи 29 соли истиқлол дар ноҳия 230 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи беш аз 420 миллион сомонӣ бунёду азнавсозӣ гардидааст. Танҳо соли 2019 дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 19 иншооти гуногун, аз ҷумла 5 муассисаи таълимӣ ба маблағи умумии беш аз 17 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супурда шудааст.
Дар 10 соли охир аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ноҳия ба маблағи 41 миллион сомонӣ 16 иншоот, аз ҷумла 11 муассисаи таълимӣ бунёду таҷдид гардидааст. Қобили зикр аст, ки соли гузашта нақшаи воридоти андозу пардохтҳо дар ноҳия 135 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105 фоиз ё аз нақша 2,8 миллион сомонӣ зиёд иҷро гардидааст.
Соли ҷорӣ низ сокинони ноҳия самарабахш заҳмат кашида, то имрӯз нақшаи воридоти андозу пардохтҳоро ба андозаи 129 фоиз иҷро кардаанд, ки қобили таҳсин мебошад.
Бо вуҷуди ин, роҳбарону масъулони ноҳия ва соҳибкоронро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати афзун намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, беҳтар гардондани фазои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва бо ҳамин роҳ таъсис додани ҷойҳои кории нав тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Дар ноҳия то оғози моҳи июли соли ҷорӣ 700 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз зиёд мебошад. Дар баробари ин, зикр бояд кард, ки муҳлати иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2015-2019 ба анҷом расидааст ва тибқи таҳлилҳо аз 217 лоиҳаи ба нақша гирифташуда корҳо дар ҳаҷми 196 миллион сомонӣ ба анҷом расонда шудаанд, ки он ҳамагӣ 60 фоизро ташкил медиҳад. Бинобар ин, роҳбарони ноҳия дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорон ва аҳолӣ доир ба иҷрои пурраи барнома бояд тадбирҳои иловагӣ ва фаврӣ андешанд.
Хотирнишон месозам, ки захираву имкониятҳои ноҳияи Дарвоз дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ хеле зиёд буда, истифодаи самараноки онҳо имкон медиҳад, ки ҳазорҳо ҷойи кории нав таъсис дода, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ боз ҳам беҳтар карда шавад.
Ҳоло дар ноҳия чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ шуда истодааст ва маблағи азхудгардидаи онҳо 75 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳаи рушди соҳаи маориф бунёди муассисаи таълимии рақами 41 дар деҳаи Паткуноби ноҳия пурра ба анҷом расида, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 340 ҷойи нишаст дар деҳоти Сағирдашт идома дорад, ки то охири соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
Бояд зикр намуд, ки лоиҳаҳои калонҳаҷми аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди ноҳия амалишудаистода асосан, ба бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард равона шудаанд. Аз ҷумла, дар доираи таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Душанбе - Кулма соли гузашта лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаихумб (деҳаи Шкев - шаҳраки Қалъаихумб) оғоз гардида, ҳоло дар он 145 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидааст.
Имрӯзҳо корҳои сохтмон аз километри 1-ум то километри 27-ум идома дошта, қариб 1 миллион метри мукааб корҳои заминӣ иҷро ва сохтмони 2 пул оғоз ёфтааст. Аз оғози татбиқи лоиҳа зиёда аз 70 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Умуман, роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаихумб масофаи 170 километрро дар бар гирифта, қитъаҳои Шкев – Зиғар ба масофаи 38 километр ва ба маблағи 320 миллион сомонӣ, Шоҳон – Зиғар 34 километр ба маблағи 510 миллион сомонӣ, Шӯрообод – Шоҳон 40 километр бо арзиши 930 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супурда шудаанд. Яъне 112 километр роҳи масири Кӯлоб – Қалъаихумб ба маблағи умумии қариб 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Баъди ба истифода додани қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ, ки бунёди он то охири соли ҷорӣ оғоз мегардад, ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти боркаш, масофаи роҳ ва ҳамлу нақли молу маҳсулоти ниёзи мардум дар ин шоҳроҳи мушкилгузари ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хеле осон ва кӯтоҳ мегардад.
Имрӯзҳо бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бомаром  идома  дорад. Ҳоло дар ноҳия 7 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо соли гузашта нисбат ба соли 2018 ду баробар ва дар 6 моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 2 баробар зиёд маҳсулот истеҳсол шудааст.
Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки гарчанде солҳои охир дар соҳаи саноати ноҳия пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд, вале имкониятҳои ноҳия дар рушди соҳа ҳанӯз хеле зиёданд.
Мавҷудияти захираҳои фаровони ашёи хоми маҳаллӣ ва афзоиши рӯзафзуни талабот ба маводи ғизоӣ моро водор месозад, ки бо ворид намудани технологияҳои муосир ва бунёди корхонаҳои нав истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти саноати сабук ва хӯроквориро, таъмин намоем.
Ноҳия дорои захираҳои зиёди ашёи хом, махсусан захираҳои табиӣ буда, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳудуди он ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва воридоти маблағҳои иловагӣ ба буҷети ноҳия мусоидат мекунад.
Ҷиҳати коркарди санги мармар дар ноҳия корхонаи “Карон - мрамор” ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар соли 2019 ба маблағи 113 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Дар нимсолаи аввали соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхона назар ба ҳамин давраи соли гузашта 57 фоиз афзудааст. Лекин корхонае, ки мо соли 2013 зимни сафари корӣ бо ҷараёни сохтмони он дар мавзеи Даштак шинос шуда будем ва бояд аз мармари сафед ва сурх 15 намуд маҳсулот истеҳсол менамуд, бо сабабҳои норасоии маблағҳои гардон аз фаъолият бозмондааст.
Дар иртибот ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин, соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои истеҳсолиро зарур аст, ки бо истифода аз захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ ҷиҳати таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти муназзами иқтидорҳои истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саридораи геология ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия бояд ҷиҳати ба кор андохтани кони ангишти Равнов, ба роҳ мондани корҳои иктишофӣ ва истихроҷи маъданҳо чораҷӯӣ намоянд. Бо дарназардошти он, ки ҳаҷми қарзҳои додашуда дар ноҳия дар дую ним соли охир 11,6 миллион сомонӣ ва ба ҳолати 1 июли соли 2020 ҳамагӣ 2,4 миллион сомониро ташкил кардааст, ба масъулон зарур аст, ки дар самти афзоиши ин нишондиҳанда ва таъмини соҳибкорон бо воситаҳои молиявӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳукумати кишвар ба масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун омили муҳими ба шуғл фаро гирифтани сокинони мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Вале бояд гуфт, ки иҷро нагардидани дурнамо ҳам соли гузашта ва ҳам аз аввали соли ҷорӣ дар аксари бахшҳои соҳаи кишоварзии ноҳияи Дарвоз мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 28 фоиз ва дар 6 моҳи соли 2020 маҳсулоти растанипарварӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 фоиз коҳиш ёфтааст, ки андешидани тадбирҳои фавриро тақозо менамояд.
Ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои мавзеи Дашти Луч имконияти ноҳияро дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дучанд мегардонад ва масъулон дар ин самт бояд корҳои амалиро ба роҳ монанд. Бунёди канали обгузар, ки мо имрӯз санги асоси онро гузоштем, барои ҳалли ҳамин масъала равона шудааст.
Иқлими ноҳия имконият медиҳад, ки боғдорӣ, махсусан зиёд намудани парвариши себу нок, инчунин, занбӯриасалпарварӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳаҳои афзалиятноки ноҳия табдил дода шаванд. Ин иқдом, дар навбати худ, боиси афзудани ҳаҷми истеҳсоли мева, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани некуаҳволии сокинон мегардад.
Вале аз таҳлилҳо бармеояд, ки вазъи иҷрои барномаву нақшаҳо ва супоришҳои дар ин самт додашуда ҳанӯз қаноатбахш нест. Зеро супоришҳои дар сафарҳои қаблӣ додашуда, махсусан вобаста ба азхудкунии заминҳо пурра иҷро нагардидаанд. Ҳамзамон бо ин, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 1,5 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се баробар кам мебошад.
Масъулони соҳаро зарур аст, ки илова ба татбиқи саривақтии барномаҳои соҳаи кишоварзӣ, инчунин, ба нигоҳубину парвариши боғҳои бунёдгардида таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд ва ҷиҳати зиёд кардани майдони кишти зироатҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
Дар натиҷаи дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат ва амалисозии ислоҳоти соҳаи маориф вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия сол ба сол беҳтар шуда истодааст.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки то ҳол дар соҳаи маорифи ноҳия баъзе масъалаҳои ҳалталаб ба мушоҳида мерасанд.
Дар ҳолати садамавӣ қарор доштани шаш муассисаи таълимӣ, норасоии омӯзгорони баландихтисоси забонҳои хориҷӣ, кабинетҳои фаннӣ ва таъмирталаб будани толору майдончаҳои варзишӣ аз мушкилоти асосии муассисаҳои таълимӣ мебошанд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд. Инчунин, шароиту имкониятҳои истироҳатгоҳи Сағирдашт ба талабот ҷавобгӯй набуда, ба таъмиру муҷаҳҳазгардонӣ ниёз дорад.
Вазорати маориф ва илм, роҳбарони вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати таъмиру таҷҳизондани истироҳатгоҳи зикршуда, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва ташкили марказҳои инкишофи кӯдакон чораҷӯӣ намоянд. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки имрӯз илова ба меҳмонхонаҳои замонавӣ дар чил хонаи сокинони ноҳия барои қабули сайёҳон шароити хуб муҳайё карда шудааст.  Зарур аст, ки ин таҷриба ва ташаббус дар ноҳияҳои дигари вилоят амалӣ карда шавад.
Ҳамватанони азиз!
Мехоҳам бо ифтихор иброз намоям, ки дар пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистони азизамон садҳо нафар фарзандони обрӯманди ноҳия хизматҳои шоиста анҷом додаанд.
 Имрӯз корномаи онҳоро шогирдону дастпарварони онҳо, яъне афроди ватандӯст ва бонангу номус дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ноҳия ва кишвар идома дода, ба хотири пешрафту ободии Ватани маҳбубамон содиқона хизмат карда истодаанд.
Аз ин хотир, вазифаи роҳбарону фаъолони ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадор аз он иборат аст, ки минбаъд низ мардум ва, хусусан, ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, ба иҷрои амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон роҳнамоӣ кунанд.
Ҳамчунин, бо истифода аз ҳузури намояндагони мардуми ноҳия бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҳар шахс бояд ба риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва иҷрои маслиҳату тавсияҳои мутахассисон бояд ҷиддӣ муносибат намояд. Зеро саломатии ҳар як инсон, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст.
Рӯз аз рӯз беҳтар шудани шароит ва сатҳи зиндагии мардум, болоравии масъулияти ватандориву ватансозии сокинони мамлакат, аз ҷумла мардуми ноҳияи Дарвоз, моро умедвор месозад, ки танҳо бо ваҳдату ҳамбастагӣ ва заҳмати созандаву содиқона ба рӯзҳои аз ин ҳам нек мерасем ва Ҷашни бузурги миллиамон - 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзанда ва дар шароити боз ҳам ободу осуда таҷлил мекунем.
Итминон дорам, ки мардуми ҳимматбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Дарвоз дар оянда низ ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати созандаи хеш барои ободу зебо гардондани Тоҷикистони маҳбубамон ва мустаҳкам гардидани пояҳои давлати миллиамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Ба ҳамаи шумо хушбахтиву хушрӯзӣ, хонаи обод ва барори кор мехоҳам.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2020    №: 158 - 159    Мутолиа карданд: 2554
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед