иқтисод
ВАҲДАТ. ОМОДАГИҲО БА МАЪРАКИ МУҲИМИ СИЁСӢ МУТАШАККИЛОНА ҶАРАЁН ДОРАНД
Дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳо муташаккилона идома доранд.
Тавре Шоира Абдураҳимова, раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии Ваҳдат № 5 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” иброз дошт, тибқи нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёр ва баргузор намудани интихобот, дар ҳудуди ҳавза 101 участкаи интихоботӣ ташкил ва рақамгузорӣ шуд. Ҳамаи онҳо бо маводҳои канселярӣ, бланкаҳои барӯйхатгирии интихобкунандагон ва дигар маводҳои зарурӣ таъминанд.
Инчунин, тибқи дастурамали Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломатӣ иштирокашон дар интихобот инкомннопазир мебошад, қуттиҳои сайёр омода мегарданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки барои маъюбон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, кабинаи алоҳидаи овоздиҳӣ бо нишонаи аломати маъюбӣ ташкил гардидааст.
- Дар ин самт аъзои комиссия дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташкилоти ҷамъиятии маъюбон дар ҳамкориянд ва баҳри таъмини ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд,- илова кард Шоира Абдураҳимова.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.09.2020 №: 169 Мутолиа карданд: 1054