logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ПОРА
Боздошти ду афсари ҚС КДАМ бо 40 ҳазор сомонӣ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду афсари баландпояи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои гирифтани пора хабар дод.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентӣ, 30 июли соли 2020 шаҳрванд А. Умарова ба агентӣ муроҷиат намудааст, ки нисбат ба сардори раёсати тиббии Қӯшунҳои сарҳадӣ полковник Ҷиёнхон Азизов ва муовини командири қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон полковник Мирзодавлат Усмонзода чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро М. Усмонзода барои бо сабаби беморӣ аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани хешаш Т. Маазамов маблағи калони пулӣ ба сифати пора талаб намуда, дар ду маврид 15000 сомонӣ ва Ҷ. Азизов дар се маврид 17000 сомонӣ ба сифати пора гирифта, боз овардани 8000 сомониро талаб намуда истодаанд.
Худи ҳамон рӯз зимни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - тафтишотӣ Ҷиёнхон Азизов баъди аз шаҳрванд А. Умарова гирифтани 8000 сомонӣ ба сифати пора дар шаҳри Хуҷанд дастгир шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Ҷ. Азизов ва М. Усмонзода бо моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Тафтишоти пешакӣ собит намуд, ки полковник Ҷиёнхон Азизов ва полковник Мирзодавлат Усмонзода дар асоси маслиҳати пешакӣ, ҳамчун шахсони мансабдор барои иҷрои амали муайян, ки ба доираи ваколатҳои онҳо дохил мешавад, яъне дар асоси талаботи қонунгузорӣ аз хизмати ҳарбӣ озод намудани сарбози бемор Т. Маазамов ба сифати пора дар маҷмӯъ, 40 000 сомонӣ талаб карда гирифтаанд.
Айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

ҚАЛЛОБӢ
Боз як заминфурӯш ба даст афтод
Кормандони милитсия зимни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ раиси Ҷамоати деҳоти Яккадини ноҳияи Ҷайҳунро барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карданд. Маълум шуд, ки боздоштшуда соли 2014 бо роҳи фиреб ба бовари марди 35 - солаи сокини ноҳия даромада, бо ваъдаи ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 500 доллари ИМА гирифта, ба манфиати худаш сарф намудааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, номбурда соли 2015 дар вазифаи муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Яккадини ноҳия кор карданаш моҳи феврали ҳамонсол бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ноҳия даромада, бо ваъдаи ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, аз ӯ 300 ҳазор рубли русиро гирифтааст. Инчунин, моҳи октябри соли 2017 аз марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия бо ваъдаи ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 2 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсӣ сарф кардааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» ва 338 иловаи-1, қисми 2 банди «в» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2020    №: 163    Мутолиа карданд: 1087
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед