маориф
ФАЙЗОБОД. СОҲАИ МАОРИФ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи сентябри соли гузашта бо сокинони ноҳияи Файзобод ба вуқӯъ пайваста буд, рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри рушди соҳа дастаҷамъона саъю кӯшиш доранд.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, фаъолияти кормандони соҳаро таҳти назорати қатъӣ қарор доданд. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳама зинаҳо беҳтар намуда, барои таҳсилоти босифат заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро такмил бахшем ва самарабахшии кори онҳоро таъмин намоем,- гуфт мудири шуъбаи маорифи ноҳия Тағоймурод Ғуломов.
Айни ҳол, дар ноҳия 64 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла, 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 4 кӯдакистон. Дар онҳо 23 ҳазору 457 хонанда таълим мегирад. Инчунин, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва маркази эҷоди наврасону кӯдакон дар хизмати сокинони ноҳия қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки соли сипаришуда, аз ноҳия 21 нафар хатмкунанда бо Квотаи президентӣ, аз ҷумла 11 духтар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шудаанд.
Дар зарфи 29 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод, сохта ба истифода додани 25 муассисаи таълимии хуштарҳу замонавӣ, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир ва фарогири 5 ҳазору 788 хонанда бунёд ёфтааст. Боиси хушҳолист, ки қисме аз онҳо бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудаанд.
- Бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ рӯз ба рӯз вусъат ёфта, ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ сохтмони 12 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 20 сентябри соли гузашта бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Сари чашмаи Ҷамоати ҷавонон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64 аз тарафи соҳибкор Ҳалима Худоёрова бунёд ва ба истифода дода шуд. Инчунин, дар деҳоти Ҷавонон, Баҳористону Заркамар ва Навобод аз тарафи соҳибкорону саховатмандони ноҳия муассисаҳои таълимӣ бо беш аз 400 ҷойи нишаст бунёд гардид. Айни замон сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Шукурӣ, Навбаҳор ва Дараи Алов бомаром ҷараён дорад. Дар назди муассисаҳои №.№. 19, 31, 42, 45, 58 сохтмони синфхонаҳои иловагию майдончаҳои варзиш, ки дар онҳо наздик ба 1000 толибилм фаро гирифта хоҳад шуд, идома дорад. Манучеҳр Каримов аз зумраи соҳибкоронест, ки дар шаҳраки Файзобод барои 100 хонанда муассисаи хусусии томактабӣ сохта ба истифода дод, - афзуд мудири маориф.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.08.2020 №: 163 Мутолиа карданд: 2044