logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

НОҲИЯИ ВОСЕЪ
Раиси деҳоти Тугарак барои қаллобӣ дастгир шуд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти Ҳалимов Амирхон Бобохонович, раиси деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ, бо ҷурми қаллобӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Амирхон Ҳалимов ҳамчун шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ, 1 июни соли равон аз шаҳрванд  “А” барои аз ҳудуди деҳоти  мазкур ҷудо карда додани 0,05 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ 14000 сомонӣ талаб намуда, аз ин 5000 сомониашро пешакӣ гирифт ва овардани маблағи боқимондаро талаб кардааст.
3 июни соли 2020 дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 9000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир шуда, маблағи мазкур аз ӯ дарёфт гардид.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба А. Ҳалимов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

ҚАЛЛОБӢ
Ду ҳолат ба маблағи махсусан калон
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 36-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 6 августи соли равон, марди 40-солаи сокини деҳоти Хераварзи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 30 тонна ордро ба маблағи 55 ҳазору 503 доллари амрикоӣ барои фурӯхтан гирифта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамчунин, аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат марди 66-солаи сокини шаҳри Душанбе, муроҷиат намудааст, ки соли 2016, ду ҷавони 26-сола - сокинони деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 96 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки хоҷагии деҳқонии фермерии ба номи “Маҳмуд” бо бинои ёрирасон, дар деҳоти Гулистонро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳанд. Аммо  маблағи гирифтаашонро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

ПАНҶАКЕНТ
Қатли бародар аз ҷониби бародар
Рӯзи 27 августи соли 2020, тахминан соати 20:00 марди 57-сола, сокини шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар ҳавлии истиқоматии сохтмонаш нотамом, воқеъ дар шаҳраки Саразм, бо бародараш марди 62-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 8 маротиба ба бадани ӯ задааст.
Тавре Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, дар натиҷаи ин муноқиша, бародараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2020    №: 168    Мутолиа карданд: 1009
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед