logo

сиёсат

МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳо ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурданд.
Қабл аз оғози маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии Ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат ҳамеша қадр мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастоварду рӯйдодҳои муҳими таърихӣ хотирмон хоҳад буд, зеро ба истиқболи ин рӯйдоди фараҳбахш дар саросари мамлакат корҳои ободкориву созандагӣ вусъат ёфта, аз пойтахти мамлакат то дуртарин гӯшаву канори он боз ҳам ороставу зебо гардида истодааст.
Соли 2020, қатъи назар аз вазъи мураккаби ҷаҳон, таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ, барои Тоҷикистони азизамон соли таърихӣ ва пешравӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди маҳал, ба шумор меравад.
Дигаргуниҳои куллие, ки дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе ва дар тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми ватандӯстамон мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле корҳои назаррасро анҷом додаанд.
Ифтитоҳи иншооти гуногуне, ки дар гӯшаву канори кишвар идома дорад, гувоҳи равшани ҳиммати созандаву бунёдкоронаи шаҳрвандон, бахусус соҳибкорон ва мардони бонангу номус, барои фардои ободу осуда ва дастовези ҷашнии онҳо мебошад.
Ҳамаи ин корҳои ободониву созандагӣ самараи сулҳу ваҳдат, ватандӯстиву худогоҳии халқамон ва заҳмати шабонарӯзии пешсафони арсаи меҳнат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имрӯзаи супурдани мукофотҳои давлатиро имконияти муносиби муаррифии дастовардҳои ҳар як мукофотгиранда ба тамоми сокинони мамлакат маънидод намуда, изҳори хушҳолии худро аз дидору суҳбат бо мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, табибон, кишоварзон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон, дар байни сарфарозшудагон таъкид доштанд.
Ҳамин тавр, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъ-олияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, 70 корманди соҳаи  илму  фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ  ва  соҳибкорон, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I, ордени “Шараф” дараҷаи II, медали “Хизмати шоиста”, унвонҳои фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2020, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ қадр шуданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо  ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I сарфароз гардид.
Дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон” барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ як нафар унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, се нафар унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, як нафар унвони фахрии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, як нафар унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ду нафар унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, як нафар ордени “Шараф” дараҷаи II, 36 нафар медали “Хизмати шоиста” ва се нафар Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  гирифтанд.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2020 ва 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 сарфароз шуданд.
Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бо Амри Президенти мамлакат ба хотири қадршиносии омӯзгорони беҳтарин мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуда, 5 нафар соҳиби Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф гардид.
Дар маросими мукофотсупорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла намояндагони бахшҳои истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро махсус таъкид карданд.
Боиси зикр аст, ки шумораи зиёди занону ҷавонони мукофотгиранда дар соли таҷлил аз 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шаҳодати фаъолгардии нақши ҷавонон, бахусус занон, дар ҷомеа ва дастгирии бештари онҳо аз ҷониби давлат мебошад.
Дар маросими мукофотсупорӣ як гурӯҳ олимони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 мушарраф гаштанд.
Дар анҷоми маросими бошукӯҳи мукофотсупорӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи онҳоеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадр гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки афроди бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида, дар оянда низ тамоми қудрату тавонашонро ба хотири ободии кишварамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона дареғ намедоранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2020    №: 165    Мутолиа карданд: 776
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед