logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

БА МУНОСИБАТИ 29 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Чайнворди «ИСТИҚЛОЛИЯТ»
1.  Мафҳуми ягонагӣ, ба ҳам омадан.
2. Ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ. 3. Яке аз рамзҳои  миллӣ.  4. Муродифи калимаи номус.      5. Неъмати моддӣ, ки дар нишони миллӣ акс ёфтааст. 6. Муродифи давлат. 7. Миллат. 8. Шаҳр дар Тоҷикистон. 9. Маркази маъмурӣ дар ҷануби Тоҷикистон. 10. Дӯстӣ, ваҳдат. 11. Ҳаммаънои  раҳмат. 12. Табаа, оммаи мардуми фармонбардор. 13. Шоҳасари Б. Ғафуров. 14. Муншии дарбори Сомониён. 15. Зодгоҳи аллома  Б.  Ғафуров.  16. Муродифи давлат, кишвар. 17. Дарахти ҳамешасабз, ки  Парчами  миллӣ ранги онро дорад. 18.  Шаҳр дар Осиёи Миёна, ки яке аз  музокироти  сулҳи  тоҷикон  он  ҷо  гузашта  буд.  19. Асбоби  мусиқӣ дар «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 20. Қаҳрамони «Шоҳнома». 21. Мафҳуми хешутаборӣ. 22. Ба  манзил мерасонад. 23. Ба ҳам омадан, маҳфил.        24. Душанбе, Ҳисор, Исфара. 25. Исми собиқи шаҳри Турсунзода. 26. Сурх, сабз, сафед.            27. Дурри ноёб. 28. Муқобили  ҳар чиз. 29. Муассиса, корхона. 30. Амали ба сӯйи некӣ ё бадӣ бурдан. 31. Ҷузъе аз либоси миллӣ. 32. Маъракаи муҳими сиёсӣ. 33. Ягонагӣ, ба ҳам омадани ақидаҳо.       34. Гетӣ, олам. 35. Қаҳрамони «Ривояти  суғдӣ» - и С. Улуғзода. 36. Паранда, рамзи сулҳ. 37. Иштирок дар интихобот ва овози  худро пешниҳод  кардан. 38. Дастоварди муҳими Тоҷикистон.    39. Намуна  шудан дар кори нек. 40. Пешрафти соҳаи созандагӣ  дар Тоҷикистон. 41. Шаҳри энергетикҳо. 42. Бузург, акбар. 43. «...и Парвардигори мо омад, Нури ҳақ бар диёри мо омад» (Лоиқ).
44. Ҳаммаънои гуфтушунид. 45. Сабр, таҳаммул. 46. Синоними пуртоқатӣ. 47. Фатҳу  зафар.
48. Маконе  дар ҶИА, ки яке аз гуфтушунидҳои  сулҳи байни тоҷикон барпо гардида буд.    

Мураттиб Ҳотами ҲОМИД,сокини ноҳияи Рӯдакӣ

Ҷавоб ба муаммои «РӮЗИ ДОНИШ», аз 28 августи соли 2020
1. Рӯзнома;  2. Лӯълӯ; 3. Забон; 4. Низомнома; 5. Даъватнома; 6. Воиз; 7. Назм; 8. Ғизол; 9. Шомма.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!

Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА



ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Пагоҳи дигари он рӯзи маҷлис ӯ пешдомон ба китф ҳаво дод ва бехабар аз он ки пас аз соате чанд ӯро қоғазу қалам ва дафтару курсии кор интизор аст. Ҷӯрабойакаро аз байни ҷӯякҳои пахта ба идораи хоҷагӣ оварданд ва вазифаҳои комендативу мудири шуъбаи кадрҳоро ба уҳдаи ӯ монданд. Беш аз панҷ сол кор кард ва дар чашми халқ азиз шуд.  
* * *
Дар сурати ту сирати манфури ту пайдост,
Дар фитнаи ту тири туву тӯри ту барҷост.
Дар ҳарзаву ҳазёни ту, дар неши забонат,
Рашку ҳасаду заҳру зуқуми ту ҳувайдост!

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» , АЗ 28 АВГУСТИ СОЛИ 2020:
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ;
Лоиқ Шералӣ.

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40


ДАҲОНИ БОЗ ЛОНАИ МОР ШУД
Мори калоне ба даҳони сокини деҳаи Леваши Доғистон медарояд. Дар ин бора  «Пятый канал» хабар медиҳад. Зан дар таги дарахти ҳавлиаш хоб мекунад ва дар ин вақт мори дарозиаш зиёда аз якметра ба даҳони бози ӯ медарояд. Барои морро берун баровардан ба табибон муроҷиат мекунанд ва онҳо зери таъсири моддаи мадҳушкунанда ҷарроҳӣ гузаронда, ин меҳмони нохондаро берун  мебароранд. Ҳамшираи шафқат ба воситаи лӯлаи махсус морро гирифта ба тағора меандозад. Ҳамчунин, хабар дода мешавад, ки моҳи августи соли равон табибон  аз майнаи сари сокини 23 - солаи чинӣ кирми зиндаи дарозиаш 13 - сантиметраро гирифтанд. Паразит дар сари ин мард 17 сол зиндагӣ карда, дар охир боиси азияти ӯ шудааст.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ХУЛИО ВА ВАЛДРАМИН КУҲАНСОЛТАРИН ЗАНУ ШАВҲАРИ ДУНЁ
Тибқи фарзияи Китоби рекордҳои Гиннес Хулио Сезар Мора ва  завҷаи ӯ Валдрамин Макловия Кинтерос аз Эквадор куҳансолтарин зану шавҳар дар дунё эътироф гардидаанд.
Хулио Сезар 110 сол дорад ва ҳамсараш моҳи октябр 105 - сола мешавад. Онҳо 79 сол аст, ки бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва панҷ фарзандро ба камол расондаанд.
Баъд аз ҳафт соли дӯстӣ ин ҷуфт бо ҳам издивоҷ карданд ва маросими ақди никоҳашон махфӣ сурат гирифт. Бо гузашти айём, издивоҷи муваффақи онҳо боиси оштӣ намудани хешу ақрабои як замон ранҷидаи калонсолашон гашт. Ҳамсарон тамоми умр ба кори омӯзгорӣ машғул буданд. Алҳол бо боғдорӣ сару кор доранд ва ба театру кино мераванду якҷо бо хонаводаву дӯстон хӯрок мехӯранд. Ин ҷуфти куҳансол 11 набера, 21 абера ва 9 чабера доранд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ЛИНДА ҶОЙ ВАЧНЕР - БОНУЕ БО ИРОДАИ МАРДОНА
Линда дар синни 11 - солагӣ аз сутунмуҳра осеб дида, ба бистари беморӣ афтод. Табибон гуфтанд, ки дигар роҳ рафта наметавонад. Аммо ӯ бо боварӣ иброз медорад, ки «Ман на танҳо роҳ меравам, балки қуллаҳоро фатҳ мекунам». Пас аз ду соли заҳмату талош Линда қадамҳои аввалини худро гузошт. Тақдир ба вай дар синни 20-солагӣ  ноадолатиҳо кард, зеро дар як вақт ҳам  шавҳар ва ҳам падару модарашро аз даст дод. Аммо ӯ рӯҳафтода нагашт. Дар як ширкати савдо ба кор даромада, нозукиҳои кори онро хуб омӯхт  ва пас аз чанд сол аллакай директори ширкати муваффақи «Warnaco» гардид, ки дар бозори истеъмолии Ню - Йорк ва дигар шаҳрҳои бузурги ИМА пешсаф аст. Соли 1986 вай «Зани сол» ва 6 сол пас «Беҳтарин зани тоҷири Амрико» ном гирифт. Вачнер барои дигар занон намунаи ибрат гардида, аксари занони соҳибкорро илҳом бахшид. Вай исбот кард, ки барои муваффақ шудан ба шахс дастгирӣ ва ё мерос чизҳои дуюмдараҷаанд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


5200 ДОЛЛАР ҲАҚҚИ ХИЗМАТ БАРОИ ОВАРДАНИ ЯК ШИША ОБ
Дар фурудгоҳи Дубай мусофири ношиносе ба пешхизмати ошхона барои сари вақт овардани як шиша оби нӯшиданӣ 5200 доллари амрикоӣ хизматона (чейви) дод. Марди қабои арабипӯш як ҷом оби сардро нӯши ҷон намуда буд, ки пешхизмат хост ба ӯ гӯяд, ки вай хато карда маблағи хизматонаро аз ҳад зиёд додааст. Вале ношинос суханони пешхизматро дағалона бурида ғуррид: «Ин қадар дилбазан нашавед. Пулро ба киса занед. Ман аз ин коғазҳо миллионҳо дорам».                              
Баъди ин вай аз тарабхона баромад ва ба тайёра нишасту парвозашро идома бахшид. Пешхизмат ба бахти худ бовараш намеомад, вале ӯро аз осмони ҳафтуми хушбахтӣ зуд ба замини сиёҳ фуроварданд: як хизматчии умури амният, ки ин муомиларо мушоҳида мекард, аз дасти пешхизмати даҳоняла долларҳоро кашида гирифту омирона гуфт: «Ин амал зери коса нимкоса дораду таҳқиқи хосаро металабад». Мурғи бахт аз китфи пешхизмат парида рафт.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ГУМБОЛДТ
Дар Мексика яке аз роҳбаладони ҷавон ба саволборони олими маъруф Гумболдт тоб наовард, ки билохира эътироз кард:
- Устод, шуморо донишманди бузург мегӯянду ин қадар бисёр савол медиҳед?
- Маҳз барои ҳамин зиёд медонам, ки бисёр савол медиҳам, писарам,- бо лаҳни ба худ хос мегӯяд олим.
Таҳияи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


УИЛЯМ ҲЭБРОН
ПАС АЗ ҲУКМИ ҚАТЛ ВА ҲАБСИ АБАД, ОҚИБАТ БА ОЗОДӢ БАРОМАД
Уилям Ҳэброн, сокини 18 – солаи шаҳри Лондон, соли 1876 барои куштори корманди полис боздошт гардид. Додгоҳ далелҳои пешниҳодшударо кофӣ донист ва нисбат ба Уилям ҳукми қатлро татбиқ кард. Тибқи қонун ҳукми қатл аз синни 19 – солагӣ иҷоза буд, зеро чанд моҳ баъд ӯ ба 19 медаромад ҳукм ба таъхир афтод. Дар ин миён ҳолатҳои нави парванда маълум шуданд, ки ба адвокатҳо имкон доданд, то аз болои ҳукм шикоят бурда, ҳукми қатлро ба ҳабси абад иваз намоянд.
Ҳодисаи аҷиб соли 1879 рух дод. Ҷинояткор Чарлз Пис иқрор шуд, ки полисро Уилям не, балки ӯ ба қатл расондааст. Ҳамин тавр, Уилям Ҳэброн бо паси сар кадани ду ҳукм – ҳукми қатл ва ҳабси абад, ба озодӣ баромад, инчунин, 800 фунт ҷубронпулӣ гирифт.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
«ТАРҶУМАИ НОДУРУСТ»
Июли соли 1945 Изҳороти Потсдам қабул гардид, ки дар он тамоми шартҳои таслимшавии Ҷопон пешниҳод шуда буданд. Дар ин ҳуҷҷат, ҳамчунин, таъкид гардида буд, ки дар ҳолати саркашӣ аз иҷрои талаботҳои декларатсия, Ҷопонро «маҳви фавриву пурра» интизор аст. Вақте изҳорот ба дасти сарвазири Ҷопон Кантаро мерасад, ӯ чунин ҷавоб медиҳад: «Бе шарҳ. Мо фикр карда мебароем».
Вале тақдири шумро бинед, ки ҳамин нутқи кӯчаки сарвазир дар забони ҷопонӣ маънои дигарро низ дорад ва тарҷумон маҳз мафҳуми дуюми онро ба ҳукуматдорони ИМА мерасонад, ки мазмунан чунин аст: «Мо инро (шартҳои изҳоротро) рад мекунем».
Акнун, дигар наметавон дақиқан гуфт, ки агар чунин хатои тасодуф аз ҷониби тарҷумон рух намедод, муносибатҳои минбаъдаи ду ҷониб кадом тараф ҷараён мегирифт. Ба ҳар ҳол, маҳз аз сабаби ҳамин як нофаҳмӣ ИМА фикр карданд, ки изҳороташон аз ҷониби Ҷопон нодида гирифта шуд ва бо партофтани ду бомба шаҳрҳои Хиросима ва  Нагасакиро ба хок яксон карданд. Ҷопон, билохира, 14 августи 1945 тамоми шартҳои изҳоротро пазируфт, вале ҷони садҳо ҳазор қурбониёни ин даҳшатро харида натавонист.
Аз русӣ тарҷумаи Самад ҚУРБОНАЛӢ


Гуноҳи вазнинтаре ҳам вуҷуд дорад дар муқоиса ба сӯзондани китобҳо. Масалан, нахондани онҳо.
Рэй Брэдбери
Таҳияи Нигина РАҲМОН


БОЗЁФТИ ҶИНСҲОИ АСРИ БИРИНҶӢ
Ба ҷӯяндаи  ганҷинаҳо Мариуш Степйен муяссар гардид, ки бо ёрии асбоби металлҷӯ дар Шотландия ҷинсҳои бостонии замони  асри биринҷиро, ки қариб 3 ҳазор сол доранд, пайдо намояд, - менависад нашрияи «The Guardian».
Тибқи иттилои нашрия мард охири моҳи июн бо дӯстонаш бо корҳои ҳафриётӣ машғул буд ва ин замон аз умқи 1,5 метри замин ашёҳои металлиро дарёфт намуд. Сигнали асбоби металлҷӯ то ҳадде баланд буд, ки  аз бозёфт мутахассисони созмони Treasure Trove, ки  бар пояи Музейи миллии Шотландия таъсис гардидааст, огоҳ  шуданд.
Бостоншиносони  касбӣ фавран ба ин ҷо омада, қариб як моҳ маҳалро зери таҳқиқ қарор доданд.
Дар натиҷа олимон бо археологҳои ҳаваскор шамшери ғилофдор ва тасмаҳои ороишёфта бо муҳраҳо, сарпӯши чархи аробаҳои қадима, ҳамчунин, боқимондаҳои шақшақаҳои ороишӣ, ки ба афзори асп мебастанд, пайдо намуданд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


АЗ ҲАЁТИ ОДӢ ТО РАСИДАН БА ШУҲРАТ
Волидони Деми Мур ҳанӯз ҳангоми дар батни модар буданаш аз ҳам ҷудо шудаанд. Модар баъди чанд муддат боз мардеро вохӯрда издивоҷ мекунад, вале ин дафъа ҳам ҳамсафари ҳаётиаш чун шавҳари пешин ба  майнӯшӣ иштиёқ дошт. Чунин аъмоли падарандар боис гашт, ки қарзҳояшон барои рӯзгузаронӣ рӯз то рӯз афзояд. Аз ин рӯ, оилаи онҳо аз як ҷойи зист ба ҷойи зисти дигар мекӯчид, ҳамчунон шуд, ки падарандару модар ҳатто барои хӯрока маблағ надоштанд.
Демии кӯчак фаҳмид, ки агар коре пайдо накунад, аҳволашон бад мегардад. Мактабравиро қатъ карду кӯшиши зиёд ба харҷ дод, ки тарроҳиро омӯзад. Аз касби интихобкардааш дастмузди ночиз мегирифт. Боре ҳамсояи ҳунармандашон Настася Кински таклиф менамояд, ки дар озмуни интихоби қаҳрамон барои филми кӯтоҳметраже иштирок варзад. Ҳамин тавр, барои вай роҳ ба сӯи ҳунарвари кино шудан кушода мешавад. Ва дере нагузашта ҳам соҳиби обрӯву ҳам соҳиби сарват мегардад.
Таҳияи  Иронбӣ МӮСОЗОДА


ИЗЗАТИ ДӮСТ
Боре дӯсти қадрдони Гумболдт  хоҳиш намуд, ки ҷилди аввали китоби «Олами парандагони Амрикои Ҷанубӣ»-ро ба ӯ бидиҳад ва қавл дод, ки хонда, ҳатман бармегардонад. Аз миён чанд вақт гузашту муҳлати баргардондани китоб расида бошад ҳам, аз дӯст дараке набуд. Чун таъкидҳои аз меъёр зиёди соҳиби китоб ҳам натиҷа надоданд, аз ноилоҷӣ ҷилди дувуми китобро низ бо чунин соядаст ба дӯсташ ирсол дошт:
- Бародари арҷманд, ду ҷилди китоб чун навзодҳои дугоник аст ва наметавонанд аз ҳам ҷудо бошанд. Шумо, ки, ғолибан, ин фалсафаро намедонед, мехоҳам ҳар ду ҷилди китоб, ақаллан, дар дасти шумо якҷоя бошанд.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ВАФОДОРӢ Ё ИСБОТИ ДИГАРБОРАИ САГ ДӮСТИ ОДАМ БУДАН
Ба саге аз хонаводаи сагҳои Пинчер бо номи Луиҷи аз шаҳри Фелтреи шимоли Италия ҷиҳати ёрии фавқулода ба соҳибонаш ҳангоми манъи аз хона баромадан ба муддати тӯлонӣ ҷоизаи «Вафодории саг» супурда шуд. Тибқи гуфтаи сарвари кумитаи ташкилӣ оид ба ҷоизаи байналмилалӣ Соня Ҷентозо, ҷоиза барои вафодорӣ ҳар сол ба сагҳое дода мешавад, ки воқеан, наздиктарин ва боэътимодтарин дӯсти инсон будани худро исбот менамоянд. Луиҷи даҳсола унвони ифтихориро соҳиб гашт.
Ҳангоми карантин саг ҳалқаи пайванди ду зан – модару духтаре, шуд, ки баромаданашон аз хона ба масофаи бештар аз 200 метр манъ гардида буд. Вай байни онҳо бастаи маводи зарурии гуногунро интиқол медод. Ба гуфтаи зан пас аз ҳар омадан саг ончунон омада буд, ки ҳамин ҳоло боз ҷиҳати анҷоми кор баргардад. Соли равон бо ҷоизаи вафодорӣ саге бо лақаби Калипсо, ки бо соҳибаш соли гузашта ҳафт наврасро дар вақти ғарқшавӣ аз баҳр наҷот дод, сарфароз шуд. Инчунин, Дик ном авчарка, ки даҳ сол аст дар ёфтани одамони гумшуда ба кормандони хадамоти мудофиаи гражданӣ ёрӣ мерасонад, соҳиби ҷоиза гашт.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


БАР ИВАЗИ ҶАРИМА
«ИСТИРОҲАТ» ДАР КАНОРИ РОҲ
Дар Эстония барои вайронкунандагони суръат дар роҳ ҷурми наверо роҳандозӣ намуданд. Тавре «Интерфакс» хабар додааст, ба ронандагоне, ки қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд, пардохти ҷарима ва ё 45 дақиқа «таваққуфи оромкунанда» пешниҳод мегардад.
Қоидавайронкунанда дар майдончаҳои махсус ҷудогардида ва ё дар канори роҳ метавонад истироҳат намояд. Интизор меравад, ки таваққуфи оромкунандаро дар мавриди аз 20 километр дар соат боло бурдани суръат низ истифода хоҳанд кард. Дар ин ҳол ронанда ҷарима намешавад. Алҳол дар Эстония барои қоидавайронкунӣ 3 евро аз ҳар километр ҷиҳати риоя накардани суръати муқарраршуда ҷарима мавҷуд аст.
Дар аввал чунин пешниҳодро комиссияи ҳуқуқии парламентӣ манзур намуд. Озмоиши дастури оромкунанда аз тирамоҳи соли 2019 дар Эстония гузаронда мешавад. Дар натиҷа ҳукумати мамлакат пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ кард.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


490,6 ҲАЗОР ДОЛЛАР НАРХИ ЯК БАРРА
Дар Шотландия барраи қиматаринро бо маблағи 367,5 ҳазор фунт ба музояда гузоштанд. Дар ин бора «Tne Independent» хабар медиҳад.  Тахаллуси ин барра «алмоси дукарата» мебошад. Ин  намуди барра барои зотпарварӣ яке аз беҳтаринҳо мебошад. Сокинони яке аз штатҳои Амрико Луизиана Мет ва Мегин Девид ҳамин намуди барраро бо тахаллуси Элси, ки панҷ по дошт бо арзиши 35 доллар харида, барои парвариши зоти он санҷиш гузаронданианд. Барраи шотландии бамузоядагузошта бо нархи  490,6 ҳазор доллари ИМА фурӯхта шуд.   
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ХАЗИНА ДАР МЕЪДА
Агар табибон баъзан дар ёфтани беморӣ раҳгум зананд, гоҳи дигар аз амалҳои ғайриодии маризонашон дар ҳайрат мемонанд. Масалан, тасаввури лампаи электрикиро фурӯ бурда, ба чашм ширеш молидан ё пулро дар меъда захира кардан, ҳеҷ дар ақл нағунҷад ҳам, кам нестанд нафароне, ки бо чунин шикоятҳо дари духтурро мекӯбанд. Рубрикаи навбатӣ аз ин хусус ба мухлисони «Шоми шанбе» маълумот медиҳад.
1. Моҳи июли соли 2019 духтурон аз меъдаи сокини иёлати Банғолаи Ғарбии Ҳиндустон Руни Хотун 69 гарданбанд, 80 гӯшвор, 46 тангаи миёнаҳаҷм, 8 медалон, 5 пойбанд ва соати дастиро дарёфт намуданд. Вазни умумии «ганҷина» 1,6 килограмм ва арзишаш 5 миллион рупияи ҳиндиро ташкил дод.
Аз нақли волидон аз хона як – як ҷавоҳирот ғайб мезад ва ҳар вақте аз Руни дар ин бора мепурсиданд, мегирист. Ӯ оҳиста – оҳиста аз дарди меъда ва дилбеҳузурӣ шикоят карда, аз иштиҳо монд. Рунии беҳол дар беморхона пас аз гузарондани қариб 5 литр хун ба худ омад. Пас аз оне, ки рентген дар меъдаи духтарак мавҷуд будани чизҳои ғайрро тасдиқ кард, ӯро ҷарроҳӣ карданд, «дафина»-ро берун оварданд. Баъд аз ин иқрор шуд, ки ҳар вақт гуруснагиро эҳсос мекард, ҷавоҳирот мехӯрд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.09.2020    №: 169    Мутолиа карданд: 1070
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед