logo

фарҳанг

ФАЪОЛИЯТИ МУҲАММАД ОСИМӢ ДАР ЮНЕСКО

Ном ва шуҳрати академик Муҳаммад Осимӣ (1920-1996) – ин фарзанди фарзона ва баруманди миллати тоҷик, донишманди мумтоз дар радифи арбобони барҷастаи илму фарҳанги тоҷик мақоми сазоворро ишғол намуда, аз худ нақши ниҳоят мунир ва муассир боқӣ гузоштааст. Академик Муҳаммад Осимӣ дар радифи устодон С.Айнӣ, Б.Ғафуров, А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, С.Улуғзода ва даҳҳо дигар симоҳои бузурги илму фарҳанг ва адаби  қарни  XX, ки дар саргаҳи ташаккул ва рушди фарҳанги    замони нав қарор доштанд, барои эҳёи таърих, забон, адабиёт ва фарҳанги ғанӣ ва қадимаи мо саҳми беандоза гузоштааст. Рӯзгори наҷибу ибратангез, корномаи илмӣ, садоқату муҳаббат ба халқу Ватани худ, фидокориҳои чунин ашхос мисли ситораи фурӯзону роҳнамост, ки ба ҷӯяндагони роҳи илм, маърифату дониш, сарвати ахлоқиву маънавӣ ва саодати инсонӣ хизмат хоҳад намуд.

Фаъолияти Осимӣ ҳамчун донишманди закӣ, сарвар ва ташкилотчии илм, ки қариб чоряк аср (1965 - 1988) дар мақоми президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарситоди илми ҷумҳурӣ кору пайкор намудааст, хеле серпаҳлуву доманадор ва пурвусъату пурсамар буд. Дар фаъолияти илмии академик таҳким ва рушду нумӯи равобит ва ҳамкориҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишмандони кишварҳои хориҷӣ, муқаррар сохтан ва ба роҳ мондани алоқаҳои наздик миёни  Академияи илмҳо ва Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг – ЮНЕСКО, татбиқи барномаҳои илмии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ мақом ва мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Равобит ва ҳамкориҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву тадқиқотии он – хосатан институтҳои таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ховаршиносӣ бо созмони ЮНЕСКО ҳанӯз аз ибтидои солҳои 60 – уми қарни XX оғоз гардида буд.
Лоиҳаи “Шарқ – Ғарб”, ҳамчуноне ки аз унвони он маълум мегардад, бо мақсади беҳтар намудани ҳусни тафоҳум ва ҳамгироӣ миёни кишварҳои Шарқу Ғарб тавассути шиносоии тарафайн бо сарватҳои фарҳангии якдигар равона шуд. Дар доираи лоиҳаи мазкур як зумра ҳамоишҳои илмӣ ва мулоқоти донишмандон бахшида ба таҳқиқу омӯзиши таърих, фарҳанг ва тамаддуни Шарқ ва таблиғу ташвиқи он баргузор гардиданд. Зимнан, бояд таъкид намуд, ки устод Муҳаммад Осимӣ  ҳанӯз дар мақоми вазири маорифи ҷумҳурӣ фаъолият намуданаш бо созмони ЮНЕСКО аз наздик ошно гашта буд. Ӯ соли 1962 бо ҳамкориҳои президенти ҳамонвақтаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Султон Умаров дар ҳайати вакилони олимони шӯравӣ дар конференсияи байналхалқии ЮНЕСКО оид ба масъалаи маориф дар шаҳри Женева (Швейтсария) ширкат намуд. Пас аз анҷоми лоиҳаи “Шарқ – Ғарб”  бо ташаббуси Б.Ғафуров  дар иҷлосияи XVI  конфронси генералии ЮНЕСКО дар охири соли 1966 лоиҳаи нав “Омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ” ворид шуд. Доираи тадқиқотҳои лоиҳаи мазкур ҳудуди  Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистонро дар бар мегирифт. Матолибе, ки дар машварати аввалини  байналхалқии ховаршиносон (экспертҳо) доир ба Осиёи Марказӣ дар қароргоҳи ЮНЕС-КО – шаҳри Париж моҳи апрели соли 1967 тасдиқ гардида буд, масъалаҳои омӯзиши фарҳанг, санъати  мардуми Шарқ, таърих, фалсафа, таърихи инкишофи илм, масъалаҳои этникӣ ва ғайраро дар даврони қадим, асрҳои миёна ва давраи нав дарбар мегирифт.
Дар нахустин машварати коршиносони ЮНЕСКО доир ба Осиёи Марказӣ таҳқиқу омӯзиши таърих ва фарҳанги замони Кӯшониён ба сифати муҳимтарин масъала ба барномаи нави ЮНЕСКО ворид шуд. Академик Бобоҷон Ғафуров пешниҳод намуд, ки дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе Конференсияи байналхалқии ЮНЕСКО доир ба тамаддуни замони Кӯшониён доир шавад. Минбаъд М.Осимӣ ба сифати президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаи нави ЮНЕСКО, гузарондани Конференсияи байналхалқӣ доир ба таърихи тамаддуни замони Кӯшониён ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ дар доираи лоиҳаи “Омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ” хеле фаъолона ва пурсамар ширкат варзидааст. Солҳои баъдӣ М.Осимӣ дар як қатор чорабиниҳо, барномаҳо, конфронсу симпозиумҳои байналхалқии ЮНЕСКО фаъолона ширкат варзида бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст.
Соли 1977 пас аз вафоти академик Б.Ғафуров устод М.Осимӣ вориси сазовор ва идомадиҳандаи фаъолияти пурсамари ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар созмони ЮНЕСКО гардид. М.Осимӣ президенти Ассотсиатсияи байналхалқӣ оид ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО интихоб шуд. Ӯ ба ҳайси президенти ассотсиатсия раиси Кумитаи шӯравӣ оид ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ  дар ҳузури Комиссияи ИҶШС оид ба корҳои ЮНЕСКО ва раиси Кумитаи байналхалқии ЮНЕСКО оид ба нашри асари 6 – ҷилдаи  “Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ” дар кори таҳқиқу омӯзиш, таблиғу ташвиқи таъриху фарҳанги мардуми Шарқ, ташкил ва гузарондани конфронсу симпозиумҳои байналхалқӣ ва мулоқотҳои илмии донишмандони кишварҳои гуногун, таҳкими равобити илмии ховаршиносони ҷаҳон саҳми арзанда доштааст.
Ҳангоми сафари охирини худ ба қароргоҳи ЮНЕС-КО - шаҳри Париж моҳи апрели соли 1996 М.Осимӣ дастнависи китоби якуми ҷилди  IV “Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ” – ро аз назар  гузаронда, ба чоп тавсия намуд ва бобҳои ҷудогонаи китоби  дуюм,  ҷилди IV- ро таҳрир ва дар маросими тантанавии расман пешниҳод намудани ҷилди III ин асар иштирок менамояд. М.Осимӣ, ҳамчунин, дар кори ба чоп омода намудани асари дигари хеле муҳташаму нодир “Таърихи инкишофи илм ва фарҳанги башар” дар ҳафт ҷилд,  ки он низ бо ташаббуси  ЮНЕСКО ба нақша гирифта шуд, фаъолона ширкат варзид. М.Осимӣ узви ҳайати мушовирии барномаи илмии ЮНЕСКО оид ба омӯзиши “Шоҳроҳи Абрешим”, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи бонуфузи  “Осиёи Марказӣ”, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои  “Таърихи илм” (Ҳиндустон), “Таърихи илми араб” (Сурия) ва дигар нашрияҳои бонуфузи байналхалқӣ буд.
Фаъолияти хеле пурсамари М.Осимӣ ба манзури таҷлили зодрӯзи бархе аз алломаҳои Шарқ аз қабили 650 – солагии Ҳофизи Шерозӣ (1971), 700 – солагии Амир Хусрави Деҳлавӣ (1975), 100 – солагии Муҳаммад Иқбол (1977), 100 – солагии Садриддин Айнӣ (1978), 1000 – солагии Абуалӣ ибни Сино (1980), 1200 – солагии Ал – Хоразмӣ (1983), 1400 – солагии Борбад (1990), 80–солагии Бобоҷон Ғафуров (1989) ва ғайра созмон додани мулоқотҳои байналхалқии олимон ва ба ин васила омӯзиш, таблиғу ташвиқи таъриху фарҳанги қадима ва муосири Шарқ сазовори таҳсинанд.
Саҳми фаъолияти М.Осимӣ дар кори ЮНЕСКО, татбиқи барнома  ва лоиҳаҳои илмии он бузург  ва пурсамар буда, таҳқиқу омӯзиши он барои равшантар омӯхтани нақшу мақоми ЮНЕСКО дар соҳаи ташкилу тарҳрезӣ ва созмондиҳии барномаҳои илмӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ, тарбиявӣ, таҳкими равобити байналхалқии  фарҳангӣ, таҳқиқи давраҳои муайяни таърихи инкишофи ховаршиносии ҷаҳонӣ аҳамияти бағоят муҳим дорад ва метавонад минбаъд мавзӯи тадқиқоти мукаммал ва алоҳида гардад.    

Ш. ШАРИФОВ, дотсенти ДДХ,
М. ПӮЛОДОВА, устоди ДДҲБСТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.09.2020    №: 169    Мутолиа карданд: 824
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед