logo

туризм

ШИКОРИ КӮҲӢ: САЙЁҲИЕ, КИ РУШД МЕХОҲАД

Тоҷикистон чун макони зисти гӯсфандони кӯҳии Марко Поло (архарҳо) шинохта шуда, барои рушди сайёҳии шикор мувофиқ арзёбӣ мегардад. Ғайр аз ин, дар ҳудудҳои табиии ҳифзшавандаи мамлакат навъҳои гуногун ва нодири ҳайвонот мавҷуданд, ки ҳазорҳо дӯстдорони шикорро ҷалб менамоянд.

Ҳифз ва популятсияи гӯсфанди Марко Поло, бузи пармашох, гавазни кӯҳии бухороӣ, хирси бӯр ва дигар намуди ҳайвоноти нодир имкон медиҳанд, ки дар ҷумҳурии мо шикори ин навъи ҳайвонот ба роҳ монда шавад. Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар саршумори архарҳои помирӣ то 9 ҳазору 592 сар афзудааст. Саршумори бузҳои пармашох то 711 сар, гавазнҳои кӯҳии бухороӣ  408 ва палангҳои барфӣ 156  сар зиёд шудааст.
Бояд гуфт, ки шикор яке аз навъҳои сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ роҳандозӣ мешавад. Барои шикори ҳайвонот, тибқи қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамасола квота ҷудо мегардад. Мутобиқи иттилои кумита, барои ташкили шикор дар давраи солҳои 2020-2021 барои шикори 140 сар ҳайвони ваҳшӣ, аз ҷумла бузи пармашох – 12, гавазни кӯҳии бухороӣ – 11, гӯсфанди Марко Поло - 105 ва хирси бӯр 12 квота ҷудо шудааст.
Шикори ҳайвонот дар минтақаҳои кӯҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Рашт ва вилояти Хатлон дар мавсими шикор бо ҷалби сайёҳони хориҷӣ гузаронда мешавад . Дар ҳудуди заминҳое, ки ҳайвоноти ваҳшӣ сукунат доранд, хоҷагиҳои шикор ташкил шудаанд. Сайёҳон барои шикор ба кишвари мо, асосан, аз Олмон, Фаронса, Испания ва дигар давлатҳои Аврупо ташриф меоранд. Шикор аз моҳи сентябр то март дар ду давра идома меёбад. Вақтҳои боқимонда давраи нашъунамо, наслгирӣ ва зиёдшавии саршумори ҳайвонот буда, шикор манъ аст.    
Тибқи тавсияи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шикори ҳайвоноти аз 7-8 - сола боло иҷозат дода мешавад.  Онҳоро тавассути дурбинҳои махсус аз рӯи бузургии шохҳо ва суръати ҳаракат муайян мекунанд.
Арзиши шикори ҳайвоноти нодир ба намуди он вобаста буда, мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, аз 10 то 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Чунончи, арзиши шикори як сар гӯсфанди Марко Поло  55 ҳазор сомонӣ, бузи пармашох 300 ҳазор сомонӣ, гавазни кӯҳии бухороӣ 26,4 ҳазор сомонӣ ва хирси бӯр 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Аммо, мутахассисон бар он назаранд, ки ин нарх хеле гарон аст. Ин аст, ки ба мамлакати мо шумораи ками сайёҳон ба хотири шикор ташриф меоранд. Танҳо онҳое меоянд, ки маблағи калон дар ихтиёр доранд ва завқи беандоза ба шикор.
Дар мамлакатҳои Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Чехия, Миср, Намибия, Камерун, Эфиопия, Танзания, Россия шикор навъи сайёҳии пешрафта буда, ҳамасола даромади зиёд меорад. Вале дар бораи мавҷудияти ҳайвоноти нодир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати шикори онҳо ба кам нафарон маълум аст.  
Ғайр аз ин, мушкилиҳои дигар низ ҷой доранд, ки ба андешаи алоқамандон, ба пешбурди ин навъи сайёҳӣ, монеа эҷод мекунанд. Аз ҷумла, мушкил будани раванди ҳуҷҷатгузорӣ дар фурудгоҳҳо, муомилаи нодуруст бо сайёҳон дар гузаргоҳҳо, шикори ғайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ ва ғайра.
Барои рушди бештари сайёҳии шикор дар кишвар мутахассисон иброз медоранд, ки қабл аз ҳама бояд ба ҳифз ва зиёд намудани саршумори ҳайвоноти нодир диққати махсус зоҳир шавад. Зеро хавфи аз байн рафтани баъзе намудҳои нодир ҳоло ҳам ҷой дорад.  
Шикори гӯсфанди Марко Поло яке аз машғулиятҳои писандида ва шавқовар дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Чунин саёҳатро дар мамлакати мо шахсиятҳои шинохта: бонкдорон, тоҷирон, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятии ИМА, намояндагони зиёиёни дарбории кишварҳои Аврупо ва ҳатто аҷдодони самурайи ҷопонӣ анҷом додаанд. Мутмаинем, ки хоҳишмандони ин навъи саёҳат дар ҷаҳон ҳоло ҳам кам нестанд. Пешрафти он дар кишвар, бешубҳа, ба ҳифзи ҳайвоноти нодир ва ҳам шинохти Тоҷикистон чун кишвари дорои олами ҳайвоноти ғанӣ мусоидат менамояд.  

Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2020    №: 167    Мутолиа карданд: 3919
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед