logo

маориф

ДОИРАТУЛМАОРИФ ВА ТАБИАТШИНОСИ БУЗУРГ

Дар остонаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон  18 августи соли равон ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон ва Тоҷикистон 1040 - солагии ёдбуди Шайхурраис Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино  (370ҳ/980-420ҳ/1037) - яке аз мутафаккирони рӯзгори дудмони  Сомонӣ ва саромадони андешаи миллӣ, ки хезиши фарҳангии тоҷикон аз он оғоз мегардад,ҷашн мегиранд.Таъкиди ин андеша низ зарур аст, ки Шайхурраис аввалин файласуфе  дар таърихи фалсафаи тоҷик мебошад, ки пояҳои илмии  забони илми  забони "порсии дарӣ"-ро бунёд гузоштааст   (Абуалӣ ибни Сино. Осор.Ҷилди якум, Душанбе: "Дониш", 2005. с.171).
Ба андешаи инҷониб, рост омадани  ҷашни   бузургдошти ин нобиғаи  бузург бо таҷлили  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  як фоли нек ва фархунда мебошад.  Муҳаммад Иқболи, Лоҳурӣ дар китоби арзишманди худ "Сайри фалсафа дар Эрон" мефармояд:" Дар миёни нахустин файласуфони эронӣ Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ Сино (мутаваффо дар 428 ҳ.) ягона касе буд,ки барои танзими низоми фикрии мустақиле талош варзид. Ба баракати ин талош китоби "ал-Фалсафа ал-машриқия" ё "ал -Ҳикма ал-машриқия", ки бахше аз он мавҷуд аст, фароҳам омад. Гузашта аз он, дар рисолае,ки ҳамакнун дар даст аст ва аз такопӯйи неруи ишқ баҳс мекунад,пайкарае аз низоми фикрии ӯ, ки шояд баъдан, ба сурати муфассал даромада бошад,мушоҳида мешавад" (Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Сайри фалсафа дар Эрон.Тарҷумаи А.Ҳ.Ориёнпур.Теҳрон,1383 ш.,с.48).
Агар ин гуфтаи яке аз бузургтарин шоир ва файласуфи форсизабони қарни 20-ро дар мавриди шахсияти Ибни Сино мавриди назар қарор диҳем, ба чунин натиҷа мерасем, ки Шайхурраис дар саргаҳи андешаи миллии тоҷикон қарор дошта, таърихи  шинохти тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ чун миллати фарҳангофар низ ба шахсияти илмӣ ва фарҳангии ӯ пайванди ногусастанӣ дорад. Ба донишмандон пӯшида нест, ки нахустин шинохти тоҷикон дар  Аврупои асримиёнагӣ  дар миёнаҳои асри XII ба шарофати тарҷумаи ду асари доиратулмаорифии ӯ: яке дар риштаи фалсафа бо номи «Китоб аш-шифо» ва дигаре  дар илми тиб «ал-Қонун фи-т-тиб» ба забони қаштилӣ (яке аз лаҳҷаҳои забони испонӣ) ва аз ин забон ба лотинӣ сурат гирифта, таваҷҷуҳи аврупоиён, аз ҳамон даврон ва то имрӯз, ба мероси фалсафӣ ва илмии ӯ коҳиш наёфта, дар Аврупои асримиёнагӣ ва ҳатто кунунӣ мактабҳо ва ҳавзаҳои илмии ҷонибдори ӯ пайдо гардиданд. Ба ибораи дигар, таълифоти фалсафӣ ва тиббии Ибни Сино аз замоне ки ба вуҷуд омада, пасон ба забони лотинӣ ва дигар забонҳои аврупоӣ тарҷума гардиданд, мавриди таваҷҷуҳи хосси табибон, олимон, андешамандони қавму миллатҳои гуногун қарор гирифтанд. Бо назардошти ҳамин воқеият, бешубҳа, барои тоҷикон ва ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бознигарии  мероси Шайхурраис  дар  бахшҳои мухталифи илм ва, махсусан, илмҳои табиатшиносӣ  имрӯз тақозои давру замон ва ба манфиати ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии  ҷумҳурӣ мебошад. Гузашта аз ин, бо тавсияи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  барои  омӯхтан, тақвият бахшидан ва густариши илмҳои табиатшиносӣ дар Ватанамон даҳсолаи авлавият ба омӯзиш ва тарғибу ташвиқи  илмҳои табиатшиносӣ дода шуда, барои пешбурди онҳо "роҳи сабз" боз гардидааст.
Аз миёнаҳои қарни гузашта ва то имрӯз дар кишварҳои мухталифи дунё барои бузургдошти Ибни Сино ва омӯзиши мероси илмӣ, фалсафӣ ва махсусан, осори тиббии ӯ  ҷашнвораҳои ботантанаи илмӣ  аз ҷониби созмонҳои муътабари байналмилалӣ бо иштироки донишмандони соҳаҳои мухталифи илму фарҳанги кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва марказҳои муътабари ховаршиносӣ баргузор гардида, доир ба мақом ва манзалати ӯ дар пешбурди илм ва фалсафа китобу мақолаҳо,намоишномаю филмҳо ва чорабиниҳои ҷашнӣ гузаронда шуданд.
Мероси табиатшиносии Ибни Сино аз дидгоҳи фалсафӣ дар мақола ва таҳқиқоти донишмандони хориҷӣ Отиф ал-Ироқӣ (Ал-Фалсафа ат-табиъийа ъинда Ибн Сина, Миср, 1971; Мазоҳиб фалосифат аш-шарқ, ал-Қоҳира,1999),Тайасир Шайх ал-Арз, Иброҳим Мадкур,Ҷурҷ Шаҳота Қанавотӣ, Аҳмад Авда, Файсал Дабдуб, Муҳаммад ал-Манунӣ ва дигарон (Ниг.: Ат-Турос ал-арабӣ. Адад хосс йасдур би муносабат аз-зикро ал-алфийа ли Ибн Сино,56,Димашқ,1981), Белиницкий А.М. "Геолого- минералогический трактат Ибн Сины"(Журн."Известия"Н.Тадж.ССР, вып.IV,1953,с.41-54), Сагадеев А.В. "Об образовании гор и минералов (Фрагменты из "Книги исцеления".В кн.: "Избранные произведения мыслителей стран Ближнего и Среднего Востока IX – XIV вв.М.,1980) ва ватанӣ чун М. Диноршоев (Натурфилософия Ибн Сины. "Дониш", Душанбе, 1985) то дараҷае омӯхта шудаанд. Чунонки аз мазмун ва муҳтавои таҳқиқоти мазкур берун меояд, дар ин мақолаҳою монографияҳои  зикршуда, донишмандон мавқеи Ибни Синоро нисбат ба илм, фалсафаи илмҳои табиатшиносӣ, равишҳои илмии ӯ дар китоби "ал-Қонун фи-т-тиб" ва дигар асарҳои фалсафии ӯ мавриди таҳқиқ  қарор дода,хизматҳои ӯро дар ин соҳа муайян намуда, фикру андешаҳои судманд баён кардаанд.
Ибни Сино ҳарчанд ба зумраи донишмандоне мансуб аст, ки дар таърихи илми ҷаҳонӣ дар Шарқу Ғарб мероси илмӣ ва фалсафии ӯ бештар аз ҳар касе мавриди таҳқиқ ва баррасиҳо қарор гирифтааст, вале ҳанӯз ҳам тарҷума, таҳқиқ ва тарғиби  мероси гаронбаҳои  мутафаккир дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, аз назари донишмандон дур монда, дастраси хонанда ва муҳаққиқон нагардидааст. Аз ин рӯ, ҳадафи мақолаи мо, илова ба гуфтаҳои донишмандони фавқуззикр,  ҳамчун тарҷумон ва тарғибгари мероси илмӣ, фалсафӣ ва табиатшиносии Шайхурраис  таҳқиқи мухтасари  хизматҳои илмии ӯ дар пояи "Китоб ал-ҳайвон" дар бахши илмҳои табиатшиносӣ мебошад,ки онро бори аввал ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума кардаем ва  умед ҳаст, ки имсол  ба чоп расида, дастраси муҳаққиқон ва хонандагон гардад.
Аз рӯйи таснифоти  илмҳо дар анъанаи илмии юнонӣ-арабӣ илмҳои табиатшиносиро Ибни Сино ба гурӯҳи илмҳои ба истилоҳ "зерин"- и фалсафаи назарӣ тақсим менамояд. Чунончи ӯ дар доиратулмаорифи фалсафии худ ба забони модарӣ "Донишномаи Алоӣ"  чунин менигорад: "Аммо илми назарӣ се гуна бувад: Яке "илми барин" хонанд ва "илми пешин" ва "илми он чи сипаси табиат" аст, хонанд. Ва якеро "илми миёнагин" ва "илми фарҳангу риёзат" хонанд ва "илми таълимӣ" хонанд. Ва якеро "илми табиӣ" ва "илми зерин" хонанд. ( Абӯалӣ ибни Сино. Осор.ҷилди 1, Душанбе "Дониш", 2005,с.217). Дар ҷойи дигар дар "Китоб ақсом ал-ъулум ал-ақлийа"("Китоби бахшҳои илмҳои ақлӣ")  доир ба илми табиатшиносӣ ("ал-ъилм ат-табиъӣ") чунин менигорад: " Илми табиатшиносӣ илмеро гӯянд,ки марзу бум ва вуҷуди он ба моддаи ҷисмонӣ, ҳаракат, ҷирмҳои осмонӣ,чаҳор унсур ва он чи аз онҳо ба вуҷуд меояд; аслҳои хоссе,ки ба он чаҳор моя аз қабили ҳаракат,оромиш,тағйир, истиҳола, кавну фасод, боду борон, қувваҳо, кайфиятҳое , ки аз онҳо ин  аслҳо ва он чи ба онҳо монанд аст,ба вуҷуд меоянд, вобастагӣ дорад. Ин илм ба қисмҳои бисёр тақсим гардида, баъзеи он дар  мақоми асл  ва бархе аз он дар мартабаи фаръ қарор дорад. Қисмҳои аслии илми табиӣ ҳашто буда, аз ин қароранд: "Китоби каён","Китоби осмон ва олам","Китоби кавн ва фасод","Китоби осори улвия","Китоби маъданҳо","Китоби растаниҳо","Китоби ҳайвон" ва "Китоби нафс",вале бахшҳои фаръии ин илм, ки ҳафтоанд, инҳо мебошанд: "Илми тиб","Ситорашиносӣ","Илми фаросат","Илми таъбир", «Илми тилисмот","Илми найранҷот" ва "Илми кимиё"(Ақсом ал-ъулум ал-ақлийа, фӣ тисъа расоил, матбаъат ҳиндийа би Миср,1908,с.105-106,116-118). Дар ҷойи дигар дар асари машҳури фалсафии худ "Китоб ан-наҷот" баъди "Китоб аш-шифо" илми табиатшиносиро чунин таъриф додааст: "Илми табиӣ санъати назарӣ ва дорои мавзӯи хоси худ буда,дар он ва дар лавоҳиқи (қисматҳои) он ин мавзӯъ мавриди назар қарор мегирад. Мавзӯи илми табиӣ он ҷисмҳое мебошанд, ки дар тағйир ва дигаргунӣ қарор дошта, ба воситаи ҳаракатҳо ва оромишҳо баён карда мешаванд. (Китоб ан-наҷот,Теҳрон,бидуни соли табъ,с.98).

Дар фарҳанги исломӣ таваҷҷуҳ ба илмҳои табиатшиносӣ ва таълифи асарҳо  роҷеъ ба ҳайвонот  ҳанӯз аз аввалҳои қарни дуюми ҳиҷрӣ  ё худ ҳаштуми милодӣ оғоз гардида, донишмандони араб  ва арабизабон ал - Асмаӣ (216 ҳ.), Абӯҳотам Сиҷистонӣ (248 ҳ.)  ва дигарон асарҳо бо номҳои "Китоб  ал - ибил" ("Китоб дар бораи шутур"), "Китоб ал - хайл" ("Китоб дар бораи асп") ва "Китоб  ал - вуҳуш ва - т - тайр" (Китоб андар ваҳшиён ва парандагон") навишта буданд ва ин китобҳо то замони мо расидаанд. Баъдтар дар адабиёти араб ин анъанаро ба сурати мукаммал нависанда ва мунаққиди бузург ал - Ҷоҳиз  идома дода,асари машҳури худ бо номи "Китоб  ал - ҳайвон" -  ро таълиф намуд,ки бо шаҳодати донишмандон доиратулмаорифи адабие мебошад,ки дар он маълумотҳои пурарзиш роҷеъ ба олами ҳайвонот  низ оварда шудааст.  Ибни Сино, бешубҳа, бо ин асари ал - Ҷоҳиз  ошноӣ дошт, зеро дар "Китоб ал - ҳайвон" - и  худ чунин менигорад: "Он чи бархе аз мутакаллимон аз дӯстии шеру паланг мегӯянд, дурӯғ аст (Китоб ал - ҳайвон, с.114]. Ба гумони ғолиб, Ибни Сино дар зери мафҳуми "мутакаллимон" ал - Ҷоҳиз – яке аз пайравони тариқаи муътазиларо дар назар дошт.
Анъанаи навиштани асарҳои илмӣ  дар бораи ҳайвонотро  бори аввал  Ибни Сино  оғоз карда, баъди ӯ  донишмандоне чун Муҳаммад ибн Мӯсо ад - Думайрӣ  дар "Ҳаёт ал - ҳайвон"  дар асрҳои баъдина  идома дода,ба забонҳои арабӣ ва форсӣ (тоҷикӣ)   китоби машҳур бо номи "Аҷоиб ал - махлуқот ва ғароиб  ал - мавҷудот" навишта шуда,   Аҳмади Тӯсӣ сад сол пештар аз асари ҳамноми "Аҷоиб  ал - махлуқот"- и Закариёи Қазвинӣ ба забони арабӣ дар байни солҳои 1176 - 1193 ба забони форсӣ (тоҷикӣ) бо ҳамин ном китоб таълиф  кард (Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тӯсӣ. Аҷоибнома. Душанбе, 2016, таҳияи С. Назарзода ва С. Саидов, с.7).
"Китоб  ал - ҳайвон" – Ибни Сино фанни  ҳаштум ва охирини асари доиратулмаорифии  фалсафии ӯ "Китоб аш - шифо" буда, аз "Китоби илоҳиёт" - и ҳамин аср  аз ҷиҳати ҳаҷм калонтар  ва бахши асосии илмҳои табиатшиносӣ  "Китоб аш - шифо" - ро ташкил  медиҳад. Ин асарро шогирди мутафаккир Абӯубайди Ҷузҷонӣ дар феҳристи осори ӯ дар «Сирати Шайх» чунин шарҳ додааст:" Китоби маъруф  ба "аш - Шифо", ба истиснои «Китобҳои наботу ҳайвон» ба анҷом расид. Вале ин ду китобро  дар соле, ки Алоуддавла оҳанги  Собурхост намуд, дар роҳ тасниф намуд."(Абуалӣ Ибни Сино. Осор., ҷ. 1, Душанбе, 2005, с. 165.).
Ҳамин фикрро сарчашмаҳои дигар аз ҷумла: ал - Қифтӣ дар «Ахбор  ал - уламо би ахбор ал - ҳукамо» (Қоҳира, бидуни санат ат - табъ, с. 268 - 278); Ибни Аби Усайбиъа дар «Уюн ал - анбо фӣ табақот ал - аттибо» [Ҷузъи 3, Бейрут, 1979,с. 3 - 29], Яҳёи Маҳдавӣ дар «Нусхаҳои мусаннафоти Шайхурраис» [Теҳрон, 1333 ш., с. 12] ва Ҷурҷ Шаҳота Қанавотӣ дар "Муаллафот Ибн Сино" [Қоҳира,1950) зикр кардаанд. Файласуфи мисрӣ Иброҳим Мадкур, ки дар табъу нашр ва тарғибу ташвиқи осори Ибни Сино ва махсусан, "Китоб  аш - шифо" хидмати бузург ва саҳми арзишманд дорад, роҷеъ ба ин асар  ва аҳамияти он дар фарҳанги исломӣ дар муқаддимаи "Китоб ал - ҳайвон" гузориши пурмуҳтаво пешкаш кардаанд (Китоб ал - ҳайвон, с.4).
Аз  назари  сохтор ва мазмун "Китоб  ал - ҳайвон" аз нуздаҳ мақола иборат буда, мақолаҳо ба фаслҳо тақсим мешаванд, ки дарозтарин мақолаи асар мақолаи сенздаҳум буда, аз понздаҳ фасл иборат мебошад. Шайхурраис дар ин тақсимбандӣ, ба гумони ғолиб,  ба  се  китоби Арасту дар тарҷумаи арабии онҳо, ки  то замони мо расидаанд, пайравӣ намудааст. Ӯ дар "Китоб  ал - ҳайвон"  матолиби  илмӣ ва маводро   бар хилофи равиши илмии одатии худ   чун Арасту дар чанд ҷой мавриди арзёбӣ қарор додааст ("Китоб ал - ҳайвон", с. 39, 54, 67, 330, 338, 398). Осори ба ҳайвонот бахшидаи Арасту бо се номгӯй: "Таърихи ҳайвон ё табоеи ҳайвон" (дар даҳ мақола), "Аъзои ҳайвон" (дар чаҳор мақола) ва "Пайдоиши ҳайвон" (дар панҷ мақола) дар тарҷумаи Ибни Батриқ ба забони арабӣ то замони мо расидаанд. Дар маҷмӯъ, ин се асар аз нуздаҳ мақола иборат буда, аз назари табақабандии илмӣ бо ҳамдигар  алоқаи зич доранд. Ибни Сино асари худро дар як китоб ва дар пайравӣ ба  ин се асари Арасту таълиф ва табақабандӣ кардааст. Ин нуктаро дар муқаддимаи "Китоб  ал - ҳайвон" худи Ибни Сино чунин ишора кардааст: " Акнун дар бораи "Китоб  ал - ҳайвон" сухан  гуфта, дар шарҳу баёни  тамоми  матолиби ин китоб Муаллими Аввалро - ба ҷуз ташреҳи инсон - пайравӣ мекунем (Муқаддимаи Китоб ал - ҳайвон, с. 1).
Се асари ба ҳайвонот бахшидаи Арасту  аз  калонҳаҷмтарин асарҳои ӯ дар миёни осори табиатшиносии Муаллими Аввал ба шумор рафта, чунонки Иброҳим Мадкур дар муқаддимаи "Китоб  ал - ҳайвон" - и Ибни Сино ишора мекунад, Арасту дар ин се асар дар бораи бештар аз панҷсад навъи ҳайвонот, хусусиятҳо, одату ахлоқи онҳо маълумотҳои пурқимат овардааст, ки бешак, ӯро асосгузори илми "Зоология" мешуморад (Муқаддимаи Китоб ал - ҳайвон, с. Л.).
Аз таҳлили "Китоб ал - ҳайвон" - и Ибни Сино чунин натиҷа берун меояд, ки ӯ ҳангоми навиштани он асосан, ба Арасту такя карда, аз маводи осори ӯ ба сурати фаровон истифода бурдааст, махсусан,дар бахше, ки ба ҳайвон бахшида шудааст. Вале дар бахши инсон, чунонки  муҳтавои асар гувоҳӣ медиҳад ва худи  Ибни Сино инро дар муқаддимаи асар ишора менамояд, на танҳо аз Арасту истифода кардааст, балки дар бисёр ҳолатҳо бо ӯ ва дигар табибони Юнон чун Буқрот, Ҷолинус ва дигарон дар баробари эътирофи фазилаташон  бо  онҳо  ба баҳс  пардохта, ақидаҳои онҳоро роҷеъ ба ин ё он масъала дастгирӣ ва ё рад кардааст. Албатта, таҳқиқи мазмуни чунин баҳсҳои  илмӣ ва тахассусии асари Ибни Сино аз ҳадафи ин мақола берун аст, зеро ин  як кори комилан мустақили тахассусӣ ва илмии мутахассисони соҳаи байторӣ ва тиб  мебошад. Равиши илмӣ ва кори Ибни Сино дар "Китоб ал - ҳайвон" ҳангоми истифода аз осори Муаллими Аввал  ва  донишмандони Юнон чунин аст,ки ӯ дар ҳама ҷо амонати илмиро риоя намуда, ҳангоми  баёни матолиби илмӣ  мегӯяд: "ӯ [Арасту] мегӯяд" ва "ман мегӯям". Ҷойи тазаккур аст, ки истифода кардани Шайхурраис аз осори Арасту ва дигар донишмандони юнонӣ ба ин маънӣ нест, ки бигӯем "Китоб  ал - ҳайвон" - и  Ибни Сино  шарҳ ва талхиси осори ба ҳайвонот бахшидаи Арасту аст, зеро "Китоб  ал - ҳайвон" ба андешаи Иброҳим Мадкур  як таҳқиқоти комилан мустақил аст, ки муаллиф  вайро ба сурати махсус ва бо дидгоҳи вижа таълиф кардааст" (Муқаддимаи Китоб  ал - ҳайвон, с. Ф.).
Ба сурати умум,Ибни Сино аз назари соҳаи илм дар  "Китоб ал - ҳайвон" дар атрофи чаҳор масъалаи асосӣ: 1) илми муқоисавӣ доир ба ҳайвонот; 2) андомшиносӣ; 3) вазифаҳои андомҳо; 4) ва илми ҷаниншиносӣ ё эмбриология баҳс карда, нуқоти мушаххаси ин илмҳоро муайян сохтааст.
Тарзи баёни матолиби илмӣ дар "Китоб ал - ҳайвон" чунин  аст, ки Ибни Сино дар зимни ҳашт мақолаи аввали китоб ба пажӯҳиши масоили марбут ба  "Илми муқоисавии ҳайвон" пардохта, мақолаи ҳабдаҳуми асарро низ ба ин мавзӯъ бахшида, ихтилофоти ҳайвонотро нисбат ба ҷойи зист, хӯрок, андомҳои беруна ва даруна, зоиш ва афзоиш, табиат ва хӯю хислати онҳо муайян менамояд. Зимни таҳқиқи масоили илмӣ Шайхурраис ба китоби "Табоиъ  ал - ҳайвон" - и Арасту такя карда, ба андешаҳои илмии Муаллими Аввал баъзе фикрҳои ҷузъиро меафзояд, вале дар аксари  ҳолатҳо  дидгоҳи илмии Арастуро таъйид намуда, онро шарҳу тавзеҳ ва дақиқ сохта, дар баъзе масоил бо ӯ ба баҳс мепардозад. Барои мисол, Ибни Сино илова  ба гуфтаҳои Арасту хусусиятҳои хоси  ҳайвоноти шарқӣ ва ғарбиро дар китобаш ҳамроҳ мекунад.


Аз он ҷо ки "Андомшиносӣ" ба  омӯзиши сохтори дохилӣ ва вазифаҳои андомҳои ҷонварони зинда, чун инсон ва ҳайвон машғул  мебошад,  мавзӯи дувуме, ки Ибни Сино дар асари худ  мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор дода, дар он ба Арасту нукоти мушаххасро илова кардааст, таваҷҷуҳ ба масоили умдаи ин илм  мебошад. Дар таҳқиқи илми андомшиносӣ фарқияти умдаи Шайх - ур - раис аз Арасту дар ин аст, ки ӯ бештар ба ташреҳи инсон пардохтааст, дар ҳоле, ки Арасту олами ҳайвонотро бештар мавриди таҳқиқу баррасӣ  қарор додааст. Чунин падидаро мо бояд табиӣ арзёбӣ намоем, зеро Ибни Сино, пеш аз ҳама, табиб ва дар ин соҳа таҷрибаи фаровон касб карда, ҳарчанд Арасту аз авлоди табибон баромада буд, вале Ибни Сино дар табобати инсон ва ташреҳи он таҷрибаи бештар андӯхта буд. Фарқияти асарҳои ин ду мутафаккири бузург ҳам маҳз дар ҳамин аст, ки яке бештар табиатшинос, яъне Арасту ва дигаре - Ибни Сино бештар табиб буд ва ҳар кадоме ба соҳаи худ таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. Мисоли равшани чунин андеша асари тиббии Ибни Сино "ал - Қонун фи - т - тиб" мебошад, ки дар таърихи илми қадим ва навин асари бесобиқа аст.
Ибни Сино зимни шарҳу баёни андомҳои  инсон ҳайкали инсон ва узвҳои  алоҳидаи  ӯро  аз сар ё худ майна оғоз карда, пасон ба шарҳи қафаси сина, сутунмуҳра, устухонҳои асосии бадан пардохта, шарҳу баёни худро бо  шарҳу тавзеҳи  рону устухони пойҳо ва қадамҳо ба анҷом мерасонад. Бо дарки ин ки мушакҳо дар ҳаракату ҷунбишҳои инсон нақши барҷаста доранд, онҳоро ба сурати муфассал ва алоҳида мавриди шарҳу баён қарор медиҳад. Шайх - ур - раис ба ташреҳи майна ва дастгоҳи ҳозима диққати хосса зоҳир карда, онҳоро аз дидгоҳи вазифаҳо шарҳу баён дода, алоқамандиашонро бо андомҳои эҳсос ва воситаҳои идрок нишон медиҳад. Қалбро чун узви асосии инсон ба сурати муфассал таҳқиқ  карда, рагу пайеро, ки аз он ҷудо гардида, ба тамоми бадан паҳн мегарданд, маълум месозад. Тафсири  бофтаҳо, мизоҷҳо, ахлот аз мадди назари олим дур намондааст. Ӯ хунро чун унсури асосии ҳаёту мамоти инсон шумурда, майна, ҳароммағзро мавриди омӯзиши амиқ қарор  дода, илми тиб ва илми байториро ба ҳам наздик сохтааст. Ибни Сино ба масоили асосии мазкур  мақолаҳои дувоздаҳум, сенздаҳум ва чаҳордаҳуми "Китоб ал - ҳайвон" - ро, ки калонтарин мақолаҳои асарро ташкил медиҳанд, бахшидааст. Дар таснифи мақолаҳои мазкур аз "Табоеъ  ал - ҳайвон" ва "Аъзо  ал - ҳайвон" - и Арасту истифода кардааст, вале ӯ онҳоро мӯшикофона ва бо равиши махсуси илмӣ ва таҷрибаи андӯхтаи тиббии хеш мавриди таҳқиқ қарор дода, аз таҳқиқоти  андомшиносии табиби машҳури Юнон Ҷолинус фаровон баҳрабардорӣ намудааст (Муқаддимаи "Китоб ал - ҳайвон", с. Сод.).
Таваҷҷуҳи Ибни Сино дар "Китоб  ал-ҳайвон" ба вазифаҳои узвҳои ҳайвонот ва инсон камтар аз андомшиносии онҳо нест. Ӯ дар шарҳу баёни сирри офариниши инсон ва ҳайвонот ва тафсири сабабҳои ҳастии онҳо ба ин натиҷа мерасад, ки дар олами инсон ва ҳайвон се андоми асосӣ ё куллӣ - аз рӯйи таъбири худи ӯ мавҷуд аст, ки онҳо манбаи зарурӣ ва асосӣ барои бақои шахс ва навъ мебошанд: нахуст, дил, ки манбаи ҳаёт аст;  дувум, майна, ки манбаи неруи ҳис ва ҳаракат аст ва сеюмин ҷигар, ки манбаи қувваи ғизогирӣ мебошад ("Китоб  ал - ҳайвон", с. 15). Ибни Сино дар ин ақида мебошад, ки ҳар андомеро узви дигаре хидмат мекунад ва хидматгузори дил шушу рагҳои шараён буда, хидматгори майна андомҳои ғизогирӣ ва асаб мебошанд, дар ҳоле, ки  хидматгузори ҷигар меъда ва шоҳрагҳоанд ("Китоб ал - ҳайвон", с. 15). Бо арзи  ин ақида Ибни Сино хатои Арастуро, дар ин ки вазифаи майна хунуккунии қалб ва ҷудокунандаи балғаме, ки зиёдшавии ҳарорати лозимаро пешгирӣ мекунад, ислоҳ кардааст (Муқаддимаи "Китоб ал - ҳайвон", с. Қоф).
Шайх - ур - раис дар "Китоб   ал - ҳайвон" дастгоҳи ҳозимаро ба сурати муфассал шарҳу тафсил дода, нақши даҳону дандонҳоро мушаххас менамояд ва меъдаро "ошхонаи ғизо" мешуморад ("Китоб ал - ҳайвон", с. 294). Ибни Сино дар ин ҷо сурхрӯда, пардаи ҳочиз, рӯдаи дувоздаҳангушта, панкреос, рӯдаи борик ва ғафсро муфассал бозбинӣ кардааст ("Китоб  ал - ҳайвон", с. 295, 296). Таъсири фишураҳо дар ҷараёни  ҳазм ва бавижа, кори  талха мавзӯи дигаре аст, ки аз назари файласуф ва табиби мо дур намондааст ("Китоб ал - ҳайвон", с. 320).
Аз хидматҳои бузург ва бесобиқаи Ибни Сино, чи дар осори фалсафӣ, илмӣ ва табиатшиносӣ, бунёд гузоштани истилоҳоти ҳар як соҳаи илм мебошад. Тарзи сохтани истилоҳоти  "илми байторӣ" ва илми истилоҳоти марбут ба инсон дар "Китоб ал - ҳайвон" чунон  бою рангоранг мебошад, ки сазовори  як таҳқиқи  ҷомеи истилоҳшиносӣ барои забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ  аст, зеро дар илми забоншиносӣ ин нукта пазируфта шудааст,ки қудратмандӣ ва пойдории истилоҳи илмӣ аз дараҷаи серистеъмол будани он муайян карда мешавад  ва чунонки мо аз осори фалсафӣ, илмӣ ва тиббӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ мушоҳида менамоем,  донишмандони баъдина, асосан, ҳамон истилоҳотеро, ки Ибни Сино сохта ва танзим намуда буд, мавриди истифода қарор додаанд. Барои мисол, истилоҳи муҳими фалсафӣ, тиббӣ ва диние, ки Ибни Сино онро ҳам дар осори фалсафии худ ва ҳам дар "Китоб  ал - ҳайвон" ба сурати бисёр ҳам густурда мавриди истифода қарор додааст, - "рӯҳ" мебошад. (Ниг.: Муҳаммад Сайид Аҳмад ал - Масир. ар- Руҳ фӣ диросот ал - мутакаллимин ва ал-фалосифа. Ал - Қоҳира, 2002). Ин истилоҳ,ки аз ин ояи Қуръон: "Ва аз ту дар бораи рӯҳ мепурсанд: Бигӯ, рӯҳ аз олами амри парвардигор аст ва шуморо аз илм ҷуз андаке надодаанд" (Қуръон, сураи ал-  Исроъ, ояти 85) маншаъ мегирад, аввал дар осори динӣ - ирфонӣ вохӯрда, пасон дар осори фалсафӣ мавриди баҳсҳои  доманадор дар таърихи фалсафа қарор гирифтааст. Дар фалсафаи юнонӣ  ин истилоҳ  бо  номи "пневма" машҳур буда, аз ҷониби табиби мо, дар "Китоб ал-ҳайвон" ба маънои ҷисми бухории латифе, ки дар асабҳо ҷой  дошта, дар тамоми ҷисм паҳн мегардад ва аз қалб берун шуда, ба дигар атроф тӯл мекашад ва гӯё ҳамроҳ бо хун дар рагҳои шараён ва шоҳрагҳо ҷорӣ мешавад, муайян гардидааст ("Китоб ал - ҳайвон", с. 224 - 226). Ин истилоҳ аз зумраи истилоҳоте мебошад, ки Ибни Сино дар тамоми осори фалсафии худ ҳангоми шарҳу баёни алоқаи ҷисм бо нафс таваққуф  кардааст (Иброҳим Мадкур. Фи ал - фалсафа ал - исломийа, Қоҳира,1968, с. 170 - 174).

Масъалаи дигаре, ки мавриди пажӯҳиши Шайхурраис дар "Китоб ал-ҳайвон" қарор гирифтааст, ихтилофи назари файласуфон ва табибон дар масъалаи ҷойи саршавии хун мебошад. Назари ҳакимон чун Афлотун ва Арасту  ин аст, ки баромадгоҳи хун аз дил аст, дар ҳоле табибон маншаи онро ба ҷигар мансуб медонанд ("Китоб ал - ҳайвон", с. 39 - 46). Дар ин масъала Шайхурраис бо файласуфон гароиш дошта, бар хилофи машшоиён ва дар пайравӣ бо табибон  на қалб, балки  майнаро мабдаи қувваҳои нафсонӣ мешуморад ("Китоб ал - ҳайвон", с.40). Чунонки аз мазмуни асари Ибни Сино бармеояд, ӯ ба қалб ва ташреҳи он диққати махсус дода, онро дақиқан, шарҳу баён сохтааст ва рагу шоҳрагҳои аз он ҷудошавандаро низ ба қисмҳо ҷудо карда, онҳоро муайян сохтааст. Аз дидгоҳи Ибни Сино қалб дорои ҳаракатҳои ғайрииродӣ буда, онро чун мушак ҳисобидан хатост, ҳарчанд бо онҳо шабоҳате ҳам дорад ("Китоб ал - ҳайвон", с. 290 - 291).
Ибни Сино бар хилофи Арасту дастгоҳи нафаскаширо ба сурати муфассал мавриди баррасӣ қарор дода, хирной, "забони най", дастгоҳи шушро  бо шуъбаҳои  мухталифи он  ва вазифаи онро чун омодакунандаи ҳавое муайян кардааст, ки барои ғизои ҷисму ҷон зарур мебошад. Дидгоҳи файласуфонаи Шайхурраис роҷеъ ба вазифаи ҳар ду шуш аз ин иборат аст, ки аз рӯи ҳикмати Худованд сурхрагро ду шуш барои ин аст, ки бо аз кор мондани яке дигаре аз фаъолият боз намонад ва инсон нафас бикашад ва зиндагиро идома бидиҳад ("Китоб ал - ҳайвон", с. 277 - 282). Дар партави гуфтаҳои боло чунин ба назар мерасад, ки Ибни Сино ба тамоми илми физиологияи қадим огоҳии комил дошта, ду асари Арасту "Табоеъ  ал - ҳайвон" ва "Пайдоиши ҳайвон" - ро, ки ба таҳқиқоти физиологӣ бахшида шудаанд, истифода карда, дар айни замон хатоҳо ва камбудии онҳоро нишон додааст. Бешубҳа, андешаҳои физиологии Ибни Сино аз афкор ва ақидаҳои табибон ва файласуфони Юнон комилтаранд, ҳарчанд бо пайдоиши дастгоҳҳои замонавӣ, илми физиологияи нав  ва дастгоҳҳои дақиқи илмӣ корҳои ӯ аз камол дуртар мебошанд (Муқаддимаи "Китоб ал - ҳайвон", с. РЕ).
Аз бозёфтҳои Ибни Сино дар "Китоб ал - ҳайвон" кашфи пайванд байни илмҳои "Наслшиносӣ" ва "Ҷаниншиносӣ" мебошад, ки ӯ бештар ба Арасту гароиш дорад, зеро чунонки маълум аст, Арасту аз бунёдгузорони илми "Ҷаниншиносӣ" буда, ӯ байни мавлуди зинда ва тухма фарқ гузошта, хосиятҳои асосӣ ва фаръии ҷинсиро ҷудо баён мекунад ва чунин мешуморад, ки ҷанин ботадриҷ, нашъунамо ёфта, нашъунамои он ба амали хамирмоя монандӣ дорад ва дар ин ҷо вазифаи асосии ҳамроҳак ва банди нофро муайян сохтааст ("Китоб ал - ҳайвон", с. 269 - 270). Ибни Сино дар мақолаҳои нуҳум, даҳум, понздаҳум ва то ҳаждаҳум  мавзӯъҳои  мазкурро ба сурати муфассал мавриди пажӯҳиш қарор дода, нозукиҳои вазифавии онҳоро мушаххас намудааст.
Масъалаи муҳими дигаре, ки Ибни Сино дар асари худ даст зада, хатои Арастуро ислоҳ кардааст, ин аст, ки аз дидгоҳи Муаллими Аввал манӣ танҳо хоси мард ва зан танҳо дорои хуни ҳайзу нифос аст ("Китоб ал - ҳайвон", с. 144 - 145). Нуқтаи назари Шайхурраис ин аст, ки марду зан ҳар ду дорои манӣ мебошанд, ҳарчанд вай аз назари хусусият дар ҳар ду фарқ менамояд ("Китоб ал - ҳайвон", с.145). Аз дидгоҳи Арасту  мард ба зан чизи мушаххасе намедиҳад ва инро дар китобҳои худ хеле муфассал баён сохтааст ва дар ин ҷода байни Ҷолинус ва Муаллими Аввал баҳсҳои доманадор барпо гардидаанд ва ба ин ақида расидаанд, ки бунёди насл  аз марду зан аст ва мании ҳар дуи онҳо зоянда аст ва зоиш бе иштироки ҳар дуи онҳо номумкин аст ("Китоб ал - ҳайвон", с.147-164). Аз ин ҷо маълум мегардад, ки масъалаи сурат ва модда дар ин  росто аҳамияти хосса дошта, мард танҳо сурат медиҳад  ва сурат ба андешаи Арасту фарзияест, ки қариб аз чизи воқеӣ дарак намедиҳад, дар ҳоле зан модарро, ки он ҳам чизи мушаххас ва ҳисшаванда мебошад, пешкаш менамояд. Он чи дар ин маврид сазовори таваҷҷуҳ мебошад, ин аст, ки Ибни Сино  ба ҳайвоноти манидор қоил аст, ҳарчанд онҳоро эътироф намекунад, вале  ин ақидаи ӯ як андешаи бикр буда,  ба сабаби набудани асбобҳои замонавӣ ӯ  натавонистааст, онҳоро дақиқ муайян созад ("Китоб ал - ҳайвон", с. 392).
Ибни Сино аз назари истилоҳ дар китоби  худ  ба  маънии  "манӣ" ва "тухм" ё "тухма" истилоҳоти "ал - манӣ", "аз - заръ" ва "ан - нутфа" - ро истифода кардааст, ки ҳар кадоми он ҷой ва мавқеи истифодаи худро доро мебошад. Истилоҳоти гирдоварда ва таълифнамудаи Ибни Сино дар "Китоб  ал- ҳайвон", бидуни шакку шубҳа, як доиратулмаориферо мемонад, ки ба сурати умум истилоҳоти соҳаи байторӣ, олами парандагон ва инсон ба шакли муназзам ва мукаммал ҷамъоварӣ гардидааст, ки асари гаронбаҳои ӯро метавон на танҳо доиратулмаорифи илмҳои табиатшиносӣ шумурд, балки онро махзани истилоҳоти олами ҳайвонот ва инсон ба эътибор гирифт.
Асари дигари муҳим ва тарҷуманашуда ва таҳқиқнаёфтаи Шайхурраис  рисолаи начандон  бузурги ӯ бо номи «Китоб ан - набот» мебошад, ки  он сарчашмаи боэътимоди осори  марбут ба ботаникаи Ибни Сино буда, аз даврони куҳан диққати донишмандонро ба худ ҷалб сохта буд. "Китоб  ан - набот" ҳарчанд аз асарҳои хурдҳаҷми бахши табииёти "Китоб аш - шифо" мебошад, аз  ҷиҳати мазмун, услуби нигориш ва истилоҳоти хоссаи он аз сарчашмаҳои муҳими табиатшиносии асрҳои миёна  ба ҳисоб рафта, на танҳо аз нигоҳи илмҳои табиатшиносӣ, балки аз назари эҷоди истилоҳоти илмии соҳаи  рустанишиносӣ дар таърихи илм ва фалсафаи тоҷик ва исломӣ камназир аст.
Дар остонаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1040 - солагии  таҷлили ёдбуди  Шайхурраис Ибни Сино месазад ин нуктаро  таъкид намоем, ки омӯзиш, тарҷума, дастрас намудани  мероси бузурги фалсафӣ, тиббӣ ва илмию фарҳангии  мардуми  тоҷик ва ба сурати махсус Ибни Сино, ки хирмани илму маърифати оламиёнро бо дастранҷи илмии худ бой ва сероб гардондааст,  дар замони нав бояд  бештар мавриди омӯзиш ва тарғибу ташвиқи донишмандон, муаллимон, аҳли фарҳанг ва дастгирии бевоситаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифта, нақши он дар тарбияи насли ҷавони ватанамон муассиртар карда шавад. Дар ин ҷода мероси гаронбаҳо ва шахсияти  нотакрори Шайхурраис чун  нобиғаи ҳама давру замонҳо, ки тамоми соҳаҳои илми асримиёнагиро фаро гирифта, қимат ва манзалати илмии худро то ҳол гум накардааст, метавонад дарси ибрат ва ватандӯстӣ барои ҳар фарди тоҷик бошад.

Саидраҳмон СУЛАЙМОНОВ,
доктори илмҳои филология, профессори кафедраи
филологияи араби
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2020    №: 162 - 166    Мутолиа карданд: 2044
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед