маориф
БОХТАР. ҲАМОИШ МАВЗӮЪҲОИ МЕҲВАРИРО БАРРАСӢ НАМУД
Баррасии натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар соли таҳсили 2019 - 2020 мавзӯи меҳварии машварати кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон буд, ки дар шаҳри Бохтар доир гардид.
Дар ҳамоиш раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, рушди ҷомеаро бе пешрафти соҳаи илму маориф тасаввурнопазир хонда, зикр кард, ки соҳаи маориф дар рушду нумӯи мамлакат ва таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ дошта, соҳаи афзалиятноки сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шудааст.
Қайд гардид, ки соли нави таҳсили 2020- 2021 дар вилоят наздик ба 50 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, беш аз 1350 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва зиёда аз 950 муассисаҳои томактабию марказҳои инкишофи кӯдак, мутаносибан наздик ба 770 ҳазор хонанда, 80 ҳазор донишҷӯю хонандагони касбомӯз ва 38 ҳазор кӯдаки синни томактабиро ба таълиму тарбия ва омодагии касбӣ фаро мегиранд, ки ба онҳо беш аз 50 ҳазор олиму устод, омӯзгор, мураббӣ ва устоҳои таълимӣ - истеҳсолӣ дарс хоҳанд гуфт.
- Мо бо боварӣ ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаи касбии устодону омӯзгорон, майлу рағбати ба дониш, илм ва касбомӯзидоштаи шогирдон, таваҷҷуҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, саҳми назарраси шуморо дар рушду нумӯи кишвар дарку эҳсос ва қадршиносӣ менамоем, - афзуд раиси вилоят.
Сипас, маросими тақдими ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф доир гардид. Ба 10 корманди фаъоли муассисаҳои таълимии вилоят нишон, шаҳодатнома ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дар вазъи тантанавӣ супурда шуд. Онҳо Некрӯз Турсунзода - омӯзгори фанни географияи мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб, Ҳанифа Ҳакимова - омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40 - и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Иброҳим Нозимов - директори маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди бахши маорифи шаҳри Левакант, Абдураҳмон Талбаков - омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 69 - и ноҳияи Восеъ, Амонулло Абдуллоев - директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 - и ноҳияи Фархор, Ҷӯрахон Исуфов - омӯзгори фанни физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56 - и ноҳияи Данғара, Қобил Тошов - омӯзгори фанни химияи литсейи “Ориёно” - и шаҳри Бохтар, Ойтилло Тағоева - мураббияи муассисаи томактабии № 1 - и шаҳри Бохтар, Акмал Нурализода - директори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Саида Ҳафизова - омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики литсейи № 2-и шаҳри Кӯлоб мебошанд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.08.2020 №: 162 Мутолиа карданд: 1897