logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ. МУБОРИЗАИ ТОҶИКИСТОН БО ИН ЗУҲУРОТ ШОИСТАИ ТАҲСИН АСТ

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон терроризм ва экстремизм яке аз проблемаҳои асосӣ маҳсуб меёбад, ки ҷангу хунрезиро ба бор оварда, боиси ҳалокат ва бесарусомонии садҳо ҳазор мардуми осоишта гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки бар зидди ин ду зуҳурот муборизаи беамон мебарад. Дар ин раванд мубориза бо терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу усули он муфассал дар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020» инъикос ёфтааст.

Боиси нигаронист, ки  бо ваъдаҳои дурӯғ бештар ҷавонон ба ин гурӯҳҳо ҷалб мешаванд. Онҳо гумон мекунанд, ки бо ворид шудан ба ин гурӯҳҳо маблағи зиёд ба даст меоранд. Чашмони онҳоро пулу моли зиёди ваъдашуда чунон кӯр кардааст, ки зану фарзанд ва ҳатто падару модарашонро намебинанд.
Имрӯз садҳо ҳазор одамон дар ҳар гӯшаи сайёра ба ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун падидаи харобиовар ба тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, зарбаҳои муҳлик мезанад.
Тибқи маълумоти Маркази иттилоотии гурӯҳи Ҷейн (Jane”s information Group), доир ба омӯзиши масъалаҳои терроризм соли  2018 дар саросари ҷаҳон 15,3 ҳазор ҳамлаи террористӣ содир шудааст. Агар ин рақамро ба  соли 2017 қиёс намоем 6716 адад зиёд мебошад.
Ин зуҳуроти номатлуб дар баробари дигар бахшҳо ба вазъи иқтисодии кишварҳо таъсири манфӣ мегузорад. Масалан, ҳаракатҳои террористӣ дар Алҷазоир солҳои 1996 – 2001 ба иқтисодиёти ин кишвар дар ҳаҷми 16 миллиард доллари ИМА хисороти молиявӣ расонд.
Яке аз ҳаракатҳои террористие, ки ба вазъи иқтисодии ҷаҳон ва сиёсати байналмилалӣ таъсири бузург расондааст - ин ҳамлаҳои террористии Ал-Қоида ба Ню-Йорк ва Вашингтон мебошад, ки дар он беш аз 3 ҳазор нафар куштаву тақрибан 6 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамчунин, мувофиқи далелҳои Ассотсиатсияи индустрияи туристии Амрико, пас аз панҷ моҳи ҳамлаҳои соли 2001-ум 237 ҳазор нафар дар тиҷорати сайёҳӣ бекор монданд.  Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуданд ва зарари онҳо ба 30 миллиард доллар расид. Ин талафот рақамҳои хурд нестанд ва боиси монеи рушди кишварҳои ҷаҳон мегарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оқибатҳои фоҷиабори терроризму ифротгароиро аз сар гузарондааст, тайи чанд соли охир дар самти муқовимат бо зуҳуроти мазкур ва манбаъҳои маблағгузории онҳо тадбирҳои муассирро роҳандозӣ карда истодааст. Дар кишвар ҳама гуна маблағгузории терроризм ҷиноят эътироф гардидааст, ки ин далелҳо аз фаъолияти судманди Ҳукумати кишвар ва мақомоти дахлдор шаҳодат медиҳанд.

Мансур ҚАЛАНДАРЗОДА,
судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2020    №: 167    Мутолиа карданд: 740
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед