logo

ҳуқуқ

ХАТЛОН. ҶИНОЯТҲОЕ, КИ ОШКОР ШУДАНД

Варқаи Зайниддин, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки тайи чанд моҳи ахир дар натиҷаи гузарондани санҷишҳо дар шаҳру навоҳӣ аз ҷониби кормандони ин ниҳод як қатор қонуншиканиҳо ошкор гардид. Мавсуф чанде аз онҳоро тавзеҳ дод.
 

КУШТОРИ БЕРАҲМОНА АНВАРРО ЯК УМР ПАСИ ПАНҶАРА БУРД
Шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилоят парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Анвар Саъдуллоев, ки қаблан се маротиба суд шудааст, бо моддаи 104 қисми 2 банди «п» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст намуда, барои баррасӣ ба суд фиристод.
Зимни тафтишот муайян гашт, ки А. Саъдуллоев 12 – 13 апрели соли 2017 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия Идибек Садулоевро, ки нисбаташ хусумати шахсӣ доштааст, буғӣ карда куштааст. Бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят ва ошкор нашудани кирдораш аъзои ҷасади ӯро бурида, ба борхалтаҳои полиэтиленӣ ҷой карда, дар мавзеи беодами шаҳри мазкур партофтааст. Пас аз як рӯзи ин ҳодиса Анвар Саъдуллоев ба шаҳри Душанбе баргаштааст.
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон 23 июли соли равон нисбат ба Анвар Саъдуллоев якумра аз озодӣ маҳрум намуданро таъйин кард.
 

МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ АСЪОРИ ХОРИҶӢ
Бо ин ҷурм Фозил Нуриддинов, сокини шаҳри Бохтар, дастгир гардид. Ӯ бар хилофи талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ва дастурамали № 211 «Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ» амал намуда, аз соли 2017 бидуни иҷозатномаи дахлдор ғайриқонунӣ  ба мубодилаи асъори хориҷӣ машғул шудааст. 22 апрели соли ҷорӣ ҳангоми гузарондани санҷиши вижаи прокурорӣ Ф. Нуриддинов аз харидори шартӣ Файзалӣ Ризоев дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар, маблағи 3500 доллари ИМА-ро гирифта, бар ивазаш 39 550 сомонӣ додааст. Ҳамон лаҳза ҳолати мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор ва маблағи 3500 доллар ҳамчун далел ёфта гирифта шудааст.
Нисбат ба номбурда аз тарафи прокуратураи вилоят бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз ва ба суд ирсол гардид. Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар Фозил Нуриддинов ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5800 сомонӣ ҷарима шуд.
 

САРМУҲОСИБ МАБЛАҒИ КОРХОНАРО АЗ ХУД СОХТ
Санҷиши прокурорӣ нишон дод, ки сармуҳосиби маркази стоматологии ноҳияи Ёвон Шуҳратҷон Ашӯров давоми қариб ду сол (аз сентябри соли 2018 то апрели соли 2020) бо роҳи суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ба тасарруфи маблағи воридшуда ба миқдори махсусан калон даст задааст. Ӯ дар баробари сармуҳосибӣ бинобар холӣ будани вазифаи хазинадор иловатан боз ин корро иҷро карда, аз сентябри соли 2018 ҳаррӯза пули ба хазина аз ҳисоби пардохти маблағҳои барои хизматрасонии тиббӣ аз мизоҷон воридшударо қабул намуда, аз он як миқдорашро ба суратҳисоби махсуси буҷети марказ ба филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» № 17 дар ноҳияи Ёвон супурда, боқимондаашро ба манфиати шахсиаш сарф мекардааст. Дар маҷмӯъ, бо ин амалҳои ҷинояткоронааш маблағи 218248 сомонии ба хазина воридшударо аз худ карда, ба маркази стоматология зарари махсусан калони моддӣ расондааст. Нисбат ба Ш. Ашӯров аз ҷониби прокуратураи вилоят парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ оғоз шуда, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд фиристод. Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон аз 3 августи соли равон Шуҳратҷон Ашӯров ба муҳлати 9 сол зиндонӣ ва маблағи зарар рӯёнда шуд.

Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2020    №: 162    Мутолиа карданд: 940
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед