logo

мулоқотҳо

Тантанаҳои идона дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

24 октябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили солгарди 60-уми таъсисёбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз як қатор биноҳои мавҷуда ва иншооти нави сохтмонашон идомадоштаи ин нахустмуассисаи олии таълимии кишвар дидан карда, бо устодону донишҷӯёни сершумори он дар толори калони Кохи Ваҳдати пойтахт вохӯрии дилнишин анҷом дод.
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон субҳи барвақт оғоз ёфт. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба бинои асосии донишгоҳ, ки дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ҷойгир аст, ташриф овард.
Дар ин бино Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо толору синфхонаҳои бо техникаю таҷҳизот ва дигар воситаҳои муосири таълиму тарбия муҷаҳҳазгашта шинос шуд.
Дар китобхонаи электронии донишгоҳ, ки ба наздикӣ бо 6 адад чунин китобхонаҳо ва 30 синфхонаи компютерии воқеъ дар ҳамаи факултаҳо пайваст хоҳад шуд, байни Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва донишҷӯёну устодон сӯҳбатҳои озоду ошкоро ва ҷолибу хотирмон сурат гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дидан карда, ин ҷо низ бо донишҷӯён сӯҳбатҳои самимии падарона анҷом дод ва онҳоро ба омӯзиши илму техникаи муосир ва истифодаи пурсамар аз айёми нотакрори донишҷӯӣ ҳидоят намуд.
Сипас Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳраки биноҳои нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, нахуст бо рафти корҳо дар сохтмони 4 бинои нави 5 –ошёнаи таълимӣ, ки барои се факултаи он пешбинӣ шудааст, шинос шуд.
Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки сохтмони ин биноҳо соли 2010-ум ба поён расида, дар онҳо факултаҳои физикаю риёзиёт, кимиё ва биологияи донишгоҳ ҷойгир мешаванд.
Дар сӯҳбат бо масъулини сохтмон таъкид гардид, ки то имрӯз барои бо сифат ва суръати баланд анҷом додани сохтмони ин  биноҳо, ки дорои шароити муосири таълимӣ, аз ҷумла лаборатория ва техникаю таҷҳизоти имрӯза хоҳанд буд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 5 миллион сомонӣ сарф шудааст ва бинокорон корро бо дилгармию ҳавасмандӣ ба роҳ мондаанд, зеро ба онҳо ба тариқи корбайъ аз 1200 то 2000 сомонӣ маош дода мешавад.
Сипас Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин шаҳрак дар маросими тантанавии ифтитоҳи хобгоҳи 9-ошёнаи донишҷӯён иштирок намуд.
Бо буридани лентаи рамзӣ ин бинои боҳашамати ҳозиразамон расман ба истифодаи донишҷӯёни эҳтиёҷманд супурда шуд.
Зимни шиносоӣ бо шароити зист, будубош, дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат зикр гардид, ки ин бинои 9-ошёна аз се қанот ва 383 ҳуҷраи зист иборат буда, барои 1038 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.
Барои ҳар ду ё се ҳуҷра ташноб, ҷойи дастурӯшӯӣ ва оббозӣ бо оби гарму хунуки доимӣ ва дар ҳар як ошёна ҳуҷраи хӯрокпазӣ ва толорҳои дарстайёркунию фароғатӣ мавҷуданд.
Ҳуҷраҳои зисти донишҷӯён дорои катҳои зебою форами хоб, ҷевонҳои китобмонию либосовезӣ, мизу курсӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошанд.
Дар зербино ё таҳхонаи он дастгоҳҳои хушсохт ва ҳозиразамони барқии обгармкунӣ васлу насб шудаанд, ки тамоми хобгоҳро ба таври мустақилона бо гармӣ ва оби гарм таъмин карда метавонанд. Ба гуфти мутахассисони масъул, истифодаи ин ҷиҳозҳо ҳам ба сарфаи нерӯи барқ мусоидат мекунад ва ҳам ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор.
Зикр гашт, ки барои анҷоми сохтмон, таъмиру тармим ва ҷиҳозонидани  бино аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 13 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Сипас  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни ДМТ ба Кохи Ваҳдати пойтахт омад.
Вохӯрии тантанавии бахшида ба 60-солагии донишгоҳ бо ворид шудани Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толори калони маҷлисӣ оғоз ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии шодбошӣ ва таҳлилии худ нахуст аҳли толор, тамоми устодону донишҷӯён, ҳамаи хатмкардагони нахустмактаби олии кишвар ва онҳоеро, ки бо он алоқамандӣ доранд, бо ин санаи фархунда табрику таҳният гуфт.
Таъкид гардид, ки дар зарфи 60 сол ин даргоҳи бузурги илму маърифатро зиёда аз 90 ҳазор нафар донишҷӯ хатм намудааст ва аксари онҳо ходимони давлатӣ, сиёсатмадорон, шоирону нависандагон, олимони барҷаста ва мутахассисони варзидаи ин ё он соҳа мебошанд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи маориф ва таҳсилоти олии кишварро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ва ба талаботи замон мутобиқ намудани он дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.
Бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон номи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро гирифт.
Дар охир бо амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон коллективи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор устодони донишгоҳ бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонда шуданд.
Аз ҷумла Равшан Раҳмонов бо ордени «Дӯстӣ», Тоҷиддин Раҷабов ва Бӯрӣ Шукуров бо ордени Шараф дараҷаи 2,  Усто Мирзоев бо медали Хизмати шоиста, Баҳриддин Камолиддинов ва Маҳмадюсуф Юнусӣ бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Фия Исаева, Маъруф Исоматов, Аламхон Кучаров, Абдусалом Миралиев, Маъруф Мирзошарифов ва Шарофиддин Тӯйчиев бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва ноиби ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Нуралӣ Шоев ва се нафар муаллимони беҳтарини мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар – Абдулафиз Азизов, Абдусалоҳ Манонов ва Ҳикматулло Тошев бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф қадрдонӣ шуданд.
Бояд таъкид намуд, ки суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва маслиҳату ҳидоятҳои судманду пурҳикмати ӯ ба донишҷӯёну ҳамаи ҷавонони ояндасози кишвар баҳри омӯзиши амиқи илму техникаи муосир ва саҳмгузорӣ дар пешрафту шукуфоии Ватани азизи худ мавриди хушнудию қаноатмандии аҳли толор қарор гирифт.
Дар воқеъ рушди соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсилоти олӣ ва  баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ пайваста зери назорат ва мавриди ғамхорию дастгирии намоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад.
Чунонки дар суханронии Сардори давлат Эмомалӣ   Раҳмон зикр гардид, маблағгузории соҳаи маориф аз 1,5 миллион сомонии соли 1995 дар соли 2008 аз ҳамаи манбаъҳо ба 690 миллион сомонӣ расид ва соли оянда барои эҳтиёҷоти ин соҳа сарфи 1 миллиарду 140 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 1995  33 маротиба зиёд аст.
Дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон дар кишвар 710 мактаби нави таҳсилоти умумӣ сохта ба истифода дода шуд. Танҳо ҳамин сол 34 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ аз таъмир бароварда шуда, дар назди 77  - тои дигар 310 синфхонаи иловагӣ бунёд ёфт.
78 мактаб-интернат, ки дар онҳо 9 ҳазор нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат таҳсил мекунад, таҳти сарпарастӣ ва ғамхории доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Онҳо, аз ҷумла ҳар сол ду маротиба бо сару либосу пойафзоли нав ва маводи зарурӣ таъмин мегарданд.
Барои дар сатҳи баланд ва бо талаботи замон хонондани мактаббачагони болаёқат дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ литсею гимназияҳои президентӣ бунёд меёбанд, ки дар онҳо беҳтарин хонандагон бо ҷалби омӯзгорони варзидаю пуртаҷриба ба таълиму тарбияи хуб фаро гирифта мешаванд.
Барои сохтмони ин ва дигар муассисаҳои таълимӣ ҳар сол маблағҳои хеле зиёд ҷудо мегарданд. Аз ҷумла баҳри сохтмони гимназияи ҷумҳуриявии президентӣ дар шаҳри Душанбе 12 миллион сомонӣ, мактаб-интернати президентӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа 15 миллион сомонӣ, филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт 10,2 миллион сомонӣ, бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи нави Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ 6,4 миллион сомонӣ ҷудо гаштааст.
Бо     ҳидояти Эмомалӣ   Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, барои дар хориҷа хонондани беҳтарин хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва литсею гимназияҳо фонди махсус таъсис дода шудааст, ки ҳаҷми маблағҳои он дар соли оянда нисбат ба соли равон ду баробар афзуда, ба 5 миллион сомонӣ мерасад.
Ғайр аз ин дар 10 давлати дунё донишҷӯёни беҳтарини тоҷик бо бурсияҳои худи онҳо ба таври ройгон таҳсили илм мекунанд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бошад, чун нахустмактаби олӣ  ва бузургтарин маркази илму маорифи кишвар пайваста таҳти назари хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Аз ҷумла ба гуфти ректори донишгоҳ Саидмаҳмад Одинаев, барои идомаи сохтмони биноҳои нави он дар шаҳраки донишҷӯён 82 гектар замин ва маҷмааи биноҳои нотамоми хобгоҳҳо дубора ба ихтиёри он баргардонда шуд ва бо ин мақсад маблағҳои зиёд ҷудо мегарданд.
Донишгоҳ дорои нерӯи бузурги илмию омӯзгорӣ мебошад. Дар 96 кафедра ва 21 лабораторияву гурӯҳҳои илмии он 1186 нафар устоду корманди илмӣ пурмаҳсул фаъолият менамояд, ки аз онҳо 5 академик ва 9 узви вобастаи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 108 нафар доктори илму профессор ва қариб 400 нафар номзади илм мебошад. Донишгоҳи миллӣ дорои 15 бинои таълимӣ, институти тадқиқотии илмҳои табиӣ ва 3 пойгоҳи таҷрибаомӯзӣ мебошад. Ба ихтиёри донишҷӯён 8 бинои хобгоҳи дар сатҳи замонавӣ таъмиру тармимшуда, 4 ошхона бо 976 ҷойи нишаст, профилакторияи «Шифо», дармонгоҳ ва комплекси варзишию фароғатии «Ҷавонӣ» ҷудо шудаанд.
Ба бунёди марказҳои Интернет, китобхонаҳои электронӣ ва шароити омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Айни ҳол дар донишгоҳ 6 маркази Интернет ва 1 китобхонаи электронӣ, 24 синфхонаи компутерӣ, 3 маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ амал мекунанд.
Солҳои охир аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ намудани низоми кредитии таълим дар мактабҳои олӣ талаб карда мешавад, то ки шумораи мутахассисон ва сатҳу сифати омодасозии онҳо ба талаботи бозори меҳнат мутобиқат кунад. Ба гуфти Сардори давлат дар солҳои 2000-2005-ум дар кишвар зиёда аз 20 ҳазор иқтисодшинос ва қариб 5 ҳазор ҳуқуқшинос омода гаштааст, ки ин аз талаботи бозори меҳнат чанд баробар зиёд аст. Дар дигар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёт, ки имрӯзҳо ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ бунёд ёфтаанд, мутахассисон намерасанд. Аз ҷумла дар ҳамин панҷ сол дар соҳаи сохтмон 38 ҳазор, саноат 25 ҳазор, нақлиёту алоқа 11 ҳазор, хизматрасонӣ 21 ҳазор ва дар кишоварзӣ 33 ҳазор ҷойи кор омода гаштааст.
Чунонки ба мо маълум шуд, дар факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кӯшишҳои ба роҳ мондани робитаи байни илму таҳсилот бо истеҳсолот то андозае ба назар мерасад, ки ин арзандаи дастгирӣ ва пуштибонӣ аст.
Дар факултаи кимиё низ, аз ҷумла дар шӯъбаи кимиёи таҳлилӣ мегӯянд, ки робитаи он бо ҷомеа ё худ бозори меҳнат хуб аст, зеро мутахассисони омодакардаи он дар бисёр соҳаҳо пурмаҳсул фаъолият мекунанд.
Ба гуфти омӯзгорону олимони факултаи кимиё, агар истеҳсолкунандагон робитаро бо илм боз ҳам беҳтар кунанд, онҳо метавонанд ба ҷомеа, пеш аз ҳама дар соҳаи тандурустӣ нафъи бештар биёранд, зеро на ҳамаи бозёфту кашфиётҳои онҳо ба истеҳсолоти васеъ роҳ меёбанд.
Хушбахтона солҳои охир рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва эҳёи истеҳсолот дар тамоми соҳаҳои кишвар баръало ба назар мерасад ва бо боварию эътимод метавон гуфт, ки бо идомаи ин раванди умедбахш илму маориф ва истеҳсолот дастгири ҳамдигар шуда, ба пешрафти ҳаёти ҷомеа ва таъмини зиндагии арзандаи мардум мусоидати фаъол мекунанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 9094
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед