logo

ҳуқуқ

ПАДАР БАРОИ ЛАТУКӮБИ ФАРЗАНД ДУ СОЛ ЗИНДОНӢ ШУД

21 майи соли равон дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" наворе мунташир шуд, ки дар он марди номаълум фарзанди ноболиғи худро бераҳмона латукӯб мекард. Навори изтиробангез нафрат ва нороҳатии шадидро миёни ҷомеа, хусусан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ба вуҷуд овард. Зимни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони кофтукови ҷиноятии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд сокини шаҳри Хуҷанд Фирдавс Иномзода боздошт шуд.

Баъди ин амали бераҳмона нисбат ба Фирдавс Иномзода бо моддаи 174 (иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ) – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол шуд. Муайян гардид, ки номбурда қаблан бо моддаи 281 қисми 2 бандҳои «а,б» (тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта)- и Кодекси ҷиноятӣ 5 сол зиндонӣ шуда, баъди ду соли ҳабс дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз адои боқимондаи ҷазо озод гардидааст.
Тафтишот муайян кард, ки Фирдавс Иномзода соли 2012 бо шаҳрванд Мавлудахон Иномова оиладор гардида, аз зиндагии якҷоя ду фарзанд доранд. Моҳи марти соли 2017 ҳангоми дар зиндон будани Фирдавс ҳамсараш Мавлудахон барои пешбурди зиндагӣ ба Россия рафта, фарзандони хурдсолашро таҳти парастори хушдоманаш мегузорад.
Тавре худи Фирдавс Иномзода дар маҷлиси судӣ гуфт, дар давраи адои ҷазо буданаш, хабар меёбад, ки ҳамсараш ба ӯ хиёнат карда, бо мардони бегона рафтуомад дорад. Аммо аз ҳисоби оне, ки ӯ дар маҳбас буд ягон «илоҷ» надошт. Баъди ба озодӣ баромадан низ аз ҳамсояҳо мефаҳмад, ки ҳангоми дар маҳбас будан, ба хонааш мардони бегона бо автомашинаҳои гаронарзиш меомадаанд. Инро ҳатто фарзандонаш дар мурофиаи судӣ тасдиқ карданд. Баъди шунидани ин ҳолат ӯ ба хулосае меояд, ки аз ҳамсараш ҷудо шуда, оилаи нав бунёд намояд. Бо ҳамин мақсад ба ҳамсараш, ки дар Россия қарор дошт, занг зада, хоҳиш мекунад, ки ба Тоҷикистон баргардад. Аммо ӯ бо сабабҳои ба тафтишот номаълум рад мекунад.
Бинобар ин, ӯ бо мақсади баргардондан ҳамсараш, аз ғазаб бо бераҳмии махсус нисбат ба кӯдакони худ муомилаи бешафқатона намуда, писарашро мавриди латукӯб қарор медиҳад. Ҳолати латукӯби фарзадони ноболиғашро ба навор гирифта, аз тариқи шабакаи интернетӣ ба ҳамсараш мефиристад, то бераҳмии ӯ ва азоби фарзандонашро дида, ба Тоҷикистон ояд ва бо ҳамин восита аз ӯ ҷудо шуда, оилаи нав барпо намояд.
Мувофиқи хулосаи ташхиси равоншиносӣ, наворҳои сабтгардида ба ҳолати рӯҳӣ ва равонии кӯдакони хурдсол таъсири сахти эмотсионалӣ мерасонад, ки дар оянда барои инкишофи шахсияти кӯдакон, саломатии рӯҳӣ - равонӣ ва ахлоқӣ хавфнок мебошад.      
Суд баъди баррасии парванда Фирдавс Иномзодаро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор донист. Нисбат ба ӯ бо моддаи 174 - и Кодекси ҷиноятӣ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 сол бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт таъйин кард.

Зафар САИДШОЗОДА, муовини аввали раиси суди шаҳри Хуҷанд,
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2020    №: 158 - 159    Мутолиа карданд: 1201
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед