logo

фарҳанг

ДОСТОНЗЕБ

Мо ба суруду таронаҳои ватанпарваронаи ҳунармандони халқии Тоҷикистон Майсара Дилдорова, Нуқра Раҳматова ва Душанбе Паллаев ҳамчун намунаи олии таронаҳои ватанхоҳӣ арҷ мегузорем.
Эмомалӣ РАҲМОН

Ин гуфтаро аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров (ш. Хоруғ, 21. 8. 2020) шунида, бағоят хушнуд гаштам.
Хаёл маро ба давраи хуши мактабхонӣ бурд. Зеро маҳз аз ибтидои солҳои 60 – уми асри гузашта садои дилнишини сарояндаи булбуловои Бадахшон Майсара Дилдорова дар фазои ҳунарии тоҷик танинандоз гашта буд. Чун он овон барномаҳои телевизионӣ мустақиман пахш мешуд, з – ин сабаб боз омадани дастаи ҳунарии Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғро ба шаҳри Душанбе бесаброна интизор мешудем.
Ҳар бори омадани ҳунармандони театр ба пойтахт, баҳри иштирок дар маърака ва ё чорабиние, ҳайати ҳунармандон бо армуғоне – дастагули тозаи таронаву рақс ва оҳангҳои дилнавози кӯҳистонӣ қалби тамошогаронро тасхир месохтанд. Бо шунидани навои сетори мутриби худодод Мамадато Таваллоев, оҳангҳои рӯҳафзои бастакори нотакрор Қиматшо Шоискандаров, овози ширину марғуладори Майсара Дилдорова ва дигар пешаварони театр хотирҳо болида, дилҳо фараҳ мегирифтанд. Ҳунармандони мазкур муаррифгари ҳунари миллии тоҷикон дар қаламрави Тоҷикистон, ҳам Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷ аз он маҳсуб меёфтанд.
Албатта, то онҳо дар Бадахшон дигар сарояндаҳои соҳибистеъдод низ доди ҳунарро дода буданд, аммо барои инҷониб овози дилнишину гуворои Майсара Дилдорова, пешавари достонзеб, мақбул буду ҳаст. Он овон номи Майсара Дилдорова вирди забонҳо буд. Ному насаби зебо, суфтаву равон, садои мафтункунандаву қомати раъно бо як дидану шунидан садои шевояш касро шефтаву шайдо мегардонд...
Майсара Дилдорова 2 августи соли 1944 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Ҳанӯз 11 сол дошт, ки ба арсаи ҳунари овозхонӣ ворид шуд. Ӯ фаъолияташро аз дастаи ҳавасмандони санъати мактаби миёна, дар зодбум ҳусни оғоз бахшид. Майсара аз услуби халқии мактаби овозхонии мардуми Бадахшон баҳра бардоштааст. Сарояндаи ашъори ғаноӣ аст.
Соли 1960, аз синни 16 – солагӣ ҳаёту фаъолияти хешро ҳамчун сароянда ва ҳунарпеша бо Театри мусиқӣ - мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи Рӯдакӣ (ҳоло Меҳрубон Назаров) пайваст. Ва ӯ зина ба зина, сол ба сол, бо заҳмати шабонарӯзии хеш маҳбубу маъруф гашт. Барномаҳои эҷодиаш пурмазмун буданд. Шояд Майсара ягона овозхони театр буд, ки бо забонҳои халқҳои гуногуни дунё – ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, русӣ, озарӣ, арабӣ, ҳиндӣ, эронӣ ва афғонӣ моҳирона мехонд. Бо ҳамин ритм меомӯхту месуруд, қалбҳои тамошогарони ватаниву хориҷиро тасхир месохт. Меҳнатдӯстӣ ва ҳунари волояш аз назарҳо дур намонд. Баъди 25 соли часпу талошҳо дар майдони ҳунар Ҳукумати вақт овозхони ширинадо Майсара Дилдороваро бо унвони баланди Артисти халқии Тоҷикистон қадр кард.
«Иди Зафар» (оҳанги Зиёдулло Шаҳидӣ, шеъри Мирсаид Миршакар), «Хоруғи зебо» (оҳанги Фозил Солиев, шеъри Маҳмадалишо Ҳайдаршо), «Бахти ман дар Тоҷикистони ман аст» (оҳанги Қудратулло Яҳёев, шеъри М. Ҳайдаршо), «Моҳи Шуғнон» (оҳанги Қиматшо Шоискандаров, шеъри М. Ҳайдаршо) ва ғайра беҳтарин сурудҳои Майсара Дилдорова мебошанд.     
Ҳунарвари мумтоз, ҳамчунин, дар саҳнаи театри Хоруғ як силсила нақшҳои асосиро бозидааст. Нақшҳои ёдмони Гулқурбон («Тошбек ва Гулқурбон» - и М. Миршакар), Гурдофарид («Рустам ва Суҳроб» - и Ғанӣ Абдулло), Гулбаҳор («Бой ва хизматгор» - и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ), Ситора («Бахти  шумо бахти ман аст» - и М. Миршакар), Латофат («Тӯй» - и С. Ғанӣ) ва ғайра ҷолибу диданӣ мебошанд.
Майсара Дилдорова дар фестивали «Роҳи Абрешим» (1986, Япония) ширкат варзида, бо ҳунари хеш ҳозиринро мафтун сохт. Нағз ёд дорам, пас аз солҳои нобасомони 90 – ум ин бонуи ғайратманд бо нахустин ҳайати ҳунармандони Бадахшон дар саҳнаҳои ҳунарии шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ҳунарнамоӣ карда, қалби ҳаводоронашонро болида гардонд.
Соли 1999 ба ИМА ва Канада сафари ҳунарӣ анҷом дода, дар ин гӯшаи дурдасти олам низ табъи мухлисони хешро болида дошт.
Тӯли фаъолияти эҷодӣ Майсара Дилдорова дар саҳнаҳои ҳунар зиёда аз 30 нақш офарида, бештар аз 200 таронаву оҳанг эҷод намудааст.
21 августи соли равон аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунидани номи сарояндаи маҳбуб ва дӯстдоштанӣ Майсара Дилдорова дар қатори номи устодони номӣ Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Мирзоазиз Мамадазизов, Мамадато Таваллоев, Савсан Бандишоева, Сабзаҷон Шоисмоилова, Бегимсултон Алифбекова, Қиматшо Шоискандаров, Бахтулҷамол Карамхудоев, Маҳингул Назаршоева, Сафарбегим Тошхӯҷаева ва Бовар Хусравов барои ҳаводорони ин бонуи ҳунар мояи ифтихор буд. Инҷониб низ баробари ҳунарманди достонзеб Майсара Дилдорова, ки он лаҳза дар қатори якуми театри тозабунёд ин суханонро мешунид, хушҳолӣ мекардем.

Умари ШЕРХОН,адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2020    №: 165    Мутолиа карданд: 831
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед