маориф
НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. АЗ РУШДИ СОҲИБКОРӢ ТО ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ МАОРИФ
Пешрафтҳои бесобиқа дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Темурмалик аз меҳнати пурсамар ва аҳлонаи сокинону масъулони ин диёр шаҳодат медиҳанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми шаш моҳи аввали соли равон ба буҷети маҳаллӣ ба ҷойи 6836,6 ҳазор 8324,8 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки 122 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
РУШДИ СОҲИБКОРӢ БА ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ ТАКОН БАХШИД
Ба иттилои Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳия, дар ин давра аз тарафи нозироти андоз 363 соҳибкори инфиродии бо патент ва 110 соҳибкори бо шаҳодатнома фаъолияткунанда ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо ба буҷет 493 ҳазор сомонӣ ворид гардид.
- Аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорони ватанӣ бунёди марказҳои хизматрасонӣ, меҳмонхона, ошхона, бозори хусусӣ, корхонаҳои истеҳсоли мебел, пойафзол, бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ ва иншооти дигари иҷтимоию иқтисодӣ идома дорад. Дар ин давра се маркази хизматрасонии дорои кошонаи ҳусн, ошхона, сартарошхона, нуқтаи савдо, коргоҳи дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, мағозаҳои тиҷоратӣ, нонвойхона ва дорухонаҳо ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, навсозии маркази саломатӣ, кашидани хати оби нӯшиданӣ ба масофаи 1,5 километр, таъмири шабакаи оби полизӣ ба дарозии 1,5 километр, бетонпӯш намудани каналҳои селпарто ба масофаи 200 метр анҷом ёфта, дар ҳудуди боғи фарҳангиву фароғатии ноҳия иншооти гигиенӣ - санитарии замонавӣ сохта шуд. Дар маркази ноҳия бинои маъмурии филиали КВДҶ “Тоҷикагролизинг” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷониби соҳибкорон навсозии толори варзишии муассисаи таълимии рақами 2 ва сафолакпӯш намудани роҳравҳои маркази шаҳрак идома дорад. Соҳибкори маҳаллӣ баробари саҳмгузорӣ дар корҳои ободонии ноҳия ба беморхонаи марказии ноҳия мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа кард.
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ низ босамар идома дорад. Айни ҳол дар ноҳия лоиҳаҳои давлатии сармоягузории “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо”, ”Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим”, “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”, “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4”, “Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал”, “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ”, “Вусъат бахшидани ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (коридори 3 ва 5)” ва “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” амалӣ шуда истодаанд ва маблағи аз худшуда то ин дам 3 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.
ФАРОВОНИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ назар ба шашмоҳаи соли гузашта 2,3 дарсад афзуда, ба зиёда аз 103 миллион сомонӣ расид.
Хоҷагиҳои кишоварзӣ дар 16 ҳазор гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт намуданд. Истеҳсоли ғалладона қариб ба 20 ҳазор, сабзавот 3094,5, картошка 2487 ва мева ба 278 тонна расонда шуд. Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт, шир, тухм, пашм ва пилла ба таври назаррас афзуд. Барои мустаҳкам намудани пойгоҳи хӯроки кирмак парвариши 12,5 ҳазор бех ниҳоли тут ба роҳ монда шуд.
Дар мавсими ободонӣ ва кабудизоркунӣ 11,6 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ ва қариб 96,5 ҳазор бех гулу гулбутта шинонда шуд, ки ин ҳусни мавзеъҳои сайругаштии ноҳияро боз ҳам зеботар намуд. 212 гектар боғ ва 6,5 гектар токзори нав бунёд ёфта, 22 гектар боғи куҳна аз нав барқарор карда шуд.
РУШДИ БЕСОБИҚАИ СОҲАИ МАОРИФ
Дар доираи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 - 2020” дар деҳаи Танобчии Поёни деҳоти Танобчӣ бо иқдоми соҳибкори ватанӣ сохтмони муассисаи томактабии хусусии дорои 60 кати хоб идома дорад.
Ҳамчунин, дар ноҳия “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” бомаром татбиқ гардида истодааст, ки дар доираи он сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар назди 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар маҷмӯъ, барои 2600 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, таъмири толори варзиши МТМУ № 2 ҷараён дошта, сохтмони толору майдончаи варзишӣ дар назди интернати наздимактабии деҳоти Кангурт дар нақша аст.
ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар ноҳия то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду таъмири 270 иншоот ба нақша гирифта, аллакай, наздики 140 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст. Дар 113 иншоот корҳои сохтмонӣ ва 20 иншоот корҳои лоиҳакашӣ идома доранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.08.2020 №: 164 Мутолиа карданд: 2010