logo

иқтисод

АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Авиатсияи гражданӣ соҳаи калидиест, ки барои қонеъ гардондани ниёзҳои шаҳрвандон ва рушди босуботи иқтисодиёти кишвар хизмат мекунад. Аз ин ҷост, ки 30 - юми августи соли 1994 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва ҳамасола дар қатори дигар иду ҷашнҳо таҷлил мегардад. Роҷеъ ба таърих ва бурду бохти соҳа Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин нақл кард:

- Агар ба таърихи ҳавонавардии ватанӣ назар намоем, мебинем, ки Тоҷикистон ва авиатсияи гражданӣ ҳамнавоянд. Яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Советии Сотсиалистӣ соли 1924 таъсис ёфт ва 3 - юми сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои олмонии Ю - 13 таҳти идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек Ахриев ва Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе (Сталинобод) парвоз намуд. Ҳамон сол аввалин ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз Бухоро ба Душанбе омад.
Тӯли 96 сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди якмуҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбари муосир рушд намуд. Инфрасохтори фурудгоҳии кишвар тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд, воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфта, пеш рафтанд.
Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати кишвар аз 29 - уми декабри соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд. Ин ниҳоди давлатӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар бояд ба хотири рушди соҳаи ҳавопаймоӣ ҳамаи тадбирҳоро амалӣ намояд, то авиатсияи гражданӣ ба яке аз соҳаҳои бонуфуз ва муаррификунандаи обрӯи давлат табдил ёбад. Боиси ифтихору сарбаландии мо - намояндагони ин ниҳод аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба авиатсияи гражданӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои мустаҳкам намудани инфрасохтори соҳа дастгириҳои ҳамаҷониба менамоянд. Ҳамин аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи авиатсияи граждании кишвар босуръат рушд намуда, ҷуғрофияи парвозҳо васеъ шудан гирифт. Ҳоло Тоҷикистон бо зиёда аз 20 кишвари дуру наздик бо алоқаи ҳавоӣ пайваст аст ва бо зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расондааст, ки 10 кишвари ИДМ, 6 кишвари Аврупо ва 14 кишвари Осиё  аз ҷумлаи онҳоанд.  
 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар ибтидо аз як майдони хокӣ (давраи радиусаш 800 – метра) ва як заминкани қамишпӯш иборат буд, то ба фурудгоҳи замонавии дорои хатҳои нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳраву таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ расид. ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» имрӯз метавонад тамоми намуди ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел намояд. Масалан, моҳи октябри соли 2012 калонтарин ҳавопаймои ҷаҳон - Ан - 225 «МРИЯ» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.
Маҳз бо дастгирии Пешвои миллат соли 2014 - Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» терминали нави муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин, моҳи июни соли 2018 дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони терминали нави муосири боркашонӣ ба анҷом расида, ба кор оғоз кард. 26 сентябри соли 2018 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ толори қабули меҳмонони расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Таъмини амнияти парвозҳо, бехатарии авиатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, муътадил нигоҳ доштани арзиши сафар, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва харидани ҳавопаймоҳои муосир аз ҷумлаи нақшаҳои наздиктарини агентӣ маҳсуб меёбанд. Итминон дорем, ки нақшаҳо амалӣ мешаванд ва соҳа дар роҳи рушд қадамҳои устувор мегузорад.
Дастгириҳои мунтазами давлату Ҳукумат дар самти рушди авиатсияи граждании кишвар натиҷаҳои назаррас бор меоваранд. Амалигардии нақшаҳо, албатта, аз меҳнати софдилонаи роҳбарият ва ҳар як корманди ин ниҳод низ вобаста аст ва мо ба ояндаи соҳа хушбинем. Соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалии соҳавӣ рӯ ба рушд ва ояндадор арзёбӣ шудааст, ки боиси ифтихору сарбаландии мо ва тамоми мардуми тоҷик мебошад.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2020    №: 168    Мутолиа карданд: 797
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед