logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

ДАРВОЗ
Ифтитоҳи боғи фарҳангию - фароғатӣ
19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи зебои ноҳияи Дарвоз боғи нави фарҳангӣ - фароғатиро мавриди истифода қарор доданд.
Боғи муосир аз ҷониби 11 нафар соҳибкори ватандӯсти ноҳияи Дарвоз дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни умумимиллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат бунёд шудааст.
Тибқи лоиҳа маркази зебо ҳамчун боғи кӯдакона барои истироҳату фароғат ва омӯзиши таърихи иншооти муҳими тамаддуни башарӣ, инчунин тарбияи эстетикии кӯдакону ҷавонон бунёд шудааст.
Дар даромадгоҳи боғ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонону наврасони саодатманди кишвар бо самимияти хосса ва садоқати бепоён аз Сарвари давлат истиқбол гирифтанд.
Дар ҳудуди боғ майдончаҳои бозии кӯдакона, атраксионҳо, қатора, муҷассамаи иншооти таърихии ба рӯйхати муъҷизаҳои олам воридгардида ва дигар марказҳои фароғатӣ бунёд шудаанд.
Дар корҳои ободонӣ мутахассисони ватанӣ ба кор ҷалб гардида, масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардидаанд.
Заминҳои ин мавзеъ дар вақти бунёди маркази фароғатӣ хеле хуб истифода шуда, табиати нотакрори кишварро таҷассум мекунанд.
Майдони ҳудуди боғ сабзазор карда шуда, барои хуррамгардонӣ дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонда шудаанд. Намои шабонаи боғ низ аз ҳисоби чароғҳои ранга хеле дилкашу зебо мебошад. Роҳравҳои ҳудуди боғ сафолакпӯш гардида, барои истироҳаткунандагон курсиҳо гузошта шудаанд.
Барои сайругашт ва фароғати кӯдакону наврасон 10 намуди атраксион насб гардидааст. Ҳудуди боғро фаввораҳои хурду бузург зебу зинат бахшида, ба ин марказ ҳусни дигар зам мекунанд.
Бо бунёди боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дарвоз барои сокинону меҳмонон имкони мусоиди истироҳату фароғат муҳайё гардида, аз фароҳам шудани чунин имконият кӯдакону наврасон рӯҳбаланд мебошанд.

Ифтитоҳи меҳмонхонаи муосири “Чорчаман Хилс” дар истироҳатгоҳи “Чорчаман”
Баъди гузоштани санги асос барои бунёди мактаби президентӣ дар  ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳ ҳангоми ҳаракат ба сӯи истироҳатгоҳи “Чорчаман” бо як гурӯҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом доданд.
Сокинони минтақаи наздисарҳадии кишвари ҳамсоя Пешвои миллатро ба ноҳияи Дарвоз самимона хайрамақдам гуфта, барои имкони дидору мулоқот изҳори сипоси беандоза карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳову ташаббусҳо ва масъалагузорию иқдомҳои созанда бар нафъи аҳли башар дар арсаи олам шинохта шудаанд ва шаҳрвандони кишвари ҳамсоя зимни суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон барои ҳалли мушкилоти рӯзгорашон, аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ, неруи барқ, алоқа, набудани роҳи мошингард ва дигар камбудиҳои ҷойдошта, муроҷиат карданд.
Мавриди зикр аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати бобарори хориҷии Ҳукумати мамлакат ва дар чаҳорчӯбаи робитаҳои гуногунҷанба дар болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон пулҳои дӯстӣ бунёд кардаанд. Бо сохтмони ин пулҳо рафтуомади бемамониати шаҳрвандони ду кишвар оғоз шуда, бозорҳои наздисарҳадӣ ташкил гардиданд, ки сокинони ду тарафи соҳил аз он барои таъмини эҳтиёҷоти зиндагии хеш бо молу маҳсулоти ниёзи аввал самаранок истифода мебаранд.
Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сатҳи кунунии ҳамкории судманди ду кишвари дӯст, ҳамҷавор, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистону Афғонистон ибрози андеша карда, таъкид доштанд, ки ҳамаи мушкилиҳо дар доираи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо мекунанд.
 Шаҳрвандони кишвари ҳамсояи Афғонистон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имкони мулоқот ва нақшаву ниятҳои нек баҳри истиқрори сулҳ дар Афғонистон, дарёфти роҳҳои рушди иқтисоди миллии давлати дӯсту ҳамсоя ва дигар иқдомҳои башардӯстона бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истироҳатгоҳи «Чорчаман» меҳмонхонаи наву замонавии “Чорчаман Хилс” - ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба хотири ободии як гӯшаи диёр, ҷалби сайёҳон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
 Меҳмонхонаи сеошёна аз 25 ҳуҷра иборат буда, баъди бунёди он дар ин ҷо то 20 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ таъмин гардид.
Тамоми таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимоти меҳмонхона, инчунин, хизматрасонӣ ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин шудааст.
Меҳмонхонаи “Чорчаман Хилс” дар як гӯшаи зебои истироҳатгоҳ бо тарҳи замонавии меъморӣ бунёд гардидааст.
Мақсади асосии сохтмони меҳмонхона ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Меҳмонхонаи “Чорчаман Хилс” дорои хизматрасониҳои васеъ буда, аз ҷумла барои саёҳати меҳмонон ба ҷойҳои тамошобоб, пешбинӣ гардидааст.

Ифтитоҳи парки инноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз
19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Дуробаи ноҳияи Дарвоз парки инноватсионии саноатию технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар парк ду гармхона бо муосиртарин технология, 6 коргоҳи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли маҳлулҳои зиддиуфунӣ, ниқоб, либос ва айнакҳои муҳофизатӣ, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан, коргоҳи коркард ва бандубасти асал ва истеҳсоли картон ба фаъолият оғоз намуда, беш аз 100 нафар соҳиби ҷойи кор гардид. 70 фоизи коргаронро занону духтарони хонанишин ташкил медиҳанд.
Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаҳои муосири инноватсионӣ, ки бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар шароити кӯҳистон сохта шудаанд, муаррифӣ гардиданд.
Парки инноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз дар доираи иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи 4-уми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, ба роҳ мондани усулҳои нави парвариши ниҳоли дарахтони ситрусӣ ва сабзавот дар заминҳои сангзор, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби шарикони рушд бунёд ёфта, дорои шароити хуби кору хизматрасонӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини доимии сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар масоҳати беш аз 30 садяк ду гармхонаи замонавӣ бунёд ёфтааст, ки бо муосиртарин технологияи истеҳоли Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия ва Ҳолландия муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Дар гармхонаҳо аслан қувваи корӣ кам истифода гардида, сабзавот дар нурии махсус шинонда мешавад. Дигар амал, аз ҷумла муътадил нигоҳ доштани ҳарорати ҳавои дохили гармхонаҳо, обмонӣ бо усули қатрагӣ, нурӣ ва ғизодиҳӣ ба воситаи технологияи ҷадид, автоматӣ анҷом дода мешаванд, ки ин нахустин таҷриба дар ноҳияи Дарвоз мебошад.
Президенти мамлакат ба олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин, баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулот ва зиёд намудани номгӯи зироатҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар навбати аввал дар ин ҷо 3 ҳазору 600 кӯчати 3 намуди сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг ва булғорӣ бо усули нав парвариш ёфтааст, ки айни ҳол нашъунамои хуб доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро дар бунёди иншооти замонавӣ, ҷалби шарикони рушд ва ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи якдигар дар соҳаи кишоварзӣ намунаи ибрат хонда, барои идомаи тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар шудани шароити зисту зиндагонии мардум дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Баландии гармхонаҳо 9 метрро ташкил дода, болои он ба таври автоматӣ кушода ва маҳкам мешавад. Қабати болоии гармхонаҳо бо системаи махсуси худидоракунӣ пайваст буда, дохили иншоотро дар фасли зимистон бо гармӣ ва дар фасли тобистон бо сардӣ таъмин менамояд. Ҳамзамон, дорои қабати махсуси муҳофизатӣ аст, ки обҳои бухоршударо дар ҳарорати баланди гармӣ нигоҳ медорад.
Мутахассисон барои таҷриба дар як қисми гармхона ниҳолҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимӯ, афлесун, мандарин ва 4 адад ниҳоли кивиро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастрас кардаанд ва ҳосилнокӣ низ хуб аст. Дар қисми дигари гармхонаи муосири шишагин бо усули чинӣ 1 ҳазору 232 кӯчати помидору бодиринг ва булғориро парвариш намуданд, ки аз рӯи хулосаи мутахассисон ояндаи наздик ҳосили хуб ба бор меоранд.
Иншооти мазкур дар кӯтоҳтарин муҳлат бо ҷалби беш аз 200 нафар коргари маҳаллӣ дар масоҳати умумии 2 гектар сохта шуда, гирду атрофи он дар доираи корҳои ободонӣ мумфарш ва гулкорӣ гардидааст.
Солҳои охир бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табобату пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсоли маҳлулҳои зиддиуфунӣ, ниқоб, айнак ва либосҳои муҳофизатӣ ба истифода дода шуда, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо ин восита беҳтару хубтар гардид.
Ба кор андохтани коргоҳи нави маҳлулҳои зиддиуфунӣ, ниқоб, айнак ва либосҳои муҳофизатӣ дар ноҳияи Дарвоз шаҳодати гуфтаҳои боло буда, минбаъд низ дар доираи иқдомҳои созанда тадбирҳои ободонӣ низ дар ин самт боз идома дода мешаванд.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳи мазкур истеҳсоли Ҷумҳурии Туркия буда, дар он ду намуди маҳлули антисептикӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол мегардад. Дар ду хати истеҳсолии коргоҳ сокинони маҳаллӣ баъди омӯзишу аз худ кардани технология соҳиби ҷойи кор гардида, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз 10 тонна маҳлули зиддиуфунӣ буда, ояндаи наздик бо ворид гардидани дастгоҳҳои муосир истеҳсоли боз 12 намуд маводи доруворӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ ба роҳ монда мешавад. Зарфҳои махсуси маҳлулҳои антисептикии аз 50 грамм то 5 литр аз хориҷи мамлакат дастрас гардида, бо истифода аз технологияи пешрафта ва тарҳи хело зебо банду баст карда мешаванд.
Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи 4-уми миллӣ қабул гардида, дар татбиқи ин ҳадафи муҳими стратегӣ соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Зимни муаррифӣ дар коргоҳи истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва либосҳои муҳофизатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки бо назардошти вазъияти баамаломадаи минтақа ва ҷаҳон иқтидори истеҳсолии ин намуди маҳсулотро барои таъмини доимии беморхонаю сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд намоянд. Ниқобҳои тиббӣ дар коргоҳи мазкур аз 3 қабати матои махсус иборат буда, ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошанд. Дар як шабонарӯз дар ин хати истеҳсолӣ 24 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол мегардад. Дар сурати зиёд шудани талабот корхона имкон дорад, ки иқтидори истеҳсоли ниқоби тиббӣ ва либоси муҳофизатиро зиёд ва талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоятро қонеъ гардонад. Дастгоҳу технологияи коргоҳи истеҳсоли ниқоб ва либоси муҳофизатӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, маҳсулот баъди аз санҷиши лабораторӣ гузаштани он барои истифода иҷозат дода мешавад.
Дар доираи тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ  дар парки инноватсионӣ истеҳсоли 3 намуди маҳсулоти тиббӣ, аз ҷумла маҳлулҳои зиддиуфунӣ, ниқоб ва айнакҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст, ки маҳсулот дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамзамон, ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, содирот карда мешавад.
Маврид ба таъкид аст, ки қабул ва мавриди амал қарор гирифтани барномаҳои муҳими соҳавӣ ва муқаррар гардидани имтиёзҳои мусоиди давлатӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ имконият фароҳам сохт, ки соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз сабукиҳои пешбинишуда дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас гузоранд.
Айнакҳои тиббӣ ва муҳофизатӣ, ки то имрӯз аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуданд, бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи муосири истеҳсолӣ дар Тоҷикистон мушкилоти мавҷуда сари вақт бартараф гардида, талаботи аҳолӣ аз ҳисоби корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ қонеъ карда мешаванд. Дар ин ҷо бо назардошти талабот ду намуди айнак - айнаки тиббӣ барои табибон ва айнаки муҳофизатӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ истеҳсол гардида, ба беморхонаҳо ва сокинон пешниҳод карда мешавад.
Айни ҳол дар ин хати истеҳсолӣ сокинони маҳаллӣ, хосса занону духтарони хонашин, ба кор ҷалб гардида, дар асоси дархост айнакҳои муҳофизатӣ ва тиббиро бо истифода аз технологияи муосир истеҳсол менамоянд. Иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз наздики 50 ҳазор дона айнакҳои тиббӣ ва муҳофизатӣ мебошад.
Барои ҷавобгӯй будани маҳсулот ба стандартҳои байналмилалӣ дар назди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ лабораторияҳои озмоишӣ таъсис ёфта, маҳсулот қабл аз ба муомилот баровардан аз санҷиш гузашта, баъдан барои истифода пешниҳод мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар парки инноватсионии саноатию технологӣ, ҳамзамон, аз коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан, ки бо истифода аз технологияи пешқадами Ҷумҳурии Туркия коркарду истеҳсол мегарданд, шинос шуданд.
Коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан дар ноҳияи Дарвоз ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бунёд ёфта, дар заминаи ин иқдом захираҳои бузурги обӣ самаранок истифода мегарданд.
Оби чашма ба корхона аз масофаи 1 километр бо лӯлаҳои қутрашон гуногун оварда шуда, дар зарфҳои аз 0,5 то 5 - литра омода мешавад. Маҳсулот ба пуррагӣ ивазкунандаи воридот буда, оянда дар баробари таъмини аҳолӣ ба хориҷи мамлакат низ содирот карда мешавад.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур ба пуррагӣ талаботи аҳолиро қонеъ карда метавонад ва бо назардошти афзун гардидани талабот имкон аст, ки истеҳсолот зиёд ва ҷойҳои нави корӣ низ таъсис дода шаванд.
Дар ин ҷо корхонаи коркард ва бандубасти асали аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ҳам ба роҳ монда шудааст. Соҳибкор бо мақсади васеъ намудани маҷмӯи маҳсулот, таъмини рақобатпазирӣ ва мутобиқ ба талаботи бозори байналмилалӣ истеҳсол кардани он коркарди асалро бо омехтаҳои гуногуни тароватбахш ба роҳ мондааст.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ашёи хом асали табиӣ буда, аз занбӯриасалпарварони маҳаллӣ дар асоси шартнома харид мешавад. Баъд аз тоза кардани асал аз омехтаҳо маҳсулоти коркардшуда ба зарфҳои шишагии ҳаҷмашон гуногун ҷой дода мешавад.
Масъулон нақша доранд, ки дар доираи шартнома ҷиҳати рушди соҳа ва зиёд намудани иқтидори он ба занбӯрисалпарварони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қуттиҳои занбӯри асалро харид ва дастрас намоянд, ки ин иқдом воситаи асосии худтаъминкунӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ мегардад.
Маҳсулоти корхона ба содироту қонеъ кардани эҳтиёҷоти аҳолӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахона ва марказҳои табобатӣ нигаронда шудааст. Айни ҳол коргоҳи мазкур бо иқтидори 650 килограмм дар як соат маҳсулотро коркард ва бандубаст менамояд. Дар ин хати истеҳсолӣ дар баробари коркарди босифати асали ватанӣ боз имкон аст, ки намудҳои гуногуни маҳсулоти консерв ба роҳ монда шавад.
Барои бандубаст ва бо стандартҳои байналмилалӣ пешниҳод намудани маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар қисми дигари бино хати истеҳсоли картон васлу насб гардидааст, ки дар ин ҷо маҳсулоти мазкур бо андозаҳои гуногун истеҳсол мегардад. Баъд аз истеҳсоли 5 намуди маҳсулот дар парки инноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз маҳсулот ба нуқтаи ниҳоӣ расида, бо истифода аз технологияи муосир бандубаст ва ба харидорон ба воситаи мошинҳои махсус пешниҳод карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити ҳуҷраҳои кории кормандони парк, ки дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир мебошанд, шинос шуданд.
Барои кормандони корхона дар доираи иқдомҳои созанда шароити мусоиди корӣ муҳайё гардида, ҳар кадоми онҳо бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин мебошад. Дар ин ҷо ба Сарвари давлат муосиртарин технология, ки дар шароити кунунӣ барои гузарондани видеоконфронсҳои мустақим муҳиму саривақтӣ аст, муаррифӣ гардид.
Технологияи нави воридгардида истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, барои назорати доимӣ ва гузарондани видеоконфронсҳои мустақим пешниҳод мегардад. Минбаъд дар доираи нақша ва дар заминаи шартнома чунин мониторҳои замонавӣ, ки тавоноияшон барои гузарондани чорабиниҳо осон ва қулай аст, ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастрас карда мешаванд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз
Нимаи дуюми рӯзи 19 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинон мулоқот карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарм ва самимияти хоссаи мардуми заҳматпешаву меҳмондӯсти ин диёри зебо изҳори сипос намуданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат дар бораи ифтитоҳи яқ қатор иншооти муҳим ва оғози корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоот сухан ронда, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳоро аз вусъати бомароми корҳои ободониву бунёдкорӣ ба хотири истиқболи шоистаи Ҷашни муқаддасу бузурги сисолагии Истиқлолияти давлатӣ маънидод карданд.
Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Дарвоз барои истиқболи санаи муборак бунёду азнавсозии 38 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 20 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки то ҷашни таърихии Ватани маҳбубамон иншооту биноҳои боқимонда низ бо сатҳу сифати баланд ва бо назардошти анъанаҳои меъмории миллӣ бунёд ва ба истифода супурда мешаванд.
Зимни таҳлили вазъи воқеии иқтисодию иҷтимоии ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулони ноҳия ва соҳибкоронро вазифадор карданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати афзун намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, беҳтар гардондани фазои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва бо ҳамин роҳ таъсис додани ҷойҳои кории нав тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Имрӯзҳо бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бомаром идома дорад. Ҳоло дар ноҳия 7 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо соли гузашта нисбат ба соли 2018 ду баробар ва дар 6 моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 2 баробар зиёд маҳсулот истеҳсол шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон карданд, ки гарчанде солҳои охир дар соҳаи саноати ноҳия пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд, вале имкониятҳои ноҳия дар рушди соҳа ҳанӯз хеле зиёданд.
Дар иртибот ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин, соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ вазифадор шуданд, ки бо истифода аз захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ ҷиҳати таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти муназзами иқтидорҳои истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саридораи геология ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия супориш дода шуд, ки ҷиҳати ба кор андохтани кони ангишти Равнов, ба роҳ мондани корҳои иктишофӣ ва истихроҷи маъданҳо чораҷӯӣ намоянд.
Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ҳимматбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Дарвоз дар оянда низ ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати созандаи хеш барои ободу зебо гардондани Тоҷикистони маҳбубамон ва мустаҳкам гардидани пояҳои давлати миллиамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шукргузори ноҳияи Дарвоз баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати кишвар барои таъмини зиндагии шоиста изҳори сипос карданд.

