иқтисод
ХУҶАНД. БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ НИЗ ХИЗМАТИ ТИББӢ РАСОНДА МЕШАВАД
Бахшида ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қатори дигар иншооти ҷашнӣ сохтмони бинои нави маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ба номи профессор Амонулло Орифов бомаром идома дорад.
Сохтмони бинои нави табобатӣ дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2018 оғоз ёфта буд. Фармоишгари иншоот идораи сохтмони асосии вилоят буда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Евростройсервис» ба анҷом мерасонад.
Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии дастгоҳи раиси шаҳр, зимни суҳбати телефонӣ ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки ба корҳои сохтмонӣ беш аз 100 кас ҷалб шуда, то имрӯз 85 дарсади корҳо ба анҷом расидаанд. Маҳсулоти сохтмон ватанӣ буда, барои сохтмончиён шароит муҳайё гардидааст. Марказ аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, тибқи лоиҳаи пешбинишуда дар он 200 кат ҷойгир мешавад.
Бинои нав тибқи меъёрҳои замони муосир дар сатҳи баланд сохта шуда, барои баланд бардоштани солимии ҷомеа бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз мегардад. Дар марказ на танҳо ба мардуми ҷумҳурӣ, балки ба сокинони кишварҳои ҳамсоя низ хизмати тиббӣ расонда мешавад.
Сохтмончӣ Ҳалим Ваҳҳобов беш аз 20 сол аст, ки ба корҳои сохтмон сару кор дошта, ризқу рӯзиашро аз ҳамин касб меёбад.
- Кормандон ҳар се моҳ бо либоси махсус таъмин мешаванд ва маоши моҳона вобаста ба ҳаҷми кор аз 1200 сомонӣ сар мешавад. Шукр аз даврони осудагиву оромӣ дорем, ки ба Ватани худ хизмат мекунем, - гуфт Ҳалим Ваҳҳобов.
Бинокор Мурод Дадобоев гуфт, ки маҳз бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон рӯз ба рӯз ободу зебо гардида истодааст.
- Корҳоро бо сифати баланд анҷом медиҳем. Бовар аст, ки беморхона солиёни зиёд ба мардум хизмат мекунад, - гуфт ӯ.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.08.2020 №: 163 Мутолиа карданд: 1252