logo

қарорҳои ҳукумат

ШАРҲИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 4 августи соли 2020, №1580 ба тасвиб расид.

Ҷиҳати татбиқи фармони мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Аз 1 сентябри соли 2020 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ, бахусус маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти идораи давлатӣ ба андозаи 15 фоиз ва музди маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа ба андозаи 10 фоиз зиёд карда мешавад.
Инчунин, андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ ва дигар намуди стипендия, ба истиснои стипендияҳои президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 15 фоиз зиёд мегардад.
Андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, нафақаи заминавӣ ва нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 15 фоиз зиёд гардида, мувофиқан ба андозаи 207 сомонӣ ва 978 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд карда, онҳоро то ҳаштсолагӣ тарбия намуданд), кӯдакони маъюби то 18-сола, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин ниёз дошта, ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъйин шудааст, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад.
Маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар 4 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин, аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ пурра таъмин карда мешавад.
Мутобиқи қарори мазкур вазорату идораҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» чораҳои таъхирнопазир андешанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.09.2020    №: 166    Мутолиа карданд: 3053
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед