номаҳо
ЧАНД ПЕШНИҲОД БАРОИ РӮЗИ КИТОБ ВА КИТОБХОНӢ
Ихтисоси рӯзе ба номи Рӯзи китоб дар кишвар ва қайди васеи он далолат бар ин аст, ки миллати мутамаддини мо аз оғоз ба китоб ва мутолиаи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аммо мавриди зикр ва сипосгузории махсус мебошад, ки ин рӯз маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид. Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо иқдоми Сарвари давлат сурат гирифт. Мақсад аз ин ҳама баргаштан ба асли худ, боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа ва пошидани тухми муҳаббати китоб дар замири наврасон мебошад.
Ин иқдомҳои шоиставу бесобиқа имкон фароҳам овард, ки хонандагон, хоса хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба мутолиаи китоб бештар мароқ зоҳир бикунанд. Харидории китобҳо низ нисбат ба солҳои қаблӣ афзуд.
Албатта, зарур аст, ки масъулон китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо китобҳои муҳиму тозанашри бадеӣ, илмӣ таъмин намоянд. Дар ин гуна китобхонаҳо танҳо мутахассисони соҳа бояд фаъолияти чашмрас дошта бошанд. Онҳо барои ҷалби хонандагон чорабиниҳо доир бикунанд.
Аз ҷумла, пайваста китобҳои тозанашрро ба намоиш гузоранд. Дар бораи китобҳои хондашуда, ки бештар дар худшиносӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, дӯстдории фарҳанги миллӣ таъсири нек гузошта метавонанд, маҳфилҳову ҳамоишҳо доир бикунанд. Фаъолон бо мукофотҳо ҳавасманд гардонда шаванд. Нафареро, ки аз ҳама бештар китоб хондаасту ҷаҳонбинияшро васеъ намудааст, тарғиб ва қадрдонӣ намоянд.
Рӯзи китоб дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар дар сатҳи баланд бояд таҷлил гардад. Адибон, шахсиятҳои маъруф, ноширон, нафарони масъули сатҳи роҳбарикунанда дар шаҳрҳову ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин чорабинӣ ширкат варзанд. Бо баромадҳояшон хонандагону донишҷӯёнро бештар ба китобхонӣ ва дӯстдории китоб ҷалб намоянд. Китобдорон, яъне масъулони китобхонаҳо, низ аз ҷониби маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳо бо мукофотҳои пулӣ ва дигар навъи мукофотҳо ҳавасманд гардонда шаванд. Ин гуна тадбирандешиҳо, бешак, барои мутолиаи бештари китоб ва дӯстдории он бисёр муфид мебошад.
Фирӯза МИРЗОЕВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 50, ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.09.2020 №: 169 Мутолиа карданд: 3562