ВАНҶ
Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумию маҳсулоти кишоварзӣ
20 август сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Ванҷ идома ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатӣ роҳбарияти ноҳияи Ванҷ самимона истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат нахуст аз намоиши дастовардҳои кишоварзон ва ҳунарҳои дастии сокинони ноҳия боздид ба амал оварданд. Дар намоиш маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо заҳмату талошҳои деҳқонон аз заминҳои зархези ноҳия ба даст омадаанд, муаррифӣ гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии заминҳои корами ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 601 гектарро ташкил намуда, аз он масоҳати боғу себзор 1013, ғалладона 520, картошка 472, сабзавот 188 гектар ва боқимонда майдонҳои чарогоҳ ва алафзорро дар бар мегиранд.
Қобили тазаккур аст, ки кишоварзони ноҳия ҳамасола дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони боғоти меваҳои содиротиро афзун намуда, аз ин ҳисоб ҳосили фаровон ба даст меоранд. Дар ноҳия ба парвариши себу нок, зардолу, тут, чормағз, картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ бештар буда, ҳамасола заҳматкашон ҷиҳати амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ саъю талоши ҳамаҷониба менамоянд.
Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ 10 навъи себ, 5 навъи зардолу, 5 намуди тут, 3 навъи картошка, пиёз ва булғорӣ, 3 навъи карам, помидор, боимҷону бодиринг ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд.
Шарбату афшураҳое, ки бо истифода аз маҳсулоти тару тоза аз ҷониби сокинон дар шароити хона омода карда шудааст, як гӯшаи дигари намоишро зебу зиннат медоданд.
Зимни суҳбат бо кишоварзон Пешвои миллат ба онҳо ҷиҳати истифодаи мақсадноки ҳар порча замин ва гирифтани якчанд ҳосили фаровон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Кишоварзон дар навбати худ ваъда доданд, ки бо заҳмати аҳлона фаъолият намуда, ҷиҳати ба даст овардани ҳосили фаровони дилхоҳ маҳсулот ва таъмини сабади истеъмолии сокинон бо маҳсулоти тару тозаи аз лиҳози экологӣ тоза тамоми таҷрибаи худро равона месозанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастранҷи сокинон, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омода карда шудааст, боздид намуданд.
Бонувони чирадасти ноҳияи Ванҷ дар намоишгоҳ ҳунари ҷуробу шерозбофиро муаррифӣ намуданд.
Бояд таъкид намуд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакатро ҳунармандону дигар сокинони ноҳияи Ванҷ ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба рушд ва эҳёи ҳунару анъанаҳои қадимаи миллӣ таваҷҷуҳи хосса доранд. Ҳамин аст, ки сол ба сол таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши ҳунарҳои дастӣ афзоиш ёфта, истеҳсоли навъҳои гуногуни чунин маҳсулот зиёд мегардад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунари омода намудани таомҳои миллӣ, аз ҷумла палав, оши боқило, тайёр намудани далда, кадуи дампухт, таоми аз гӯшти бузу гӯсфанд омодашуда, қурутоб, оши бурида, муаррифӣ карда шуд. Таомҳои миллии тоҷикон дар олам бо таъму лаззати ба худ хос беҳамто мебошанд.
Ҳунарҳои халқӣ, аз қабили гаҳвораву, табақтарошӣ, ғалтак ва чӯбҳои ороишӣ, сохтани кат ва оҳангарӣ дар миёни сокинони ин гӯшаи Ватан ривоҷу равнақ ёфтаанд.
Ба Пешвои муаззами миллат нон ва дигар маҳсулоти нониву ширӣ, ки бо ҳунари баланди кадбонугӣ омода карда шудаанд, муаррифӣ гардиданд. Дар ин қисми намоиш бонувони ҳунарманд намунаҳои гуногуни нон, аз ҷумла нони калон ва хурд, чапотӣ, фатир, кулчаи гирдак, орзуқ ва дигар маҳсулоти нониву шириро манзур намуданд.
Манзараҳои зебову дилфиреби сайёҳии ноҳияи Ванҷ, дар як гӯшаи намоишгоҳ дар шакли аксу мусаввара ҷолиби диққат буданд.
Мутобиқи маълумот, бо фароҳам гардидани инфрасохтори соҳа сол ба сол шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин гӯшаи зебоманзари мамлакат афзоиш меёбад.
Намоиши мазкур гувоҳи равшани он буд, ки сокинони шарафманди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ сазовор таҷлил менамоянд.

Ифтитоҳи бинои маркази савдои “Ванҷ сити”
20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз намоиши дастовардҳои ҳунармандон ва кишоварзон бинои маркази савдои “Ванҷ сити”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, сохтмони он моҳи апрели соли 2019 оғоз гардида буд. Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Орзу Лашкаров дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бартараф намудани мушкилоти мардум дар самти хизматрасонии маишӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯйи меъёрҳои сохтмонӣ ба итмом расид. 
Масоҳати умумии иншоот 700 ва масоҳати зери сохтмон 264 метри мураббаъро ташкил намуда, дар шафати он фаввора бо шаклу усули замонавӣ сохта шудааст.
Ошёнаи якуми бино ҳамчун мағозаи фурӯши маҳсулоти гӯштӣ, қаннодӣ, меваву сабзавот, молҳои конселярӣ фаъолият намуда, фурӯши молҳои ниёзи мардум дар ошёнаи дуюми бино ҷой дорад.
Бо назардошти зиёд будани мавзеъҳои сайёҳӣ ва таваҷҷуҳи бештари сайёҳон ба ҷойҳои тамошобоби ноҳия ошёнаи сеюми бино чун меҳмонхона ба нақша гирифта шудааст.
Дар рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкур беш аз 20 нафар ба корҳои бунёдӣ ҷалб гардида, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 17 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардид.
Зимни боздид аз шарту шароити маркази савдои “Ванҷ сити” Сарвари давлат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иншооти мазкурро барои бартараф гардидани эҳтиёҷоти аҳолӣ дар самти хизматрасонӣ муҳиму саривақтӣ донистанд.
Бо мақсади зебову назаррабо гардидани атрофи бино масоҳати 400 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шудаанд. Чароғакҳое, ки дар атрофи бино насб шудаанд, шабона ба ҳусни атроф зебоӣ зам менамоянд.
Хурсандиовар аст, ки соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Ванҷ дар партави дастуру ҳидоятҳои бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳудуди ноҳия иншооти гуногуни ҳаётан муҳимро сохта ба истифода додаанд, ки дар натиҷа сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ беҳтар ва ҳусни ноҳия зеботар гардидааст.
Аснои шиносоӣ бо шарту шароити иншооти мазкур Пешвои миллат ба иқдоми соҳибкорони ноҳияи Ванҷ, ки дар шароити кӯҳистон чунин бинои наву замонавӣ сохтаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, иқдоми онҳоро намунаи ибрат хонданд.

Ифтитоҳи бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ
20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ бинои нави сеошёнаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷро ба истифода доданд.
Иншооти нав дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам сохтани шароити мусоиди корӣ барои кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ сохта шудааст.
Масоҳати умумии ҳудуди бинои нав 0,29  гектарро дар бар гирифта, иншоот бо тарҳи муосир ва намои хеле зебо сохта шуда, дорои 32 ҳуҷраи корӣ бо тамоми шароит мебошад.
Қисми навбатдорӣ дар ошёнаи якум ҷойгир буда, мувофиқ ба талаботи мавҷуда дигар ҳуҷраҳои корию хизматӣ низ ҷой дода шудаанд.
Дар бинои нав дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташкили китобхонаҳо дар назди муассисаву идораҳо барои кормандони шуъба китобхонаи дорои адабиёти гуногуни ҳуқуқиву соҳавӣ  ҳам ташкил гардидааст.
Маҷлисгоҳи шуъбаи корҳои дохилӣ дорои 40 ҷойи нишаст буда, барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун мувофиқ мебошад. Дар бинои нав меҳмонхона ва хобгоҳ низ мавҷуд буда, барои истироҳати кормандон дигар шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, дар ин самт пешравиҳои назаррас ба миён омадаанд.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ асосан сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Кормандони шуъба то ин вақт дар бинои куҳна фаъолият мекарданд, ки дорои шароити на он қадар хуби корӣ буд.
Дар ҳавлии бинои нав барои 150 нафар ҳайати шахсии шуъбаи корҳои дохилӣ ошхонаи замонавӣ ва дар шафати он майдонча бо масоҳати умумии 600 метри мураббаъ сохта шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити кор дар бинои нав кормандонро барои  хизмати содиқона ба халқу Ватан, саҳмгузории бештар дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намуда, иншооти навро туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳа дар ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат маънидод карданд.

Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ соҳиби бинои нав шуд
20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нав дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуда, дорои тамоми шароити кор барои кормандон мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз дохил ва ҳудуди бинои комиссариати ҳарбӣ дидан намуда, бо шароити арзандаи фаъолияти ҳайати кормандон аз наздик шинос шуданд.
Иншооти нав аз ду ошёна, 14 ҳуҷраи кории афсарону ҳайати шахсӣ, толори маҷлис, нуқтаи навбатдори фаврӣ ва дигар мавзеъҳои маишӣ иборат мебошад.
Ҳуҷраҳои корӣ ва дигар иншооти ёрирасони комиссариати ҳарбӣ бо мебел, таҷҳизоти зарурӣ ва шабакаи алоқаи муосир муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни таълимӣ, аз қабили мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва гузарондани дигар корҳои хизмативу нақшавӣ имконоти ҳамаҷониба мавҷуданд.
Масоҳати умумии қитъаи замини комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ аз 1400 метри мураббаъ иборат буда, иншоот дар масоҳати 230 метри мураббаъ сохта шудааст.
Роҳравҳои атрофи бино сафолакпӯшанд. Ҳамзамон, дар доираи анҷоми корҳои ободонӣ ҳудуди иншоот бо гулу буттаҳо ва дигар рустаниҳои ороишӣ зиннат ёфта, барои нишаст ва қабули шаҳрвандон ду суҳбаткада бо фаввора низ бунёд гардидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки тайи солҳои охир дар натиҷаи боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иқтисодии мамлакат ва сиёсати дурандешонаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қисми зиёди биноҳои комиссариатҳои ҳарбӣ пурра азнавсозӣ ва ё аз сифр бунёд карда шуда, ин тадбири созанда дар асоси ҳидоятҳои  Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дигар манотиқи кишвар низ идома дорад. Давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат дар маҷмӯъ, бинои 25 комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохта,  мавриди истифода қарор гирифтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва ҳайати кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ ифтитоҳи бинои нави кориро дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар кардани сифати кор дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити арзандаи фаъолият дар бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ ва суҳбат бо ҳайати кормандону масъулон дар китоби хотиравии меҳмонони воломақом соядаст гузоштанд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ
20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас тавассути заҳмати софдилона изҳори сипос карданд.
Дар доираи сафари навбатии кории Президенти мамлакат дар маркази ноҳияи Ванҷ як қатор иншооти муҳим ба истифода супурда шуд, ки барои рушду пешрафти ин ноҳияи дурдасти мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ ва пешрафту ободии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 680 миллион сомонӣ равона намуд, ки аз ин ҳисоб қариб 100 иншооту бинои нав ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ бунёд карда шудаанд. Дар ин давра аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ 150 иншоот ба маблағи 70 миллион сомонӣ бунёду азнавсозӣ гардидааст.
Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ноҳия ба маблағи умумии 54 миллион сомонӣ 14 иншоот, аз ҷумла 7 муассисаи таълимӣ бунёду таъмир карда шудааст. Илова бар ин, аз ҳисоби татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар 29 соли охир 182 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 245 иншоот ба маблағи 196 миллион сомонӣ сохта шудааст ва сохтмони даҳҳо иншооти дигар то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Қалъаихумб - Ванҷ ҳоло корро бо шарикони рушд идома дода, дар давоми се соли минбаъда лоиҳаи таҷдиди 93 километр роҳи мошингарди зикргардидаро ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ амалӣ мегардонад, ки дар доираи он, ҳамчунин, сохтмони 15 пул ва 2 нақб пешбинӣ шудааст.
Имкониятҳои ноҳия дар самти рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, махсусан коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва дигар хизматрасониҳо зиёданд ва зарур аст, ки ба ин соҳаҳо сармояи ватаниву хориҷӣ ҳарчи бештар ҷалб карда шавад.
Сарвари давлат Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоят ва ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар самти коркарди ашёи хом ва ба кор даровардани иқтидорҳои азкормонда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ноҳия, инчунин, имконият барои парвариши меваю сабзавот ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш хеле фаровон аст ва дар ин замина даҳҳо коргоҳҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бунёд кардан мумкин аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзиро вазифадор карданд, ки ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди боғпарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои доимӣ андешанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба паҳншавии бемории нави сироятӣ, номуътадил гардидани вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ ва боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоӣ аз ҳамаи роҳбарон, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва умуман, ҳар як сокини ноҳия, ки дар ихтиёри худ як порча замин дорад, талаб намуданд, ки барои самаранок истифода бурдани замин ва захира намудани маводи ғизоӣ тамоми таҷрибаву малакаи худро сафарбар намоянд.
Барои рафъи камбудиҳо дар соҳаи маориф Вазорати маориф ва илм ва ҷиҳати беҳдошти вазъи соҳаи тандурустӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси ноҳия дар оянда низ бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои рушди минбаъдаи ноҳия ва Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва барои дар сатҳи баланди омодагӣ истиқбол намудани Ҷашни муқаддаси Ватани маҳбубамон - сисолагии Истиқлолияти  давлатӣ саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия - кормандони касбу кори гуногун баромад карда, оид ба дастовардҳои ноҳия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, талошҳову ташаббусҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат андеша ронда, ба Пешвои миллат ҷиҳати таъмини зиндагии сазовор барои мардум изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Боздид аз замини наздиҳавлигии сокини ноҳияи Рӯшон Ҳамдам Давлатмаҳмадов
20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Рӯшон ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон нахуст бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини Рӯшон Ҳамдам Давлатмаҳмадов шинос шуданд.
Ҳамдам Давлатмаҳмадов таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти меҳнати садоқатмандона, муносибати дилсӯзона ба замин ва истифодаи пурсамару оқилонаи ҳар порча замин сармашқи кори худ қарор дода, дар ин деҳа аз аввалин кишоварзоне дониста мешавад, ки бо ташкили гармхона ҳамасола маҳсулоти фаровони кишоварзӣ истеҳсол мекунад ва рӯзгори оилавии 3 хонаводаро таъмин менамояд.
Ӯ дар чор сол қариб дар 10 садяк замин 5 гармхона ташкил намудааст.
Ба Сарвари давлат гуфтанд, ки аҳли ин оила танҳо аз як гармхона аз 5 то 6 тонна бодирингу помидор  мерӯёнад. 
Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба таҷрибаи ғании ин ҷавони кордон баҳои баланд дода, ташкили гармхонаҳоро дар шароити кӯҳистони Бадахшон намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат бо тарзи истифодаи босамару оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва шароити гармхонаҳои ин сокини ноҳияи Рӯшон шинос шуда, барои дар оянда васеъ намудани масоҳати гармхонаҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.
Бино ба таъкиди роҳбари ин оила, дар заминаи истифодаи судманди гармхонаҳо хароҷоти хонавода пурра таъмин ва ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ амалӣ карда мешавад.
Обу ғизодиҳии маҳсулоти полизӣ дар гармхонаҳо пурра бо тарзи қатрагӣ ба роҳ монда шуда, айни замон ҳосили помидору бодиринг фаровон аст. Ин деҳқони соҳибтаҷриба нақша дорад, ки давоми се соли оянда масоҳати  гармхонаҳоро ба беш аз як гектар расонаду бо ин роҳ бозори марказии ноҳия ва шаҳри Хоруғро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин намояд.
Дар ин оила дар баробари ташкили гармхона, ҳамчунин, ҳар порча замини наздиҳавлигӣ самараноку оқилона истифода шуда, дар масоҳати 18 садяк замин картошка, қаланфури булғорӣ, карам,  пиёз,  сабзӣ,  лӯбиё, помидор, каду, зағир ва ҷуворимакка барои дон кишт шудаанд, ки қисми бештари  ҳосили онҳо пухта расидааст.
Маҳз меҳнати шабонарӯзӣ ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ  буд, ки имрӯз ҳосил дар саҳро фаровон аст. Дар заминҳои аз кишт холигардида, кишти такрории мош, сабзӣ ва турб ба роҳ монда шудааст. 
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастранҷи кишоварзон ва хӯрокҳои миллии омоданамудаи бонувони ҳунарманди ноҳияи Рӯшон шинос шуданд.
Кишоварзӣ аз бахши муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, дар самти бо ҷойи кор таъмин гардидани сокинон ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Оилаи Давлатмаҳмадов  дар баробари  истифодаи мақсадноку оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҳамчунин, ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар самти захираи маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила барои ду соли минбаъда сармашқи кори худ намуда, аз ҳисоби ҳосили қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамасола ба миқдори зарурӣ маҳсулоти гуногун дар шакли консерв, аз ҷумла  афшура, шарбат, мураббои мевагӣ, лӯбиё, меваи хушк, барои тирамоҳу зимистон захира менамояд.
Заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ имкон фароҳам овард, ки сатҳи зиндагии оилаи Давлатмаҳмадов сол ба сол беҳтар шавад. Гуфтан ба маврид аст, ки ташкили гармхонаҳо дар шароити кӯҳистон ба манфиати иқтисодии худи сокинон буда, имконият фароҳам меорад, ки бозори истеъмолӣ дар чор фасли сол бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худӣ таъмин карда шавад.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон
Дар ноҳияи Рӯшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар маркази ноҳия - шаҳраки Вамар қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар канори рӯдхонаи Панҷ дар як мавзеи қаблан бекорхобида бо баландии 30 метр сохта шуда, паҳноии матои Парчам 6 ва дарозиаш 13 метрро ташкил медиҳад.
Сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ва боғи фароғатӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон аз ҷониби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.
Роҳравҳои майдони Парчами давлатӣ аз тарафи соҳибкорон сафолакпӯш гардида, дар шафати он ҳавзи оббозӣ барои кӯдакону наврасон бунёд шудааст. Ҳамчунин, гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию мевадиҳанда майдони Парчами давлатиро оро медиҳанд.
Ҳудуди майдони Парчами давлатӣ ва боғи навбунёд чароғон аст,  барои фароғати мардум курсиҳо гузошта шудаанд. Бо бунёд шудани майдони Парчами давлатӣ ва боғи фароғатӣ боз як гӯшаи ноҳия ободу зебо гардида, ба як макони дилфиреби сайру тамошои сокинону меҳмонон табдил  ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастуру ҳидоят доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузоштани Нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст, зеро Нишон ва Парчам аз муқаддасоти миллат ба шумор мераванд.
Дар маҷмӯъ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон сохтмони 142 иншоот ба нақша гирифта шудааст ва  дар доираи ин тадбирҳои бунёдкорона ноҳия боз ҳам ободу зебо мегардад.

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар шаҳраки Вамар
20 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Вамари ноҳияи Рӯшон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ба номи Отамбек Илчибековро ифтитоҳ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни иншооти навбунёд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таълимии замонавӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли ояндасози миллат бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.
Фармоишгари иншооти навбунёди соҳаи маориф Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардиданд.
Мактаб аз таҳхона ва се ошёна иборат аст ва барои 640 ҷойи нишаст дар як баст бунёд гардидааст. Он аз 34 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, табиатшиносӣ, география, озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаи компютерӣ, тахтаҳои электронӣ бо видеопроекторҳо, китобхона, 10 ҳуҷраи корӣ ва хонаҳои ёрирасон иборат мебошад. Илова бар ин, дар мактаби навсохт китобхонаи электронӣ низ мавҷуд аст, ки дорои 10 компютер буда, дар махзани он номгӯи зиёди китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ ҷойгир аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар муассисаи навбунёди замонавӣ баҳои баланд дода, аз фароҳам овардани шароити арзандаи таълим ба масъулон ва омӯзгорон ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон ва дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расондани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан омӯзгорон дар мактаби якошёнаи куҳна ба хонандагон дарс мегуфтанд, ки шароити ногувор дошт. Акнун дар маркази ноҳияи Рӯшон мактаби замонавӣ бунёд гардид ва орзуи деринаи сокинон амалӣ гашт ва минбаъд хонандагон дар муассисаи барҳавову синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо техникаю технологияи ҳозиразамон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Шумораи умумии омӯзгорон дар ин муассисаи таълимӣ 48 нафар мебошад ва 8 нафари онҳо мутахассисони ҷавонанд. Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона бунёд шудааст ва барои зиёда аз 50 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар ошхона ба хонандагон ғизоҳои гарм пешниҳод мегарданд.
Барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори муосири варзишӣ сохта шудааст, ки 70 ҷойи нишаст дорад. Толори мазкур асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ гардидааст.
Бо мақсади дар шароити зарурӣ баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 230 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Гуфта шуд, ки соли таҳсили 2018 - 2019 аз шумораи умумии хатмкунандагони муассисаи пешинаи таълимӣ, ки 36 нафарро дар бар мегирифт, 28 нафараш тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 5 нафар тибқи Квотаи президентӣ, ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ду нафар ба омӯзишгоҳҳои касбии ҷумҳурӣ дохил шудаанд, ки ин натиҷаи ҳамкории зичи волидон бо аҳли омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва донишомӯзии худи хонандагон арзёбӣ мегардад.
Бо мақсади таъмини гармӣ дар фасли сармо тамоми синфхонаҳо, роҳраву ҳуҷраҳои ёрирасон ва кории муассиса бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ, ки тариқи ангишт кор мекунад, пайваст шудаанд.
Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таълимии замонавиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои сокинони шарафманди ин гӯшаи диёри биҳиштосо арзёбӣ намуданд.
Барои таъмини бехатарӣ ва мушоҳидаи пайвастаи раванди таълим дар дохил ва беруни бинои навбунёд камераҳои назоратӣ насб гардидаанд.
Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки аз шароити муҳайёгардида ба омӯзгорону хонандагон дар самти истифодаи босамари имконияти фароҳамшуда, аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» ҳидоятҳои судманд доданд.
Саҳни бинои таълимиро Парчами давлатӣ бо сутунпояи 11 - метра оро медиҳад. Барои зебою назаррабо гардидан атрофи муассисаи таълимӣ майсазор гардида, гулҳои мавсимии рангоранг ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонда шудаанд.

Бинои нави филиали Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Рӯшон
20 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон бинои нави филиали рақами 71-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” - ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави филиал аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар доираи вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамшудаи кору хизматрасонӣ дар бонки мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати бунёди иншооти муосири соҳаи бонкӣ изҳори сипос намуданд ва дастур доданд, ки ба мизоҷон бо сатҳу сифати баланди касбӣ хизматрасониҳои бонкиро анҷом диҳанд.
Таъкид гардид, ки дар таҳхонаи иншооти замонавии бонкӣ бойгонӣ ва ҳуҷраи техникӣ ҷойгир буда, дар ошёнаи аввали он қисми амалиётӣ, махзан, хазина ва ҳуҷраҳои ёрирасон сохта шудаанд. Дар ошёнаи дуюм дафтари кории мудир, кормандон ва китобхона ҷойгир мебошанд.
Дар маҷмӯъ, бинои муосир аз 10 ҳуҷраи кории бо мизу курсии нав ва технологияи муосир муҷаҳҳаз иборат аст, ки дар он шароити зарурӣ барои пешбурди кору хизматрасонӣ барои кормандон ва мизоҷон фароҳам гардидааст.
Фармоишгари бинои нави филиал Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” буда, масоҳати умумии иншоот 419 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки қаблан барои анҷом додани амалиёти бонкӣ сокинони ноҳияи Рӯшон то андозае дучори мушкилӣ мешуданд. Инак, бо ифтитоҳи бинои нави филиали бонки мазкур мушкилоти мавҷуда ба пуррагӣ бартараф шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо 9 филиал ва 40 маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолияти пурсамар дошта, дар онҳо 231 корманд, ки аксари онҳо бонувони ботаҷрибаю кордон дар соҳаи бонкдорӣ мебошанд, ба сокинон ва меҳмонону сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро ба роҳ мондаанд.
Ба фаъолият оғоз бахшидани бинои нави филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯшон боз як қадами устувор дар рушди низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, зеро дар ин бино намудҳои зиёди хизматрасонӣ, аз ҷумла қабули амонатҳо, пешниҳоди қарзҳои муфид бо фоизҳои дастрас, интиқоли маблағҳо, хизматрасонӣ бо системаи онлайн, кортҳои бонкӣ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва қабули маблағҳо барои хизматрасониҳои коммуналӣ, амалӣ карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯшон бо шаш маркази хизматрасонии бонкӣ ба 3 ҳазору 565 нафар нафақахӯр, 820 нафар пасандозгузор, 470 нафар қарзгиранда, 4 ҳазору 105 нафар дорандаи корти миллӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизмат мерасонад.
Дар филиал 27 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошад, ки 22 нафар ё 80 дарсади онҳо бонувони ихтисосманд мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва дигар шахсони масъул бо мақсади беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳияи Рӯшон ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ба кор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки кормандони бонк дар навбати аввал бо мизоҷон муомилаю муоширати хуб дошта бошанд ва дар фурсати кӯтоҳ хизматрасониҳои бонкиро бо сифати баланд анҷом диҳанд, то эътимоди мардум ба низоми бонкӣ боз ҳам бештар гардад, зеро «Амонатбонк» ҳамчун бонки давлатӣ, дар низоми бонкии кишвар мақоми хоса дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоии худро тавассути ин бонки бонуфуз амалӣ менамояд.

Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон фаъол шуд
20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшонро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази логистикии навбунёди замонавӣ дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат дар масоҳати 1,5 гектар бунёд гардида, дорои 5 анбори бузургҳаҷм, аз ҷумла 3 анбори маводи ғизоӣ, як анбори маводи сӯхт, як анбори масолеҳи сохтмонӣ ва дигар иншооти ёрирасон, мебошад. Дар маҷмӯъ ин анборҳо иқтидори ғунҷоиши як ҳазору 500 тонна маводи зарурии рӯзгорро доранд.
Маврид ба таъкид аст, ки Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ дар ноҳияи Рӯшон бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба танзим даровардани нарх ва таъмин намудани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дар мавсимҳои гуногуни сол бунёд карда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим соли 2017 оғоз гардида, бо ҷалби беш аз 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир анҷом ёфтааст. Дар базаи мазкур бинои дуошёнаи маъмурӣ сохта шудааст, ки 10 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва ҳуҷраҳои хоб барои кормандон дорад. Ҳамчунин, дар ин бино ошхона бо 40 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Барои дастрасии мардум бо маводи аввалияи ғизоӣ ду мағозаи доимоамалкунандаи фурӯши маҳсулот низ таъсис ёфтааст.
Бо ифтитоҳи Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон беш аз 30 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Аснои шиносоӣ аз шароитҳои фароҳамшуда дар маркази мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти захира намудани маводи ғизоӣ ва дигар намуди маҳсулоти зарурии рӯзгор ва таъмини сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маводи озуқаворӣ дар ҳамаи фаслҳои сол ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Анбори дигари иншоот барои захира кардани 250 тонна маводи сӯзишворӣ пешбинӣ шудааст. Барои дастрасии бемамонияти сокинону меҳмонон ба маводи сӯзишворӣ дар шафати маркази муосири навбунёд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз тарафи агентӣ ташкил гардидааст, ки бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди харидорон мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулони Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншооти муҳташами замонавӣ дар ноҳияи Рӯшон изҳори сипос намуда, дастур доданд, ки базаҳои захиравии маводи ғизоӣ ва маҳсулоти заруриро дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ минбаъд низ марҳила ба марҳила таъсис диҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 анбори бузурги нигаҳдории маводи аввалияи ғизоӣ бо ғунҷоиши 15 ҳазор тонна мавҷуд аст. Дар баробари ин, 33 нуқтаи фурӯш, ки доимо амал мекунад, таъсис дода шудааст. Танҳо дар ноҳияи Рӯшон 8 нуқтаи доимоамалкунандаи фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ фаъолият мекунад.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити кунунӣ бунёди чунин иншооти муҳим, ки, асосан, барои захираи маводи ғизоию сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ва таъмини аҳолӣ бо он пешбинӣ шудааст, муҳиму саривақтӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 дар ноҳияи Шуғнон аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи ордбарорӣ таъсис ёфта буд, ки бо иқтидори истеҳсоли 50 тонна орд дар як шабонарӯз фаъолият менамояд ва дар анбори корхона имкон аст 6 ҳазор тонна ғалла захира гардад.
Ҳадаф аз таъсиси корхонаи коркарди гандум дар ин ноҳияи баландкӯҳ таъмини сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо орди истеҳсоли ватанӣ аст.
Акнун, бо бунёд гардидани маркази дорои анборҳои барҳавову бузургҳаҷм дар ноҳияи Рӯшон, пеш аз ҳама, имкони васеи захира кардани намудҳои зиёди маҳсулот аз ҷумла, орд ва дигар номгӯи маводи аввалияи ғизоӣ фароҳам гардид. Ҳамаи ин тадбирҳои созанда дар заминаи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ амалӣ шуда истодаанд.
Атроф ва дохили иншоот майсазор ва гулкорӣ гардида, дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонда шудаанд.

Ифтитоҳи майдончаи варзиш дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшон
20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон майдончаи муосири варзишро мавриди истифода қарор доданд.
Он аз тарафи соҳибкори саховатпешаи маҳаллӣ Ризвонзода Сафар сохта шудааст.
Оилаи Ризвоновҳо дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаю ташаббусҳои беназири Пешвои миллат иқдом гирифтанд, ки барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар фурсати кӯтоҳ чунин як иншооти муосирро бунёд намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми ҷавонмардонаи соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипос намуда, амали бунёдкоронаи ӯро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати майдонча 800 метри мураббаъ буда, дар он бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол гузаронда мешавад.
Акнун, ҷавонону наврасони хуштолеи ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол имкони васеи машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзишро дар ин майдонча пайдо карданд.
Дар шафати варзишгоҳ майдони васеи футбол мавҷуд аст. Ҳамчунин, як майдончаи бозӣ барои кӯдакон низ бунёд мегардад ва он рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон 3 майдончаи муосири варзиш мутобиқ ба талаботи замон бунёд ёфта, ҳоло сохтмони боз 3 майдони варзиши дигар низ бо ҷалби ҷавонмардони саховатманд идома дорад. Умуман, дар ноҳияи Рӯшон беш аз 20 иншооти варзиш мавҷуд мебошад.
Айни замон дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Рӯшон 646 нафар наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш фаро гирифта шудаанд.

Мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон
Нимаи дуюми рӯзи 20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ изҳори сипос ва ба мардуми ноҳия барои амалисозии нақшаҳои созанда ба хотири пешрафти Тоҷикистон барору комёбиҳо орзу карданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии давлату Ҳукумат ва ташаббуси шахсони саховатпеша дар самти анҷоми корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия андешаронӣ намуданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, барои талошҳову ташаббусҳо ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат сипосу миннатдории худро баён доштанд.

Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ
Пас аз анҷоми сафари корӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон дар рӯзи дуюми сафари худ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази вилоят - шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ меҳмони олимақомро роҳбарият ва фаъолони вилоят гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Бояд зикр намуд, ки ҳар ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамин гуна гарму самимӣ истиқбол меёбад, зеро боздидҳои кории Пешвои миллат ва ҳидоятҳои созандаашон боиси ободиву пешрафти беназири ин гӯшаи дурдасти Ватан гардидаанд.

Ифтитоҳи қисми якуми бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар шаҳри Хоруғ
21 август боздиди кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ аз ифтитоҳи қисми якуми бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 оғоз гардид.
Қисми якуми бинои нави мактаб, ки барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, аз 13 синфхона ва 7 кабинети фаннӣ, аз ҷумла кабинетҳои компютерӣ, химияву физика, биология, дифои ҳарбӣ ва ҳуҷраҳои таълими меҳнат барои писарону духтарон, иборат аст. Дар ҳуҷраҳои таълими меҳнат духтарон ба омӯзиши касбҳои дӯзандагиву пазандагӣ ва писарон ба ҳунарҳои кандакориву харротӣ фаро гирифта мешаванд.
Бинои нави муассиса воқеан ҳам намои бисёр зебо дорад, зеро дар бунёди он, дар баробари истифодаи масолеҳи коркардшудаи сохтмонӣ, аз ҷумла қуму шағал ва сементу арматура, ҳамчунин, аз сангҳои ороишии маҳаллӣ истифода шудаанд.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ, ки қариб як сол идома ёфт, 220 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Мактаб дар оғози соли нави хониш бо тарҳи зебо мавриди истифодаи муҳассилон қарор гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба коргарону сохтмончиён барои анҷоми корҳо дар муҳлатҳои муайяншуда изҳори сипос карданд.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ШС-Шариф” анҷом додаанд.
Бояд зикр намуд, ки бинои куҳнаи мактаби рақами 8 соли 1958 бунёд ёфта буд ва бо гузашти солҳо иншоот куҳнаю фарсуда шуда, шароиту имкониятҳои донишомӯзии он ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набуд. Вобаста ба ин, бо дастури Пешвои миллат дар заминаи мактаби пешина бунёди мактаби нав ба нақша гирифта шуд. Акнун дар бинои нав барои омӯзгорону хонандагон беҳтарин ва муосиртарин шароити кор ва донишомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаби нав пурра бо аёниятҳои дарсӣ ва технологияи муосири таълимӣ таъмин мебошад. Дар синфхонаи компютерии муассиса, ки дар як вақт имконияти ғунҷоиши 24 хонандаро дорад, 24 компютери насли нав насб гардидааст. Дар ин мактаб ба ҳар як хонанда як компютер рост меояд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин на танҳо дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ  ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, зикр шуд, ки шароиту имкониятҳои донишомӯзӣ дар ин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таълимгоҳҳои махсус, аз ҷумла литсей ва мактабҳои президентӣ, баробар аст. Ҳайати омӯзгорону хонандагон барои фароҳам овардани чунин шароити созгори таълимӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Сарвари давлат хонандагонро ба истифодаи босамари имкониятҳои фароҳамовардашуда ва омӯзиши амиқи илму донишҳои замонавӣ ҳидоят карданд.
Дар мактаб 28 омӯзгор, ки дорои маълумоти олии касбӣ мебошад, ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст.
Бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таълими ин фанҳо дар мактаби номбурда ба таври махсус ба роҳ монда шудааст.
Ба иттилои омӯзгорон, то ҳол чандин нафар хонандагони онҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии фанҳои дақиқ иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Тибқи нақша, ду қисми боқимондаи муассисаи таълимӣ то Ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мавриди истифода қарор дода мешавад.
Пас аз пурра ба истифода додани муассиса, имкон пайдо мегардад, ки ҳамаи кӯдакону наврасони маҳаллаҳои Хоруғи Боло, Андарситез, Эмомобод ва Дашти Боло дар як баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.

Ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ дар шаҳри Хоруғ
21 август дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иншооти муҳими дигар - Нишони давлатиро ба истифода доданд.
Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз соли 2016 ҳангоми ба истифода додани Парчами давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони вилоят ва шаҳри Хоруғ дастур дода буданд, ки дар ҳамин мавзеъ рамзи дигари давлатдорӣ - Нишони давлатиро ҳам бунёд намоянд.
Сохтмон дар ин иншоот бештар аз як моҳ идома ёфт. Коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” дар ин муддат тавонистанд бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат ин рамзи давлатдории навини тоҷиконро бунёд намоянд.
Барои таҳкурсӣ ва пояи Нишони давлатӣ сангҳои мармар ва гранит истифода шудаанд, ки маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб мераванд. Нишони давлатӣ бо баландии 16,5 метр аз сатҳи замин дар майдони 800 метри мураббаъ қад афрохт. Гирду атрофи он бо гулу буттаҳои нодири ороишӣ зинат ёфта, роҳравҳои иншоот сафолакпӯш шудаанд.
Дар маҷмӯъ, майдони ба номи Исмоили Сомонӣ 3200 метри мураббаъ масоҳат дошта, дар ду тарафи он фаввораҳо бунёд ёфтаанд.
Гузоштани нимпайкараҳои фарзандони фарзонаи миллат дар майдон мавзеъро ба макони тамошобоб табдил додааст.
Лозим ба таъкид аст, ки солҳои охир дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат рамзҳои давлатдории муосири тоҷикон, аз ҷумла Нишон ва Парчами давлатӣ қомат афрохтанд. Ин ташаббус эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастии мардум, аз ҷумла наслҳои наврасро дучанд намуда, дар замири онҳо ҳисси ифтихор аз миллату давлат ва гузаштаи бою рангини халқи тамаддунофари тоҷикро қавитар месозад.

Ифтитоҳи бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳри Хоруғ
21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бинои нави филиали рақами 66-и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”- ро ифтитоҳ карданд.
Бинои наву муосири филиали “Амонатбонк” дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ дар муҳлати як сол бо ҷалби 100 нафар меъмору сохтмончии маҳаллӣ сохта шуд. Дар ошёнаи якуми филиал Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандон суҳбати озоду ошкоро доир намуда, ифтитоҳи бинои навро дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандон  туҳфаи арзишманд маънидод карданд.
Бино, тибқи лоиҳа, аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, 2076 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар таҳхона махзан, бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир карда шудаанд.
Дар ошёнаи якум, ки қисми амалиётӣ ба ҳисоб меравад, ҳуҷраҳои кории кормандон, хазинадорон ва ҳуҷраи бехатарӣ ҷойгир шудаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бонкдорон ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии бонкӣ ба муштариён дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Филиал 20 навъи хизматрасонии  молиявиро ба муштариён пешниҳод менамояд, ки ҳамаи ин амалиёт бо таҷҳизоти муосири  соҳавӣ  анҷом дода мешавад.
Дар рафти боздид, Роҳбари давлат аз шароити фароҳамовардашуда изҳори қаноат карда, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ сипосу миннатдорӣ баён  намуданд.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино қабулгоҳ, ҳуҷраҳои кории кормандон,  маҷлисгоҳи хурд бо 60 ҷой, дафтари муҳосибот ва сармуҳосиб, толори хурди китобхона ҷой дода шудаанд.
Дар маҷмӯъ, бинои филиал аз 27 ҳуҷраи кории барҳаво, маҷлисгоҳ, толори  хурд ва ду бойгонӣ иборат аст.
Бонувоне, ки дар филиали рақами 66-и “Амонатбонк” дар шаҳри Хоруғ фаъолият мекунанд, ба Пешвои миллат барои муҳайё сохтани шароити арзандаи корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. 
Бояд гуфт, ки дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” 9 филиал бо 230 корманд, 40 маркази хизматрасонии бонкӣ дорад. 
Аз шумораи умумии кормандони бонк дар вилоят 106 нафараш занону духтарон мебошанд, ки 46 фоизи умумии кормандонро дар бар мегирад.
Ҳудуди иншоот гулпӯш шуда, роҳравҳо низ аз ҳар ду ҷониб сафолакпӯшу чароғонанд.

Гузоштани санги асос ба сохтмони пули мошингузар дар шаҳри Хоруғ
21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи “Селхозтехника”-и шаҳри Хоруғ бо гузоштани санги асос ба сохтмони пули калони мошингузар аз болои дарёи Ғунд оғози расмӣ бахшиданд.
Пули нав бо паҳнои 15 метр ва дарозии 200 метр 100 тонна иқтидори борбардорӣ дорад. Баъди пайваст шудани ду тарафи соҳил, роҳҳои ба пул пайвастшаванда низ дар масофаи 100 метр таҷдиду навсозӣ ва чароғон мешаванд. Пули мошингузари болои дарёи Ғунд бо тарҳи байналмилалӣ сохта шуда, аз ҳафт сутунпояи зербино ва ду самти ҳаракати нақлиёт иборат мебошад. Аз ҳар ду ҷониби пул бунёди роҳи пиёдагард ҳамчун эстакада ба нақша гирифта шудааст. Дар рафти сохтмони пули мошингузар мутахассисону сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷойи кор таъмин шуда, соҳиби маоши хуб мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи ин иншооти муҳими вилоят, ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар муҳлати муайянгардида дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Лоиҳаи пули мошингузар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад ва он аз ҷониби Ширкати лоиҳакашию пулсозии “Темелсу интернэшнл сервис пинк”- и  Туркия таҳия гардидааст.
Сохта ба истифода додани пули мошингузар дар шаҳри Хоруғ, ки орзуи деринаи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, танбашавии ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемурро пурра аз миён бардошта, ҳаракати нақлиёти мусофиркашу боркаш тавассути ин пули нав ба роҳ монда хоҳад шуд.
Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои мошингарди маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ низ таъмиру тармим шуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардонда шудаанд.
Бо дарназардошти он ки роҳи маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хоруғ аҳамияти байналмилалӣ дорад, дар нақша аст, ки дар ояндаи наздик қисми боқимондаи ин шоҳроҳ низ марҳила ба марҳила таъмиру навсозӣ шавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2020    №: 158 - 159    Мутолиа карданд: 2569
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед