logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” дар шаҳри Хоруғ
21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ дар шаҳри Хоруғ коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” - ро ифтитоҳ карданд.
Коргоҳ барои таъмини занону духтарони хонашин бо ҷойҳои нави корӣ бунёд гардида, аз 4 ошёна иборат мебошад.
Иншооти нав бо саҳми соҳибкори ватандӯсти шаҳри Хоруғ Мукаррабшо Ноибшоев бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯз сохта шудааст.
Соҳибкори ватанӣ дар партави сиёсати бунёдкорона ва ҳидоятҳои раҳнамунсози ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои соҳибкасб гардондани ҷавондухтарон ва бо ҷойи кор таъмин кардани бонувони хонашин тасмим гирифт, ки коргоҳи дӯзандагиро ба истифода диҳад.
Тибқи нақша, коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” аз ҳуҷраҳои маъмурию ёрирасон иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин мебошад.
Коргоҳи дӯзандагӣ дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) бунёд ёфта, бо иштироки Сарвари давлат ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар коргоҳ 45 мошинаи дӯзандагӣ мавҷуд буда, дар марҳилаи аввал барои қариб 50 нафар ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Мошинаҳои дарздӯзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз ҳисоби Фонди зиндагии беҳтар ворид шудаанд ва дар он, асосан, либосҳои мактабӣ дӯхта мешаванд. Занону духтарон аз бунёди коргоҳ ва бо кору маоши хуб таъмин шуданашон изҳори қаноатмандӣ менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва суҳбат бо кормандон ба сифати либосҳои дар корхона дӯхташаванда таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд. 
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо бунёд кардани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ сатҳи бекорӣ  коҳиш дода шуда, шумораи зиёди сокинон, махсусан занону духтарони хонашин, марҳила ба марҳила бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Дар дохили бозори “20-солагии Истиқлол”-и шаҳри Хоруғ бо саҳми соҳибкорони ташаббускор сохтмони марказҳои савдову хизматрасонӣ ва дигар иншоот идома дорад. Бо қомат афрохтани биноҳои навсохт, симои шаҳри Хоруғ ободу назаррабо гашта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ боз ҳам беҳтар  хоҳад гашт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар назди бинои навбунёди коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” ташкил шуд, дидан карданд.
Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи соли 2020 қариб 500 нафар занону духтарони ҳунарманд ба қайд гирифта шуда, дар рушд ва эҳёи дубораи ҳунарҳои халқӣ саҳми худро мегузоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва суҳбат бонувону ҷавондухтаронро барои ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои халқӣ ва эҳёи дубораи онҳо ҳидоят намуданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тайи шаш моҳи соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар аз 800 нафар занону духтарони хонашин ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардиданд. Бонувон ва ҷавондухтарони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи давлат ба дӯзандагӣ, муҳрабофӣ, тоқидӯзӣ, майдадӯзӣ, ҷуробу сабадбофӣ ва ғайра машғул буда, аз ҳисоби маҳсули дастони хеш зиндагиашонро пеш мебаранд.

Ифтитоҳи бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ” дар шаҳри Хоруғ
21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ маркази савдои “Нигини Хоруғ” - ро ифтитоҳ карданд.
Маркази савдои “Нигини Хоруғ” бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Айдибек Бекмуродӣ бунёд гардид.
Мувофиқи лоиҳа, марказ аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллӣ дар дохили бозори “20-солагии Истиқлол”-и шаҳри Хоруғ сохта шуд.
Дар он барои 70 нафар ҷойи кор ташкил шуд, ки онҳо метавонанд дар ин ҷо фаъолияти соҳибкории худро пеш баранд.
Дар ошёнаи якуми марказ нуқтаҳои савдо, дорухона, кошонаи ҳусн, ду мағозаи фурӯши хӯроки умумӣ ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгиранд. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм мағозаи фурӯши либосу пойафзол, қолинҳо ва дар як гӯшаи он намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид.
Тибқи иттилои масъулон, дар рафти корҳои сохтмонӣ қариб 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гаштанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ барои иқдоми шоиста изҳори сипос карданд.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳибкории хурд ва дастгирии бахши хусусӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳукумати мамлакат ҳамеша ташаббусҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро дастгирӣ карда, барои пешбурди фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ месозанд.
Соҳибкорони бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти таъйиноти гуногун саҳми худро мегузоранд.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани маркази савдои “Нигини Хоруғ”, ки бо тарҳи муосир қомат афрохтааст, ба сокинон молу маҳсулоти хушсифат пешниҳод мешавад.
Пас аз ифтитоҳи марказ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуди шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа ва Шуғнон мулоқот ва суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Пешвои миллат ба бештар аз 100 нафар ятим, маъюб ва шахсони имконияташон маҳдуд туҳфаи молӣ ва пулӣ тақдим карданд, ки ин иқдом нишонаи олии ғамхории доимии Сардори давлат ба табақаи ниёзманди ҷомеа мебошад.
Маъюбон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва ғамхории падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони ВМКБ боздид ба амал оварданд.
Аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот, асали тозаи кӯҳистон ва гулу гиёҳҳои шифобахш ба намоиш гузошта шуд.
Дар вилоят номгӯи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.
Дар шаш моҳи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 110,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ бо деҳқонон суҳбат карда, ба онҳо барои самараноку оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии маҳсулот, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” соли равон 16,5 гектар боғи нав бунёд гардида, қариб 9 гектар боғи куҳна барқарор гардид.
Истифодаи мақсадноки замин ба кишоварзони вилоят имкон фароҳам овард, ки соли ҷорӣ майдони кишти ҳама гуна зароат зиёд ва ҳаҷми истеҳсол афзоиш ёбад.

Ифтитоҳи бинои Театри вилоятии мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров дар шаҳри Хоруғ
21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, дар фазои тантанавӣ бинои нави Театри вилоятии мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаровро барои 1000  ҷойи нишаст ифтитоҳ бахшиданд.
Санги асоси бунёди бинои 3-ошёнаи театр соли 2015 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ соли 2016-ум шурӯъ гардида буд.
Президенти мамлакат бунёди ин кохи муҳташами фарҳангиро дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ дар арафаи таҷлили Ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли санъату фарҳанги “Боми ҷаҳон” армуғони арзишманд номиданд.
Фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” мебошанд.
Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 150 нафар сохтмончиву меъмори касбии маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, биноро бо риояти талаботи ҳозиразамон бунёд кардаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба санъати баланди меъмории миллии бинои театр, ки аз ҷониби устоҳои чирадасти мамлакат бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ зебу зинат ёфтааст, баҳои баланд доданд.
Тибқи  лоиҳа, театр аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 0,54 садяк замин қомат афрохтааст. Дар таҳхонаи театр толорҳои машқу тамрини ҳунармандон, толорҳо барои гузарондани дарсҳо пешбинӣ гардида, барои фаъолияти  назарраси ҳунармандон заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар ошёнаи якум миёнсарой, толори асосӣ барои саҳна, хонаҳои маданият бо ҳуҷраҳои либосивазкунию санитарӣ ҷойгиранд. Дар толори асосӣ барои тамошобинон 1000 ҷойи нишаст фароҳам оварда шудааст.
Саҳнаи театр бо нақшунигори миллии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик гаҷкорӣ шуда, барои гузарондани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мусоид мебошад. Дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юм ҳуҷраҳои маъмурияти театр, утоқҳои корӣ ва фароғати ҳунармандон ва устохонаҳои дӯзандагӣ ҷойгир мебошанд.
Ҳудуди бинои театр бо тахтасангҳои мармарии истеҳсоли коргоҳҳои вилоят ороиш ёфтааст.
Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти замонавӣ дар шаҳри Хоруғ, ба баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти аҳли фарҳангу санъати вилоят равона гардида, ба тарҳи меъмории шаҳр зебоии  дигар зам намуд.
Роҳравҳои бино бо маҳсулоти коргоҳҳои ватанӣ зинат ёфта, бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ ҷолибу диданӣ офарида шудаанд.
Атрофи театр гулкорӣ ва бо сутунпояҳои равшанидиҳанда чароғон  шуда, шабонгоҳ ин макон ба сайругашти ҳақиқии сокинони шаҳри Хоруғ табдил ёфтааст.
Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои бинои нав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги театр бо аҳли фарҳанг мулоқоти самимӣ доир намуда, барномаи таҳиякардаи санъаткорони вилоятро тамошо карданд.
Ҳангоми суханронӣ Пешвои миллат фарҳангро оинаи рӯзгори ҳар як халқу миллат маънидод намуда, зикр карданд, ки рушди соҳаи фарҳанг дар меҳвари сиёсати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Аҳли фарҳанги вилоят ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди чунин иншоот, ки василаи хуби ҳифзи фарҳанги бузурги халқи тоҷик аст,  изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Бо истифода аз толорҳои барҳаво ва ҳуҷраҳо барои машқу тамрин, ҳунармандони касбӣ имконият доранд, минбаъд барномаҳои гуногун ва намоишномаҳои ҷаззобу диданиро пешниҳоди тамошобинони закӣ гардонанд.
Пас аз суханронии Сарвари давлат аҳли санъати вилоят барномаи хуби фарҳангии тараннумкунандаи сулҳу ваҳдати ҷовидонаи тоҷикон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии давлатро  пешкаш карданд, ки бисёр ҷолибу диданӣ буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои санъаткорону ҳаваскорони вилоят, ки бори аввал дар саҳнаи театри навбунёд чунин барномаи  тамошобобро таҳия намуданд, баҳои баланд доданд.

Ифтитоҳи майдончаи варзиш дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ
21 август дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ майдончаи муосири варзишро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ифтитоҳи майдонча дар ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ сурат гирифта, яке аз иншооти муосир дар маркази вилоят маҳсуб меёбад.
Дар маҳаллаи Тирчид 225 оила мавҷуд буда, айни ҳол дар он наздик ба ҳазор нафар сокини то синни 35-сола истиқомат мекунад. Кӯдакону наврасон ва ҷавонони ин маҳалла солҳои зиёд ба чунин иншооти замонавии варзишӣ эҳтиёҷ доштанд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки майдончаи варзиш дар масоҳати 1170 метри мураббаъ, дар доираи татбиқи лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот тавассути инфрасохтори муҳим дар шаҳри Хоруғ” бунёд ёфта, дорои 320 ҷойи нишаст мебошад.
Майдонча бо беҳтарин шароити инфрасохторӣ таъмин гардида, дар он ҳамаи талаботи муосир ба инобат гирифта шудааст. Аз ҷумла, гирду атрофи иншоот чароғон гашта, пешайвон ва ҷойи нишасти тамошобинон тавассути соябонҳо аз боду борон муҳофизат мешавад. Дар ҳудуди иншоот, ҳамчунин, майдончаҳои хурди дигар барои бозии футбол, баскетбол ва волейбол сохта шудаанд.
Фарши майдонча рӯйпӯши махсуси резинӣ дошта, дар мамлакат нав ба шумор меравад. Бартарии рӯйпӯши резинии бедарз дар он аст, ки ба ҳама гуна боду ҳаво тобовар мебошад.
Корҳои лоиҳакашӣ ва бунёди  майдончаи варзиш моҳи майи соли равон оғоз ёфта, бо ҷалби чор ширкати сохтмонии ватанӣ – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Адис”, “Саховати Комрон”, “Помирэнергосервис” ва “Муросо-эко” дар муҳлати камтар аз 3 моҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Айни замон дар маҳаллаҳои Андарситез, Фурудгоҳ, Султони Валӣ, Гулобод ва кӯчаи Насиллобекови шаҳри Хоруғ бунёди боз панҷто чунин майдончаи варзиш идома дорад.
Бояд гуфт, ки танҳо соли 2019 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб 400 иншооти варзиш ба истифода дода шуд.  Бунёди  садҳо маҷмааву толор ва майдончаҳои варзиши дигар дар ҳудуди вилоят идома дорад.
Дар як қисми майдончаи варзиш гӯшаи алоҳида барои бозии кӯдакон пешбинӣ гардидааст. Дар ин ҷо барои дилхушии кӯдакон тамоми шароит муҳайё шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мураббиён ва варзишгарони наврас – аъзои тимҳои футболи хурд, ки шогирдони мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳри Хоруғ мебошанд, суҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, дӯст доштани варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим ва роҳи дурусти ҳаёт талқин намуданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ба варзишгарони навраси шаҳри Хоруғ туҳфаҳои гуногун, аз ҷумла сарулибоси варзишӣ, тақдим намуда, ба бозиҳои футбол дар майдончаи нав оғоз бахшиданд.
Сокинони маҳаллаи Тирчид, махсусан ҷавонону наврасон, барои дастгириҳо ва иқдомҳои шоиста баҳри вусъати созандагиву бунёдкорӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
22 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Хоруғро натиҷагирӣ карда, таъкид доштанд, ки аз рӯи мушоҳидаҳо вилоят дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмату талошҳои ватандӯстонаи мардуми сарбаланди он ба таври назаррас обод шуда, сатҳи зиндагии мардум, тадриҷан, беҳтар шуда истодааст.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки маҳз бо мақсади таъмин намудани рушду тараққиёти вилоят асри XXI-ро асри рушди Бадахшон ва ин минтақаи биҳиштосои кишварамонро "дарвозаи тиллоӣ" - и Тоҷикистон эълон намуда, бо ҳамин мақсад, садҳо нақшаву барномаҳои созандаро амалӣ карда истодаем.
Сарвари давлат ба мардуми вилоят барои истиқболи самимӣ сипосу миннатдорӣ баён дошта, барои расидан ба ҳадафҳои созанда баҳри таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ барору комёбӣ орзу карданд.
Таъкид шуд, ки барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 18 миллиард сомонӣ равона гардид. Дар ҳудуди вилоят 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 11 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад.
Дар доираи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он тайи солҳои 2016 – 2020 татбиқи 1345 лоиҳа дар соҳаҳои гуногун ба маблағи умумии беш аз 6,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, дар чор соли сипаришуда 447 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст. Ҳоло дар вилоят 259 лоиҳа ба маблағи 400 миллион сомонӣ амалӣ мегардад ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар ҳудуди вилоят минбаъд низ идома дода мешавад.
Сарвари давлат барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он дастуру супоришҳо доданд.
Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии берунӣ ва хавфҳо дар шароити паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 ҷиҳати коҳиш додани пайомадҳои онҳо ба иқтисоди миллӣ тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Дар ин раванд, доир ба дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, корҳои назаррас амалӣ мешаванд.
Тӯли солҳои 1992 – 2020 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ танҳо барои дастгирии буҷети вилоят дар ҳаҷми 1,7 миллиард сомонӣ кумаки молиявӣ ҷудо шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 2030 иншоот ба маблағи умумии 3,1 миллиард сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардидааст.
Танҳо соли 2019-ум 202 иншооти таъйиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи 380 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супурда шуда, ҳоло сохтмону навсозии 506 иншоот ба маблағи беш аз яку ним миллиард сомонӣ идома дорад.
Президенти мамлакат роҳбарони вилоят, вазорату идораҳои марбута, Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки иншооти ба нақша гирифташударо босифат бунёд ва дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода супуранд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хусусан дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди ашёи хом имкониятҳои калон дорад ва истифодаи самараноки чунин имконот масъулият, касбият ва қобилияти баланди ташкилотчигиро талаб мекунад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, бахусус дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон, аз ҷумла коркарди мармар, мева, гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал, вусъат бахшанд.
Зимни суханронӣ ва таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои иқтисодиёти вилоят Сарвари давлат доир ба азму талошҳои давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати пурра бо неруи барқ таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳои вилоят, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмони роҳҳо, пулҳо, бунёду ба истифода додани иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ андеша ронданд.
Пешвои миллат барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ва таъмини иҷрои супоришҳо, амру фармонҳои Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Иҷрои ҳадафҳо дар самти истифодаи самараноки заминҳои корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва иҷрои дурнамои тасдиқшудаи кишти зироатҳои кишоварзӣ, ободонии вилоят ва бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ аз тадбирҳои минбаъда дар роҳи рушду пешрафти вилоят номида шуд.
Имрӯзҳо барои истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, дар вилоят сохтмони 613 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 38 дарсади он иҷро ва 145 миллион сомонӣ маблағ аз худ шудааст.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки суръати иҷрои корҳо то ҳанӯз қонеъкунанда нест ва аз роҳбарону мутасаддиён тақозо мегардад, ки корро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гаштанд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпеша ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда, бо сифати баланд ва бо риояи санъати баланди меъморӣ бунёд намудани иншооти банақшагирифташуда чораҳои зарурӣ андешанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шуданд, ки дар баробари таъмиру таҷдиди муассисаҳои тиббии вилоят ба муҷаҳҳазгардонӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Бо дарназардошти табиати нотакрор, кӯҳу қуллаҳои баланду барфпӯш ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ тараққӣ додани сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Кумитаи рушди сайёҳиро ҷиҳати дар мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ташкил кардани инфрасохтори замонавӣ, назорати ҳолати санитарии онҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва омода намудани кадрҳо дар ин самт, инчунин, ҷалби аҳолӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ вазифадор карданд.
Президенти мамлакат зимни таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатии вилоятро вазифадор намуданд, ки робитаро бо аҳолӣ мустаҳкам карда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву шаҳрвандии сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.
Вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марбута вазифадор шуданд, ки иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи забони давлатӣ”-ро таҳти баррасии ҳамаҷониба ва назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сокинони меҳмоннавоз ва заҳматкашу матиниродаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва файзу баракат орзу карданд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун Муборакшо Амонбеков - табиб, Саъдӣ Хушвахтов - роҳбари ширкати хусусии “Ҷуръат”  ва Давлатсултон Раҳматхудоева - собиқадор, баромад карда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи талошҳову ташаббусҳои созанда ҷиҳати рушду пешрафти вилоят, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъмини зиндагии шоиста барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар охир аз номи сокинони меҳнатқарин ва меҳмоннавози вилоят раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов баромад карда, ба роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар баҳри дастгирии ҳамаҷониба ва таваҷҷуҳ ба рушди ҳаматарафаи ин минтақаи мамлакат изҳори сипос кард.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2020    №: 160    Мутолиа карданд: 2566
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед