logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АСОСГУЗОРИ НИЗОМИ БИСЁРҲИЗБӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пошхӯрии низоми яккаҳизбии  Иттиҳоди Шӯравӣ ба марҳилаи нави ташкили сиёсати дохилӣ қадам гузошта, барои бунёди сохти низоми давлатдорӣ мустақилона шурӯъ намуд ва бо вуҷуди мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ системаи фалаҷшудаи давлатдориро мутобиқ ба талаботи замон аз сифр ташкил карда, дар таҷрибаи давлатдории қариб сисола ба муваффақиятҳои беназир ноил гардид.

Амалӣ шудани низоми бисёрҳизбӣ дар кишварро, ки пас аз эълони Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ташаккул ёфт, метавон яке аз дастовардҳои муҳими сохти демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ кард.
Мавҷудияти низоми бисёрҳизбӣ яке аз нишонаҳои демократия буда, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бояд барои ташаккули афкори ҷомеа ва дар маҷмӯъ, баҳри пешрафти кишвар, ки дар Конститутсия ва қонунҳо муқаррар гардидаанд, нигаронда шавад.
Воқеан, ташаккули низоми бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон раванди таърихӣ дошта, он яке аз нишондиҳандаҳои бунёдии давлати самти иҷтимоидошта ва низоми демократии сиёсӣ, ки метавонад кафолати ҳуқуқҳои сиёсии шахс ва гурӯҳҳои сершумори иҷтимоӣ - сиёсиро таъмин намояд, арзёбӣ мегардад.
Зери мафҳуми низоми бисёрҳизбӣ мавҷудият ва ҳамоҳангӣ дар асоси рақобати функсионалии гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ (масалан, миллатҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ) фаҳмида мешавад, ки он ба манфиатҳои объективии иҷтимоӣ - сиёсӣ марбут аст ва хусусиятҳои муҳими иҷтимоӣ ва унсурҳои системаи сиёсии ҷомеаро муайян, ҳамчунин, ба пуррагӣ раванди ташаккули ҳокимияти сиёсиро таъмин ва ташкил менамояд.
Асосгузори   сулҳу   ваҳдати   миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустине, ки ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шуданд, борҳо таъкид карда буданд, ки ҷонибдори сохти давлати демократӣ ва дунявӣ ҳастанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат зимни суханронӣ дар иҷлосияи ХVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1993 тазаккур дода буданд: “Мо азму ирода дорем, ки давлати ҳуқуқбунёди демократӣ созем”.
Ин нукта дар суханрониҳову мулоқотҳои Пешвои миллат (аз ҷумла, дар маҷлиси фаъолони ВМКБ аз 13 июни соли 1993 ва дар мусоҳиба бо журналистони ватаниву хориҷӣ) таъкид гардида, маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлат ва ҷонибдории мардуми Тоҷикистон давлати демократӣ бунёд гардид, ки яке аз рукнҳои асосиаш низоми бисёрҳизбӣ мебошад.
Дар ин замина, олими фаронсавӣ Морис Дюверже дар китоби худ «Политические партии» (Москва, 2018) изҳор доштааст, ки рушди ҳизбҳо бо рушди демократия, яъне тавсеаи иродаи маъмулии мардум вобаста аст.
Таъсиси низоми бисёрҳизбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дарҷ гардида буд, яке аз намунаҳои хуби инкишофи демократия дар кишвар буд, ки минбаъд он марҳила ба марҳила рушд намуд.
Маҳз бо дурандешии Роҳбари давлат дар аввалин Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол пешниҳод гардидани низоми бисёрҳизбӣ ба инкишофи минбаъдаи демократия дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.
Роҳбари давлат 18 апрели соли 1998 зимни суханронӣ дар Анҷумани IV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чунин изҳор дошта буданд:  “Ислоҳоти сиёсӣ, ки зимни он дар соҳаҳо низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, барои фаъолияти озодона ва пурмаҳсули ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ шароити баробар фароҳам овард. Ҷомеаи мо аз якрангии тоталитарӣ озод шуда, ба мавҷудияти ҳизбҳои гуногун ва ҳамзистии онҳо батадриҷ одат мекунад.
Ин раванд нишонаи солимгардии рӯҳияи сиёсии ҷомеа мебошад ва ривоҷи минбаъдаи он танҳо ба Президент не, балки ба тамоми қувваҳои сиёсӣ вобаста аст”.
Дар робита ба ин зикр намудан ба маврид аст, ки ба ақидаи муаллифони китоби «Рушди сиёсат ва идоракунӣ дар Ҳиндустон» (New Delhi, 1994) Вериндер Гровер ва Ранҷана Арора демократия яке аз системаҳои пешбари сиёсии давлат ба ҳисоб рафта, дар сурати мавҷуд набудани ҳизбҳои сиёсӣ дар давлат режими тоталитарӣ ташаккул ёфта, метавонад, ки ба системаи ҳизбии “ташаббуси сиёсӣ, ваҳдат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсӣ” мухолифат кунад.
Ин аст, ки маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдории навин Тоҷикистон ба сӯи демократия устуворона қадам гузошт ва дар мамлакат низоми бисёрҳизбӣ ҷорӣ шуд.  
Азбаски кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба роҳи демократикунонии ҷомеа нав қадам мегузошт, бо мақсади демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ризоият дар ҷомеа, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, таъмини гуногунандешии сиёсӣ ва идеологӣ, иштироки озоди ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, табақаҳо ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ дар интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунии давлат мутобиқи Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, ҳанӯз бисту як сол муқаддам – 1 декабри соли 1999, таҳти №2, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсӣ дар ҷумҳурӣ” ба имзо расида буд, ки он низ барои рушди минбаъдаи демократия дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.
Баъди гузашти солҳо Пешвои муаззами миллат  зимни суханронӣ дар Анҷумани VI ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1999 таъкид намуда буданд: “Яке аз хусусиятҳои асосии ҷомеаи демократӣ ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ мебошад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шаклу усулҳои нодири чунин ҳамкориҳо ба вуҷуд омадаанд. Сохторҳои давлатии мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба таҷрибаи мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд”.
Ин аст, ки то ҳол дар Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятӣ фаъол буда, намояндагони ниҳодҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ, ба он шомиланду дар тақвияти ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, саҳми муносиб мегузоранд.
Дар Тоҷикистон тибқи талаботи Конститутсия ва қонунгузории кишвар низоми бисёрҳизбӣ ҷорӣ аст, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба танзим медарорад.
Айни ҳол дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ: Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, фаъолияти сиёсӣ мебаранд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид гаштанд, таъкид шудааст, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд. Ҳарчанд фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ба таври мушаххас дар қонунгузории кишвар муайян шудааст, бо вуҷуди ин, то ҳол баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ба ҷойи фаъолияти ҳизбӣ ва кӯшиши зиёд намудани ҷонибдорону амалӣ кардани ҳадафҳои оинномавӣ бо заифнолию ҳарзагӯӣ машғуланд. Ҳол он ки ҳизби сиёсӣ ҷамъияти ихтиёрии шаҳрвандон буда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва ба даст овардани ҳокимият дар доираи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ байни ҳам ҳамеша дар рақобати солим бояд бошанд.
Барои амалӣ намудани чунин ҳадафҳо аҳзоби сиёсӣ идеологияи ҳизбии худро дошта бошанд ва вобаста ба талаби замон барномаҳои мушаххасе омода намуда, барои рушди ҷомеа саҳм гузоранд.
Зеро, тавре ки узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар як мақолааш (“Ҷумҳурият”, № 74, аз 22. 04. 2014) таъкид мекунад: “Ҳадафи эҷодкорони идеология ва субъектҳои пешбарандаи ин ғояҳо дар он аст, ки одамон аз лиҳози манфиатҳои онҳо ба олам назар кунанд”.
Яъне фаъолияти ҳизби сиёсӣ ва идеология аз ҳар ҷиҳат бо ҳам алоқаманд буда, фаъолияти сиёсии ҳизби сиёсӣ дар байни ҷомеа, асосан, ба идеологияи ҳизбӣ вобастагии қавӣ дорад.
Чунин ба назар мерасад, ки дар амалӣ намудани рисолати ҳизбӣ яке аз аҳзоби бонуфузи кишвар – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, дар ҳама самтҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши бештар дорад.
Мутаассифона, дар кишвар ҳизбҳое мавҷуданд, ки бо манзур намудани ду-се пешниҳоди сатҳӣ воҳима мебардоранд, ки гӯё кори бузургеро анҷом дода бошанд.
Чунин амалкарди баъзе аҳзоби сиёсӣ солҳост, ки идома дорад ва вобаста ба масъалаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 19 марти соли 1997 зимни суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни кишвар таъкид намуда буданд, ки алҳол фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи ташкилот ва мақомоти нашриётиашон маҳдуд аст.
Дар робита ба ин узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз  дар китоби худ “Сиёсатшиносӣ” (Душанбе, 2010) таъкид кардааст, ки ҳатто то имрӯз баъзе ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ба вазъи сиёсии мамлакат пурра сарфаҳм нарафта, ба қобилияти иқтисодиву сиёсии хеш дуруст баҳогузорӣ карда наметавонанд.
Бинобар ин, муҳим аст, ки ҳизбҳо ҷиҳати зиёд намудани аъзо ва ҷонибдорони худ ба самти идеологии фаъолият таваҷҷуҳи бештаре дошта бошанд ва идеологияи ҳизбиро такмил дода, барои марҳилаи минбаъдаи фаъолияти сиёсӣ тарғиботро бештару хубтар ба роҳ монанд.
Дар ин сурат метавон муваффақ шуд, ки ҳизбҳои сиёсиро ҷомеа ҳамчун неруи пешбарандаи ҳаёти сиёсӣ шиносад, аъзо ва ё ҷонибдорӣ он бошад ва ҳадафҳои оинномавии ин ё он ҳизбро дастгирӣ намояд.
Мавҷудияти низоми бисёрҳизбӣ, ки поягузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд, метавонад идоракунии сиёсиро боз ҳам тақвият бахшида, барои устуворӣ ва бардавомии низоми сиёсии давлати демократӣ, ки дар чунин низоми сиёсӣ идоракунии давлат дар ихтиёри ҳокимияти халқ аст, мусоидат намояд.

Ҷамшед ОБИДЗОДА, унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2020    №: 167    Мутолиа карданд: 608
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед