logo

сиёсат

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ИНШООТҲОИ НАВСОХТИ ПОЙТАХТ

Ифтитоҳи бинои нави “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар шаҳри Душанбе
1 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт бинои нави Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшида шуд.

Бинои нав бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат аст. Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» мебошад. Барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба иҷро расиданд.
Ёдовар мешавем, ки коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ таърихи 85 - сола дошта, ҳанӯз соли 1935 таъсис ёфтааст. Ин боргоҳи илму маърифат ва касбу ҳунар давоми солҳои тӯлонӣ дар биноҳои гуногун фаъолият кардааст. Бо дарназардошти ҷавобгӯ набудан ба талаботи замон соли 2014 сохтмони бинои нави коллеҷ оғоз шуд.  Инак, муассисаи таълимӣ соҳиби бинои наву замонавӣ гардид, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад.
Аснои шиносоӣ аз шароитҳои фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз муҳайё гардидани имкониятҳои васеи илму ҳунаромӯзӣ масъулонро барои омода кардани мутахассисони баландихтисос ҳидоят намуданд. Дастур дода шуд, ки дар раванди таълим ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, диққати ҷиддӣ дода шавад.
Мавриди зикр аст, ки бинои навсохт дорои 28 кафедра, 146 синфхона ва 8 толори барҳавои лексионӣ буда, бо мизу курсӣ, аёниятҳои таълимӣ ва муосиртарин технология, аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо, муҷаҳҳаз мебошад ва барои таҳсили 3 ҳазору 500 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.    
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» аз рӯи 12 ихтисос, аз ҷумла корҳои табобатӣ,  момодоягӣ, ҳамширагӣ, ҳамширагӣ дар косметология, дандонсозӣ, табобати дандон, тиббӣ – офиятӣ, фарматсевтӣ, тиббӣ – ташхисӣ, тиббӣ-профилактикӣ, истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ, ташхис ва табобати нурӣ, мутахассисон омода мешаванд.
Соли ҷорӣ дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ омодасозии мутахассисон аз рӯи ихтисоси нав - кори ҳифзи иҷтимоӣ низ дар ин муассисаи таълимӣ ба роҳ монда шуд.
Синфхонаҳои фаннӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва омӯзгорон бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва хати интернет пайваст мебошанд. Дар китобхонаи коллеҷ наздики 65 ҳазор номгӯи адабиёти таълимӣ, методӣ, тахассусӣ, илмию бадеӣ ва сиёсиву фарҳангӣ мавҷуд аст. Илова бар ин, китобхонаи электронӣ  бо 15 компютер, ки ба шабакаи интернет пайваст аст, муҷаҳҳаз буда, дар хазинаи он зиёда аз 3 ҳазору 200 номгӯи адабиёти гуногун дар шакли электронӣ мавҷуд аст.
Теъдоди умумии компютерҳо дар ин муассисаи тозабунёди таълимӣ  440 адад аст. Аз 109 принтер, 87 тахтаи электронӣ ва 82 видеопроектор донишҷӯён дар раванди таълим босамар истифода менамоянд.
Айни замон дар коллеҷ 7 ҳазору 569 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз ин шумора 5 ҳазору 550 нафар духтар мебошад. Ба онҳо 321 омӯзгор, аз ҷумла 85 нафар бо дараҷаи тахассуси олӣ, 64 нафар бо тахассуси якум ва 49 нафар бо тахассуси дуюм дарс мегӯянд.
Ҷиҳати мутобиқ намудани раванди таълим ва машғулиятҳои амалии донишҷӯён ба меъёрҳои байналмилалӣ дар коллеҷ якчанд  маркази  таълимию табобатӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла марказҳои таълимӣ - табобатии “Ҷарроҳия”, “Стоматология”, марказҳои таълимӣ– истеҳсолии “Таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ”, “Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш”, “Дорусозӣ”, маркази “Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ”, маркази “Омӯзиши малакаҳои амалӣ” ва “Осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ” таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо омӯзгорони соҳибтахассус фаъолият намуда, бо донишҷӯён машғулиятҳои амалӣ мегузаранд.
Бинои асосии муассиса ҳамчун бинои маъмурӣ пешбинӣ шудааст, ки дар таҳхонаи он маркази тестӣ мавҷуд аст. Дар қабатҳои болоӣ ҳуҷраҳои корӣ, бойгонӣ, шуъбаҳои таълим, тарбия, илм ва ёрирасон сохта шудаанд. Дар муассисаи таълимӣ ошхона бо 200 ҷой мавҷуд буда, барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳо толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст сохта шудааст.
 Дар саҳни коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 3 майдончаи варзиш барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол бунёд шудааст, ки бо мақсади ба варзиш машғул шудани донишҷӯён шароити зарурӣ фароҳам аст. Бояд гуфт, ки толори барҳаво ва майдончаҳои варзиш имкон медиҳанд, ки на танҳо мусобиқаҳои варзишии дохилимуассисавӣ, балки мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ низ ташкилу баргузор карда шаванд. Муассисаи навбунёд пурра ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст гардидааст ва раванди таълим тавассути дастгоҳҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.
Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз марҳилаҳои ташаккули тибби тоҷик, ки таърихи тӯлонӣ дорад, изҳори андеша карда, тарбияи мутахассисони баландихтисосро дар ин ҷода аз вазифаҳои аввалиндараҷаи  омӯзгорон арзёбӣ карданд. Таъкид  шуд, ки соҳаи тандурустии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба  дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи солимии аҳолиро, ки бойигарии давлат аст, дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.  Бо ин мақсад, дар ҷумҳурӣ муассисаҳои нави тандурустӣ бунёд гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти  муосири соҳа муҷаҳҳаз карда мешаванд, то хизматрасонии тиббӣ ба сокинон  боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда шавад. Пешвои муаззами миллат ба ҷамъоварӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ аз гулу гиёҳҳои шифобахши диёр низ диққати махсус равона карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳуҷраи фармакогнозия ва истеҳсоли дорувории  коллеҷи мазкур 16 намуд маводи доруворӣ аз гулу гиёҳҳои шифобахш истеҳсол мешавад.
Ба иттилои масъулон, соли 2020 Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”- ро 2 ҳазору 280 донишҷӯ аз рӯйи 12 ихтисос хатм намуда, соҳиби маълумоти миёнаи тиббӣ гардид. Донишҷӯёни дурдасти мамлакат бо хобгоҳи замонавӣ ва дорои шароити арзандаи зист таъмин мегарданд. Саҳн ва атрофи бинои нав сабзкорӣ гардида, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинонда шудаанд.

Кӯдакистони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе”
1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе”- ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи нави томактабӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Шералӣ Холов дар заминаи дастгирӣ аз ташаббусҳои давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистон соли 2019 дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида буд ва, инак, дар рӯзҳои таҷлил аз 29 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат барои насли наврас бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Фармоишгари иншоот Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷик кейтеринг сервис” буда, корҳои сохтмониро паймонкор Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Обшорон” ба анҷом расондааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 60 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон барои истифодаи пурсамар  аз  имконоту шароити мусоиди фароҳамгардида дар бинои нави таълимӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.  
Кӯдакистон аз 2 бинои 3 - ошёна бо таҳхона барои 120 нафар иборат буда, дорои 6 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои дигари ёрирасон аст.
Ҳамаи шаш синфхонаи кӯдакистон аз ҳуҷраи либосивазкунӣ, синфхона, хобгоҳ, ҷойи дастурӯйшӯӣ ва ҳуҷраи мураббӣ иборат буда, ҳар як дорои шароити мукаммали таълиму тарбия мебошад.
Дар ин даргоҳи маърифат барои ҷалби 40 кӯдак дар гурӯҳи калони томактабӣ, 40 нафар дар гурӯҳи миёнаи томактабӣ ва 40 нафар дар гурӯҳи хурд ба таълими ҳамаҷониба имкони пурра мавҷуд аст.
Омӯзиш дар кӯдакистон бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, барои таълиму тарбияи насли наврас мураббияҳои соҳибтаҷрибаю донандагони хуби забони англисӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Дар маҷмӯъ, дар ин даргоҳи нави таълимӣ 33 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудааст.
Бинои замонавии муассисаи томактабӣ бо дарназардошти меъёрҳои мавҷуда сохта шуда, ҳангоми даромад ба бино дар он роҳрави алоҳидаи махсус барои афроди дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ низ бунёд гардидааст. Кӯдакистон дорои лифт ва хати алоҳидаи барқу трансформатор мебошад. Бинои нави таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти муосири омӯзишӣ, техникӣ ва бехатарӣ таъмин аст ва роҳравҳои дохили иншоот бо расмҳои қаҳрамонони афсонаҳои кӯдакона ҳамаҷониба оро ёфтаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин даргоҳи маърифат бо тарбиятгирандагон  суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Дар кӯдакистони нав бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва солимгардонӣ толорҳои мусиқию варзишӣ  ва  синфхонаи гимнастикӣ таъсис ёфтаанд. Боғча, ҳамзамон, дорои нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи методӣ ва ду ошхонаи барҳаво бо системаи дастраскунии молу ашё ва хӯрок аз поён ба боло мебошад.
Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону мураббияҳо бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистонро туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 29 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, даъват ба амал оварданд, ки барои тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ бо истифода аз имконоту шароити фароҳамгардида тамоми малакаю маҳорати худро равона созанд.
Дар саҳни боғчаи нав 4 суҳбаткада низ бо талаботи муосири баргузории машғулиятҳо сохта шуда, майдончаи ҳавлии кӯдакистон ҳам барои гузарондани бозиҳои гуногун ва ҷалби наврасон ба солимгардонӣ хеле мувофиқ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо имконоти фароҳамгардидаи таълиму тарбияи насли наврас дар кӯдакистон ба соҳибкор барои дастгирии ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Амалисозии иқдомҳои наҷиб омили муҳим дар роҳи татбиқи босифату босамари “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 - 2020” мебошад. Атрофи бино дар масоҳати 110 метри мураббаъ сабзкорӣ гардида, нишастгоҳҳо низ гузошта шудаанд. Намои биноро шабонгоҳ чароғҳои гуногун зинат мебахшанд.

Бунёди сардхона дар шаҳри Душанбе
1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сардхонаи ҶДММ “Маркази савдои деҳқон” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фирӯза Масиева бунёд гардид, ки барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзиву маводи ғизоӣ имконияти васеъ дорад. Аз ҷумла, дар сардхона имкон аст, ки 2000 тонна сабзавоту мева ва 1000 тонна дигар намуди маҳсулоти ғизоӣ, ки ниёз ба нигоҳубини хос доранд, захира карда шаванд.
Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамоянд, насб гардидаанд. Масоҳати умумии бино 3800 метри мураббаъро ташкил дода, дар он 25 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.
Сардхонаи нав дорои анборҳои алоҳидаи нигоҳдории молу маҳсулот буда, барои кашондани бор дар он шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Иншооти мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, ин иқдом имкон медиҳад, ки дар ҳама фаслҳои сол бозорҳои шаҳри Душанбе бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ таъмин гарданд. Дар ин баробар, маҳсули дастранҷи деҳқонони мамлакат дар сардхона захира гардида, дар ҳолати афзоиши талабот, ба дигар кишварҳо низ содирот мегардад.
Дар оянда иқтидори сардхона ба 4 ҳазор тонна расонда шуда, дар дохили он сехи коркарди меваву истеҳсоли консерв ба роҳ монда мешавад, ки ба ин васила дар маҷмӯъ, 80 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад гашт. Ҳоло бошад, дар шафати сардхона бо истифода аз шароиту имтиёзҳои фароҳамшуда соҳибкор сохтмони маркази хизматрасонии 4-ошёнаро идома медиҳад ва то анҷоми соли ҷорӣ бо тамоми шароитҳои муосир бинои мазкур ба истифода дода мешавад. Дар ҳудуди иншооти навбунёд як толори намоишӣ бо масоҳати 600 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд. Дар намоишгоҳ молу маҳсулоте, ки имконияти нигоҳубини онҳо дар сардхона мавҷуд аст, манзур карда шуд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни ангур, тарбузу харбуза, бодирингу помидор, себу нок ва дигар маҳсулот, иборат буд.
Таъкид гардид, ки бо роҳандозии дурусти қоидаҳои агротехникӣ ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат афзоиш ёфта, дар заминаи қабули барномаҳои давлатӣ майдони боғу токзор васеъ мегардад. Ин раванд имконият фароҳам овард, ки талаботи бозори дохилии мамлакат бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ қонеъ гардида, ҳамчунин, содироти он ба кишварҳои мухталифи олам ба роҳ монда шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид иброз доштанд, ки дар вазъияти баамаломада, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳолати ногувор қарор додааст, рушди соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар порча замин ва гирифтани чанд ҳосил аз як қитъа омили асосии таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тоза ба шумор меравад. Масъулонро вазифадор карданд, ки барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ аз фаъолияти чунин сардхонаҳои замонавӣ самаранок истифода бурда, дар дигар фаслҳои сол низ сабади истеъмолии шаҳрвандонро бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ғанӣ созанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.09.2020    №: 166    Мутолиа карданд: 761
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед