logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАШХИСИЮ ТАБОБАТИИ “АҲВАР - АҲВАТ”

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар – Аҳват”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассиси дармонгоҳ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самти рушд” буда, дар ду ошёнаи аввали бинои 18-ошёнаи навбунёди истиқоматӣ ҷой гирифтааст. Он аз бахшҳои гинекологӣ, дандондармонӣ, ҷарроҳии умумӣ ва пластикӣ, косметологӣ, педиатрӣ, дар маҷмӯъ, аз 12 ҳуҷраи хизматрасонӣ ва гӯшаи гиёҳдармониву дорухона иборат мебошад. Ҳуҷраҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии муассиса бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббии ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Ба корафтодагон табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони дорои таҷрибаи ғанӣ бо усули замонавӣ хизмат мерасонанд.
Зимни шиносоии Сарвари давлат, маълум гардид, ки дар муассиса се утоқи бистаринамоӣ мавҷуд буда, ҳар кадомашон шароити хуби корӣ  доранд. Бояд таъкид дошт, ки то имрӯз барои гузарондани якчанд намуд ҷарроҳии пластикӣ сокинони мамлакат ба хориҷа сафар мекарданд, ки маблағ ва  вақти зиёд сарф мегардид. Акнун, чунин имконият дар шаҳри Душанбе фароҳам омада, ниёзмандон метавонанд аз он бе мушкилӣ баҳравар гарданд.
Ташхисгоҳи муассиса аз 30 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои ташхиси микробиологӣ, биохимиявӣ, иммунологӣ, патологӣ ва ғайра иборат буда, бо навтарин таҷҳизот таъмин мебошад. Дар он мутахассисони соҳибтаҷриба – вирусологони баландихтисос ба кор ҷалб шудаанд, ки бо истифода аз технологияи мавҷуда имкони гузарондани ҳамаи намуди ташхисро доранд. Ташхисгоҳ бо стандарти байналмилалии GMP фаъолият менамояд. Дастгоҳу таҷҳизоти он муосиртарин буда, аз ИМА, Олмон, Австрия, Туркия ва Чин дастрас шудаанд.
Рӯзҳои наздик ба марказ боз се таҷҳизоти замонавии ташхисию табобатӣ ворид мешавад, ки дар мамлакат беназиранд. Туфайли ба фаъолият шурӯъ намудани боз як муассисаи нави тиббӣ, дар маркази шаҳри Душанбе 75 нафар, аз ҷумла 26 табиби соҳибихтисос, ки дар хориҷи кишвар аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд, бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд.
Муассисаи  ташхисию  табобатии  “Аҳвар - Аҳват” бо муассисаҳои машҳури тандурустии кишварҳои пешрафта робитаи зичи ҳамкорӣ дорад ва дар ин замина имконияти васеъ барои табодули таҷриба ва такмили ихтисоси кормандон фароҳам мебошад.
Бояд зикр намуд, ки муассисаи мазкур дуюмин муассисаи тиббӣ мебошад, ки аз ҷониби ҶДММ “Самти рушд” таъсис ёфтааст. Қаблан, ҷамъият дар кӯчаи Абайи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чунин маркази муосири ташхисию табобатиро ба истифода дод. Марказ аз шуъбаҳои нефрологӣ, гемодиализ ва ташхисгоҳ иборат буда, дар он 34 мутахассис ба мардум хизмат мерасонад.  Шуъбаи гемодиализ  дорои 11 дастгоҳи замонавии истеҳсоли Олмон мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоташ истеҳсоли Австрия буда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯянд. Марказ дорои мошини ёрии таъҷилии бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонда буда,  шабонарӯзӣ фаъолият менамояд.
Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ  зоҳир намуда, барои рушду пешрафти он, ба хотири таъмини солимии аҳолӣ, ки бойигарии давлат аст, имконоти фарохро ба вуҷуд овард. Ин аст, ки имрӯз, баробари мукаммал гардидани шароити хизматрасониҳо, дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ ҳавасмандии бахши хусусӣ низ ба ин самт бармало эҳсос мегардад. Имрӯз соҳибкорону сармоягузорон имкон доранд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои наву замонавии солимгардонӣ таъсис дода, бо рақобати солим дар беҳбеҳбудии саломатии аҳолӣ саҳм гузоранд.
Утоқҳои корию хизматрасонӣ, долону ҷойҳои мунтазиршавии мизоҷон дар Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар – Аҳват” бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ таъмир гардидааст. Низоми кор ё қабул ва ташхису табобат, хоса хизматрасониҳо, дар муассиса марказондашуда буда, бо ин роҳ аз як ҷониб сифати ташхису табобат таъмин ва аз тарафи дигар вақт бамаротиб сарфа мегардад.
Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар муассисаи нави ташхисию табобатӣ баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки бо чунин имконоти фарох аз кормандон равона намудани маҳорату малакаи касбӣ ва саҳми арзишманд гузоштан дар солимии аҳолӣ талаб мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2020    №: 167    Мутолиа карданд: 486
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед