logo

ҳуқуқ

«ПРАНК». БОЗДОШТИ СЕ БЛОГЕР БАРОИ ПАСТ ЗАДАНИ ШАЪНУ ШАРАФИ ЯК НОБОЛИҒ

Паст задани шаъну шарафи ноболиғ ва мавриди масхараву озор қарор додани ӯ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалие, ки кишвари мо онҳоро эътироф кардааст, манъ мебошад. Нисбат ба он нафароне, ки даст ба чунин аъмол мезананд, чораҳои дахлдори қонунӣ дида мешаванд.
Чунин як амали номатлуб 11 августи соли ҷорӣ аз ҷониби 3 шахси ба ном «блогер» анҷом дода шуда, навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардид. Ин кирдори блогерон мавриди вокуниши шадиди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Чуноне дар навор дида мешавад, як ҷавондухтар ҳамроҳи ду ҷавонмард ба тани писарбачаи ноболиғ куртаи чакани духтарона пӯшонда, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулоти ороишӣ (косметикӣ) рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд.
Дар рафти тамошои навор кирдорҳои зиддиқонунии «блогер» - ҳо, ки  ноболиғро масхара мекунанд дида мешавад. Ҳамзамон, ҳолати оҷизиву сарафкандагии ноболиғ дар дили ҳар нафар раҳму шафқат ва нисбат ба кирдори ношоистаи ин ҷавонон хашму ғазабро меорад. Ба хотири маблағ, зиёд намудани шумораи ҳаводорони саҳифаашон ин блогерон даст ба амалу кирдорҳое мезананд, ки хилофи меъёрҳои ахлоқӣ ва дур аз одобу рафтори инсонӣ мебошад.
Чанде нагузашта кормандони раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ омодакунандагони навор Аҳлиддин Хоҷаев, (маъруф бо лақаби «Кучкар» миёни блогерҳо), Акбар Муҳаммадиев ва Матлуба Кулиеваро дастгир карданд.
Зимни тафтиши ҳодисаи мазкур маълум шуд, ки «пранк» - и ғайриахлоқӣ бо маслиҳати пешакӣ ва розигии худи писарбачаи ноболиғ ба навор гирифта шудааст. Бо назардошти ҳолати мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вайрон гардидааст, нисбат ба ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ба Аҳлиддин Хоҷаев ва Акбар Муҳаммадиев ба муҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ дар ҳабс гирифтан ва ба Матлуба Кулиева шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъйин гардид.

Сафаргул АЛИМОВА, Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2020    №: 162    Мутолиа карданд: 940
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед