logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

31 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” шунида шуд.
Таъкид гардид, ки мақсади асосии барномаи мазкур амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи тухмипарварӣ, навъсанҷӣ, селексияи рустанӣ, инчунин, татбиқи бомуваффақияти он ва бунёди соҳае мебошад, ки дар мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ фаъолият намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон супориш доданд, ки барои татбиқи пурраи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 аз тамоми имкону захираҳо ва таҷрибаи пешқадам истифода баранд.
Дастуру супоришҳо ба масъулони Вазорати кишоварзӣ бобати истифодаи самараноки замин, интихоби тухмиҳои хушсифату серҳосил дар вақти кишти зироатҳо ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, дода шуд.
Аъзои Ҳукумат баъди муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома барои татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи ҳосил, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, захираи маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ барои давраи зимистон, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва захираи тухмии картошка барои соли оянда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Супоришҳо ба Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдор доир ба таъмини саривақтии маошу нафақа дода шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии коронавирус ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода бурда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истеҳсолу захираи маводи кофии озуқаворӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ ба роҳ монанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.09.2020    №: 166    Мутолиа карданд: 9613
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед