logo

туризм

ИСТАРАВШАН МАХЗАНИ ҲУНАР

Шаҳри Истаравшан таърихи беш аз 3000-сола дошта, ҳунармандони он аз қадим бо санъати волои хеш дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он шуҳрати зиёд касб намуданд. Махсусан, устоҳои чӯбтарошу кандакор, кордсозу шамшерсоз, гаҳворасозу созтарош, гаҷкору оҳангар ва ғайра маъруфияти бузург доштанд.

Аз инҷост, ки ҳангоми ворид шудан ба бозори марказии шаҳри Истаравшан чашми кас ба растаҳои махсуси мансуб ба ҳунарҳои мардумӣ меафтад. Сайёҳону меҳмонони хориҷӣ аз он дидан карда, ба маҳсули дасти косибон аҳсан  хонда, онҳоро ҳамчун армуғон бо худ мебаранд. Бахусус, таваҷҷуҳ ба кордҳои бо санъати баланд сохташуда зиёд аст. Як далели ин гуфтаҳо сухани яке аз устодонам аст, ки хотироташро чунин баён кард: «Солҳои шӯравӣ ба сафари хидматӣ ба Чехославакия рафтам. Пеш аз сафар аз бозори Шоҳмансур ду кордча харидам, ки маҳсули дасти устоҳои истаравшанӣ буд ва онҳоро ҳамчун армуғон бо худ бурдам. Кордҳо 10-рублӣ арзиш доштанд. Якеашро ба роҳбалад туҳфа ва дуюмашро ба яке аз савдогарони бозори сарироҳии Прага пешкаш намудам. Ӯ баробари дидани корд мафтун шуд ва ороишу тарзи сохтани он тасхираш кард. Сипас, пешниҳоди иваз намудани кордчаро бо дилхоҳ шими ҷинс намуд. Нархи ҷинс 70 - 100 рубли даврони шӯравӣ буд. Манзур аз ин гуфтаҳо фоидаи бадастовардаи ман нест, балки эътирофи ҳунари волои косибони истаравшанист, ки бо ҳунари қадима миллати тоҷикро дар дунё муаррифӣ менамоянд». Дар замони соҳибистиқлолӣ устод дар ширкатҳои русӣ кор кардаанд ва ҳар гоҳе ба Ватан меомаданд рафиқҳояш тақозо менамуданд, ки аз он корду тоқиву ҷомаи ба яке аз дӯстон ҳадия карда ба онҳо низ биоварад.   Ин мисол гувоҳи чист? Гувоҳи он аст, ки маҳсули ҳунари асили миллати мо ба як дидан қалби бинандаро тасхир менамояд, зеро бо санъати баланд ва муҳаббати беандозаву дили гарм тавлид мегардад.
Аз ин хотир, ташкили нахустин коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ дар Истаравшан тасодуфӣ нест. Зеро ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри бостонии Истаравшан аз қадимулайём маъруф буда, аз насл ба насл омада расидаанду ривоҷу равнақи он дар замони мо боз як мисоли равшани он мебошад.
Бисёр ба маврид аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ҷиҳати ҷалб намудани ҷавонон ба касбомӯзиву ҳунармандӣ ва ҳифзи анъанаҳои қадимаи тоҷик сармашқи кори худ қарор дода, коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшанро таъсис доданд.  Дар он 45  устоду омӯзгор, рассому ҳунармандони халқӣ аз рӯи касбҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла  гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, тарроҳи либосҳои миллӣ, кандакорӣ, созтарошӣ, армуғонсоз, наққош, гаҷкор, заргар, кордсоз, шамшерсоз ва оҳангар ба ҷавонон нозукиҳои ҳунарҳои миллиро меомӯзанд. Фанҳои тахассусии рангкаш, расми соҳавӣ, композитсия, анатомияи пластикӣ, ангорасоз, хаттот, назарияи касбӣ,  масолеҳшинос ва ғайра таълим дода мешаванд. Коллеҷ дорои китобхонаи электронӣ буда, дар он зиёда аз 550 ҳазор нусха адабиёти соҳаҳои гуногун маҳфуз аст, ки аз  он беҳтарин асарҳо ва осори бебаҳои фарҳангию таърихӣ ва ҳунарию бадеиро дастрас намудан мумкин аст.
Донишҷӯёни коллеҷи мазкур дар якчанд намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок кардаанд. Аз ҷумла, соли 2018 коллеҷ дар Намоишгоҳи байналмилалӣ бо номи «Сураҷ кумели» дар Ҳиндустон ва соли 2019 дар Абу - Даби (АМА) аз рӯи коркарди чӯб иштирок намуда, ҳунари волои тоҷиконро муаррифӣ карданд.
- Бо вуҷуди ин, муваффақиятҳо дар муассисаи мо ҳанӯз ҳам камбудиҳо ҷой доранд. Масалан, сохтмони бинои асосии муассиса, ки аз соли 2011 оғоз гардида, то ҳол ба итмом нарасидааст. Бинои  муваққатӣ бошад, ба талабот ҷавобгӯ нест. Инчунин, коллеҷ ба мутахассисони мусиқишинос ниёз дорад. Чунки мутахассисони ин соҳа метавонанд ҷиҳати омода намудани созҳои мусиқӣ, ҷӯр кардан ва баланд бардоштани завқи ҳунаромӯзӣ саҳми худро гузоранд. Доир ба ин масъала борҳо ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ муроҷиат намудем. Аммо то ҳанӯз  он ҳалли худро наёфтааст. Ҳамчунин, бо супориши Роҳбари давлат барои омода намудани армуғон ба сайёҳон аз сангу гили ватанӣ дар коллеҷ шуъбае фаъолият  мекунад, ки аз нарасидани мутахассисони касбӣ танқисӣ мекашад. Муассиса тасмим гирифт ду шуъбаи дигар, яке коркарди сангҳои қиматбаҳои ватанӣ ва дигаре коркарди пӯстро ташкил намояд, то тарзи омода намудани коркарди маҳсулоти хоми ватаниро ба шогирдон омӯзанд, вале боз ҳам норасоии кабинетҳои корӣ монеи рушди ин корҳо мешаванд. Умед дорем, ки бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ин камбудиҳо  дар кӯтоҳтарин муддат ҳалли худро хоҳанд ёфт, - гуфт Насриддин Хоҷаев, директори коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ.
Бо вуҷуди ин, коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан даргоҳи ҳунарҳои бадеии халқӣ буда, баҳри эҳё, рушду такомул ва тарғибу муаррифии санъати қадима ва ҳунарҳои волои миллати тоҷик талош меварзад.
Доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов чунин мегӯяд:   «Истаравшан аз замонҳои қадим маъвои рушду инкишофи санъату ҳунар будааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон, он дорои 164 навъи ҳунар мебошад, ки инро ҳам ҳафриётҳои бостоншиносии бавуқӯъпайваста ва ҳам ёдгориҳои боқимонда аз асрҳои XV – XIX дар ин шаҳр, ҳам маҳсулоти ҳунармандии косибони чирадасту чеварони гулдӯзи истаравшании муосир собит менамоянд. Бо ташкил ёфтани коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ анъанаи дерини ниёгони ҳунарманди ин диёри куҳанбунёд дар ҳамаи соҳаҳои ҳунар ва санъати ҳунармандӣ таҷдид ва барқарор хоҳад шуд. Номи гузарҳои зиёди қадимае, ки навъҳои гуногуни ҳунарҳоро дар Истаравшан то ба ҳанӯз доранд, пайванди ногусастании аслҳову наслҳои санъати ҳунарварии моро эҳё хоҳанд кард». Мутмаинем, ки пас аз эълон гардидани солҳои 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар оянда ҷиҳати ривоҷу равнақ ва рушди бесобиқаи ҳунарҳои мардумӣ таъсири бузург хоҳанд расонд. Воқеан, Истаравшан шаҳри ҳунармандон ва ҳунарварист.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2020    №: 162    Мутолиа карданд: 3544
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед