logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ кард. Ҳадафи сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.
Бо  дарназардошти  имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии  Турсунзода  имрӯз  дар ҳузури раиси шаҳри Душанбе Рустами  Эмомалӣ зимни боздид аз хоҷагиҳо байни сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироатҳо ва дигар маводи ниёзи аввал, шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои охир аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири мутобиқ ба талабот таъмин кардани сокинон бо молу маҳсулоти ниёзи аввал тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, тамоми бозорҳои пойтахт барои харид ва ба таври кофӣ захира кардани маводи хӯрокворӣ омода шудаанд. Дар пойтахти кишвар барои захираи меваю сабзавот ва дигар зироатҳо сардхонаву анборҳои ҳаҷмашон калон ва муосир бунёду ба истифода дода шудаанд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ба хотири амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ, заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳоро обёрӣ карда, ба гардиши кишоварзӣ медароранд. Ин тадбирҳои судманди Ҳукумати кишвар омили муҳими таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ, беҳбудии сатҳи зиндагии мардум, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии кишвар мебошад.
Дар ин сафари корӣ Сарвари давлатро, ҳамчунин, муовини Сарвазири мамлакат ва роҳбарони баъзе вазорату кумитаҳо ҳамроҳӣ намуданд.
Нахуст Сарвари давлат дар кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ”, воқеъ дар деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба чиниши пахта оғоз бахшида, бо хоҷагидорони шаҳр вобаста ба мақсаднок истифода бурдани замин, гирифтани се-чор ҳосил аз як замин ва захираи саривақтии маҳсулоти озуқаворӣ барои давраи зимистон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Тибқи иттилоъ дар тавозуни кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ” 709 гектар, аз ҷумла 214 гектар замини корами обёришаванда, беш аз 60 гектар замини корами тавассути пойгоҳи обкашӣ обёришаванда ва 433 гектар замини корами лалмӣ мавҷуд мебошад.
Соли ҷорӣ дар заминҳои хоҷагӣ пурра кишти зироати кишоварзӣ гузаронда шудааст, ки 199 гектари онро пахта ташкил медиҳад. Хоҷагидорон мутобиқ ба иқлим тухмии навъҳои “Фаровон”, “Зироаткор”, “Дӯстӣ”, “Истиқлол” ва “Флеш” - ро кишт намуда, бо анҷоми саривақтии корҳои агротехникӣ ҳосили фаровонро интизор мебошанд.
Риояи дурусти талаботи агротехникӣ, хоса истифодаи тухмии мутобиқ ба иқлим ва серҳосил, коркарди байни қаторҳо ва анҷоми саривақтии дигар корҳои барои нашъунамои хуби зироат муҳим фаровонии ҳосили майдони пахтазорро дар хоҷагӣ таъмин намуд.
Имрӯз қариб дар ҳамаи майдони пахтазори хоҷагӣ ҳосил барои ҷамъоварии навбати аввал омода мебошад.
Хоҷагидорони кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ” дар кишту парвариши дигар навъи зироати кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, сабзавот, лӯбиёгиҳо, зироати техникӣ, инчунин, боғу токпарварӣ низ таҷрибаи ғанӣ дошта, ҳамасола бо ба даст овардани ҳосили дилхоҳ дар фаровонии бозори истеъмолии мамлакат, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар саҳми назаррас мегузоранд.
Ҳам дар заминҳои корами обӣ ва ҳам лалмӣ аз ҷониби саҳмдорони хоҷагӣ дар масоҳати зиёда аз 455 гектар ғалладонагиҳо, 3,43 гектар сабзавот, 3,40 гектар лӯбиёдонагӣ, 29 гектар зағир ва дигар навъи зироат кишт шудаанд. Хоҷагӣ дорои 75 гектар боғу токзор мебошад.
Ба ҳолати 31 августи соли ҷорӣ ҳосилнокии ғалладонагиҳо аз заминҳои корами обӣ 37,34 сентнер, аз заминҳои лалмӣ 13,84 сентнер, лӯбиёгиҳо 4,34 сентнер, зағир 3,6 сентнер, картошка 307 ва сабзавот 312 сентнерро ташкил додааст. Аз ҳар гектари боғҳои мевадиҳанда бошад, ба ҳисоби миёна 16,4 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд.
Дар кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ” 598 нафар саҳмдор ба қайд гирифта шуда, 50 нафар коргари доимӣ дорад. Дар мавсими кишт, парвариш ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ бошад, беш аз 300 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои саҳроӣ ҷалб мешавад.
Ба хотири иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва бо мақсади саҳм гузоштан дар фаровонии маҳсулот хоҷагидорони кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ” кишти такрории зироатро вусъат бахшида, дар майдони қариб 25 гектар сабзавот ва хӯроки чорво кишт намудаанд.
Самти дигари фаъолияти кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ” тухмипарварӣ буда, ҳамасола хоҷагидорон барои қонеъгардонии талаботи худӣ, инчунин, дастрас намудан ба дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ тухмиҳои хушсифати зироатро истеҳсол менамоянд. Тибқи маълумот аз ҳосили пахтаи соли гузашта ба миқдори 70 тонна ва аз ғалладонагиҳо 102 тонна тухмӣ захира намуда, онро соли 2020 кишт кардаанд. Ба ғайр аз ин, ҳамасола хоҷагидорон ба дигар кишоварзони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав тухмии хушсифат дастрас намуда, дар татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” саҳми арзишманд гузоштаанд.
Дар дигар хоҷагиҳои шаҳр низ ҷамъоварии пахта оғоз гардид. Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол майдони умумии ин навъи зироати техникӣ дар шаҳри Турсунзода ба 1177 гектар баробар гардидааст ва ҳосили миёнаи интизориро мутахассисони соҳа 22 сентнер муайян намудаанд. Аз рӯи ҷамъоварӣ ва муайян гардидани ҳосили интизорӣ имсол хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Турсунзода бояд 2590 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти кооперативи тиҷоратии “Дӯстӣ” - ро дар самти кишту парвариши зироати кишоварзӣ, истеҳсоли тухмии хушсифат ва саҳми арзанда гузоштан дар фаровонии бозори истеъмолӣ шоистаи таҳсин ҳисобида, таъкид доштанд, ки анҷоми корҳои назаррас, аз ҷумла истифодаи мақсадноку самарабахши ҳар ваҷаб замин ва гирифтани се - чор ҳосил дар як сол боиси амалӣ шудани ҳадафи стратегии мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат мегардад.

Оғози ҷамъоварии шолӣ дар ҶСК “Ҳақиқат”
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии шолӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ҳақиқат” - и шаҳри Турсунзода оғоз бахшиданд.
Хоҷагии мазкур фарогири 887 гектар замин мебошад ва имсол саҳмдорони он дар масоҳати 45 гектар шолӣ кишт намудаанд, ки нашъунамои хуб дорад.
Шолие, ки имрӯз ҷамъоварии он бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт, баъди ғунучини ғалладонагиҳо, хоса гандум ва ҷав, кишт шудааст, яъне кишти такрорӣ мебошад. Тибқи таҳлили мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бо дарназардошти ҳосилбандии ниҳоли зироат дурнамои он дар заминҳои хоҷагии “Ҳақиқат” аз 48 то ба 50 сентнер бояд баробар гардад. Ҷамъоварии шолӣ дар ҷамъияти мазкур бо истифода аз техникаҳои махсуси даравкунанда ба роҳ монда шуд.
Иқлими шаҳри Турсунзода барои кишту парвариши шолӣ ва истеҳсоли биринҷи хушсифат мувофиқ аст. Аз ин рӯ, кишоварзон ба ин самт бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Имсол нақшаи шоликориро кишоварзон дар кишти асосӣ 500 гектар ва дар кишти такрорӣ 2228 гектар муайян намуда буданд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ намудани майдони кишти зироати кишоварзӣ ва захираи ҳарчи бештари маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин, ба хотири саҳм гузоштан дар фаровонии биринҷи хушсифати ватанӣ дар бозори истеъмолӣ кишти асосии ин навъи зироатро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 745 гектар расонда, дар кишти такрорӣ майдони онро ба 3245 гектар баробар намудаанд.
Дар маҷмӯъ, имсол майдони умумии кишти шолӣ дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода 4018 гектарро ташкил намудааст, ки ин нишондод ҳавасмандии сокинон ва самараноку оқилона истифода гардидани ҳар ваҷаб заминро бозгӯ мекунад. Ҷамъоварии шолӣ дар дигар хоҷагиҳо низ оғоз гардид. Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил 60 техникаи дарав омодаи кор мебошад.
Кишоварзони хоҷагии “Ҳақиқат” дар шаҳри Турсунзода имсол кишту парвариши дигар навъҳои зироатро низ вусъат бахшида, дар масоҳати 89 гектар дар замини обӣ ва 139 гектар дар замини лалмӣ гандум кишт намудаанд. Майдони сабзавотро ба беш аз 5 гектар расонда, 210 гектар кишти чигит гузарондаанд.
Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ҳақиқат” 630 нафар коргари доимӣ фаъолият намуда, боз беш аз 600 нафар сокини маҳаллӣ дар мавсими кишт, парвариш ва ҳосилғундорӣ ба кор ҷалб мешавад.  
Маврид ба зикр аст, ки дар заминаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати вусъат бахшидани кишту парвариши зироати кишоварзӣ, инчунин, ҳавасмандии хоҷагидорон дар самти зиёд намудани майдони кишт сол ба сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мегардад.
Дар ҳафт моҳи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр ба маблағи 322 миллиону 622 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 миллиону 579 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Имсол кишоварзони шаҳр дар майдони 14433 гектар ғалладонагӣ, 2961 гектар сабзавот, 827 гектар картошка, 1178 гектар пахта, 496 гектар зағир, 147 гектар полизӣ ва 36 гектар дигар намудҳои зироати кишоварзӣ, дар маҷмӯъ, дар масоҳати 21204 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузарондаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талошу заҳматҳои кишоварзони шаҳри Турсунзода ҷиҳати васеъ намудани майдони кишт, афзун бахшидан ба ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ, дар маҷмӯъ, истифодаи мақсадноку самарабахши ҳар порча замин ва саҳм гузоштан дар фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ баҳои баланд дода, фаъолияти онҳоро барои хоҷагидорони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат намунаи ибрат ҳисобиданд.

Ба истифода додани зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Турсонзода
7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Равшан”- ро баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат нахуст бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳи барқӣ,  воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Дар бинои танзим ва ҳимояи релегӣ нақшаи якхатаи зеристгоҳи мазкур, ки пойгоҳи асосии идораи таъминкунандаи неруи барқ маҳсуб мешавад, муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки шиддати зеристгоҳи барқии “Равшан” то татбиқи лоиҳа бо дарназардошти сохтори техникӣ дар сатҳи 220/35/10 кВ фаъолият мекард. Дар заминаи васеъсозӣ ва насби дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ  иқтидори он ба 220/110/10 кВ табдил дода шуда, тавоноии он аз 270 МВА ба 400 МВА баланд бардошта шуд.
Зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Равшан” солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда, дастгоҳу таҷҳизоти он бо сабаби истифодабарии тӯлонӣ қисман фарсудаву корношоям гардида буданд.
Барои барқарорсозии зеристгоҳи мазкур ва мувофиқ намудани таҷҳизоти он ба стандарти муосир, бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи бомароми барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаи таҷдид зеристгоҳи барқии “Равшан” пурра навсозӣ гардида, дар рӯзҳои таҷлили 29 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастоварди беназир дар соҳаи энергетика ба ҳисоб меравад.
Маврид ба таъкид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ иқдоми бузурги созандагӣ пеш гирифта шуд, ки дар доираи он бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат неругоҳҳои хурду бузург бунёду навсозӣ гардида, зеристгоҳҳои барқӣ низ аз нав таҷдиду барқарорсозӣ шуданд, ки сифати таъминоти неруи барқ ба аҳолӣ боз беҳтару хубтар гардид.
Вобаста ба талаботи муштариён миқдори истифодаи неруи барқ дар зеристгоҳи мазкур шабонарӯзӣ 550 мегаватт неруи барқро ташкил медиҳад.
Зеристгоҳи барқии “Равшан” дар баробари таъмини пурраи аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Турсунзода,  ҳамзамон, қисман ноҳияи Шаҳринавро бо барқи сифатан хуби истеҳсоли ватанӣ таъмин менамояд.  
Фармоишгари лоиҳа Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” буда, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба анҷом расонда шуданд.
Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи мақсадноки неруи барқ ва таъмини босифати он ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъмини доимии неруи барқ дар фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатӣ ва афзун гардидани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ низ мусоидати фаъол менамояд. Зеристгоҳи барқии “Равшан” бо назардошти рушди ояндаи инфрасохтори шаҳр, яъне бунёд гардидани боз даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун аз нав таҷдид шуда, ин тадбир ба рушди минбаъдаи соҳаҳои муҳиму афзалиятноки шаҳр заминаи мусоид мегузорад.
Дар доираи лоиҳа, тавассути васлу насби ду адад автотрансформатори иқтидорашон 125 МВА, ду адад трасформатори шиддаттанзимкунандаи 40 МВА, як адад трансформатори шиддатбаландкунандаи 25 МВА, гурӯҳи васлакҳои элегазӣ ва ҷудокунакҳои барқӣ, равоқпояҳо, трансформаторҳои шиддат ва ҷараён, гурӯҳи реакторҳо, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи 10 кВ ва дигар таҷҳизоти барқӣ, бунёди бинои нави дастгоҳҳои тақсимкунанда ва бинои нави идоракунӣ азнавсозӣ гардидаанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳа таҷдиду азнавсозии зеристгоҳи барқии 35/10 кВ-и “Минтақаи саноатӣ” дар шаҳри Турсунзода амалӣ гардид.
Дар зеристгоҳи мазкур ду адад трансформатори 25 МВА насб гардидааст. Зеристгоҳи барқии 35/ 10 кВ-и “Минтақаи саноатӣ” пас аз навсозӣ аз зеристгоҳи барқии 35/10 кВ тавассути васеъсозӣ ё худ бунёд намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ ба зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ табдил дода шуда, тавоноии он аз 20 МВА ба 50 МВА баланд бардошта шуд.
Азнавсозии зеристгоҳҳои болозикр имкон фароҳам овард, ки шиддатнокӣ дар шабакаҳои барқии минтақа устувор, сарбории трансформаторҳо муътадил ва сатҳу сифати хизматрасонӣ дар ин зеристгоҳҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонда шаванд.
Маҷмӯи ноқилҳои барқӣ ва ноқилҳои таҷҳизоти баландшиддат дар ҳаҷми беш аз 24 тонна ба маблағи 659 ҳазор сомонӣ аз ҷониби корхонаи ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Ноқили Талко” истеҳсол ва таҳвил карда шудааст. Илова бар ин, хати интиқоли барқи 35 кВ байни ин зеристгоҳҳо азнавсозӣ гардида, шиддати он аз 35 кВ ба 110 кВ баланд бардошта шуд.
Дар доираи корҳои ободонӣ гирду атрофи зеристгоҳ пурра таъмиру навсозӣ гардида, барои зебову назаррабо шудани он гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ ва дарахтони мевадиҳанда шинонда шудаанд.

Беморхонаи хусусии «Нури шифо» дар шаҳри Турсунзода ба истифода дода шуд
Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маркази табобатии «Нури шифо» - ро дар кӯчаи Садриддин Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури шифо» дар доираи иқдомҳои созанда ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ ва ҷавобгӯ сохтани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷӯрахон Хоҷамқулов бо маблағи умумии беш аз 2 миллион сомонӣ сохта шуда, дорои шароити мусоиди кору хизматрасонӣ мебошад.
Сарвари давлат аз шароити замонавии  маркази табобатии «Нури шифо», ки аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад, шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2016 оғоз гардида, барои бунёди он 30 нафар коргари маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин буд. 
Аз рӯи тарҳ дар таҳхона ва ошёнаи якуми маркази навтаъсиси табобатӣ ҳуҷраҳои сӯзандармонӣ, ошхона бо 50 ҷои нишаст, гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳаммом бо муосиртарин таҷҳизот ва дастгоҳҳои табобатӣ,  ҳуҷраи ташхиси ултрасадо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои вазифаҳои пурмасъул дар самти анҷоми хизматрасониҳои сатҳи баланди  тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии намудҳои гуногуни бемориҳо ба масъулон ва мутахассисони соҳа дастуру ҳидоятҳо дода, таъкид намуданд, ки  солимии ҷомеа дар меҳвари асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва маҳз бо ҳамин мақсад, дар мамлакат иқдомҳои созанда дар ин самт амалӣ карда мешаванд, то мардум аз хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ баҳравар шаванд.
Дар ошёнаи дуюм ва сеюми маркази табобатии «Нури шифо»  барои муолиҷа ва истироҳати сокинон шароити мусоид, аз ҷумла  20 ҳуҷраи хоб  ва физиодармонӣ, кашиши сутунмуҳра, масҳи даст  ва дигар ҳуҷрахои ёрирасон муҳайё карда шудааст.
Барои ташхису муайян намудани бемориҳо, аз ҷумла дақиқ муайян кардани кори системаи дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, пешобрав, муоина ва табобати бемориҳои занона ва мардона, асаб ва дигар намуди бемориҳо 15 номгӯи таҷҳизоту дастгоҳи муосири баландсифати тиббӣ  ворид шуда, барои истифода ва дар хидмати ниёзмандон қарор додани онҳо 30 нафар мутахассиси варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна ҷалб карда шудаанд. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба иқдоми пешгирифтаи соҳибкори ватанӣ, яъне бунёди чунин як маркази зебову муосири табобатӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ягона мебошад, шоистаи таҳсин хонда, таъкид намуданд, ки дар мамлакат барои дастгирии соҳибкорон ва рушди бахши хусусӣ шароити мусоиди корӣ мавҷуд аст ва онҳо метавонанд бо истифода аз имконоти мавҷуда дар бунёди иншооти таъйиноти гуногун саҳми назаррас гузоранд. 
Сокинон аз бунёди чунин як беморхонаи замонавии дорои имконияти зиёди хизматрасонӣ хушҳол гардида, самараи ин ҳама пешравиҳоро дар мамлакат аз суботу оромии Ватан ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба солимии ҷомеа арзёбӣ мекунанд. Дар ошёнаи 3-юми бино, дар баробари анҷом додани дигар хизматрасониҳои тиббӣ, ҳамзамон, толори варзиш ташкил гардидааст, ки  вобаста ба намуди беморӣ имкон аст, ки дар ин ҷо ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд. Аз рӯи тарҳ як қисми болои ошёнаи 4-уми муассисаи табобатии «Нури шифо»  кушода буда, барои истироҳат ва фароғати сокинон басо ҷои мувофиқ маҳсуб меёбад.
Дар доираи корҳои сохтмонӣ, ҳамзамон, ин ҷо бо бунёди гулгашту фаввора, ҳавзи шиноварии тобистона, гулу буттаҳои рангоранг ва дигар марказҳои хурди хизматрасонӣ зебову назаррабо гардонда шуда, барои табобатгирандагон рӯҳу таровати тоза мебахшад.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ
7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд.
Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 6 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, баландии пояи он бо дарназардошти таҳкурсиаш 50 метрро ташкил медиҳад. Парчами давлатӣ дар маркази шаҳр қомат афрохта, андозаи матои он 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад.
Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода яке аз иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар рафти бунёди он коргарони маҳаллӣ бо риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмонӣ иншоотро бунёд ва майдони назди Парчамро ба макони зебои сайру саёҳати мардум табдил доданд.
Атрофи Парчами давлатӣ бо сангҳои гуногун оро дода шуда, тамоми роҳравҳо сафолакпӯш гардидаанд. Масоҳати гулгашти майдони Парчами давлатӣ беш аз 3 ҳазору 790 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Қобил ба зикр аст, ки дар ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Турсунзода, роҳҳои атрофи майдони Парчам дар масоҳати 1200 метри мураббаъ асфалтпӯш гардидааст, ки барои рафтуои бемамониати нақлиёт мусоидат мекунад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади сазовор истиқбол намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 367 иншоот дар назар аст, ки то имрӯз 182-тои он пурра ба истифода дода шудааст ва дар иншооти боқимонда корҳо идома доранд.

Бунёди корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ “Сардор-2008”
7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сардор-2008” оғози расмӣ бахшиданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат нахуст аз намоиши маҳсулоти коргоҳ дидан карда, ба сифат ва намои анвои омодагардида баҳои баланд доданд.
Қобили зикр аст, ки корхонаи мазкур аз соли  2010-ум дар бинои иҷора фаъолият мекард ва шумораи кормандонаш 9 нафарро ташкил медод. Акнун бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси соҳибкори ватандӯст Шавкат Мадраҳимов корхона бо бинои наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин гардида, ба ин васила шумораи кормандон низ ба 250 нафар расонда шуд.
Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона номгӯи маҳсулот аз 1 намуди соли 2010 ба 6 намуд ва 30 навъ расонда шуда, ҳаҷми истеҳсоли он низ ба 1 миллион сомонӣ ва ё 1 миллиону 300 ҳазор дона маҳсулоти тайёр баробар гардид.
Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи “Сардор-2008” моҳи январи соли 2018 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расиданд.
Масоҳати умумии корхона 2 гектарро ташкил дода, бинои он дар 9 ҳазору 220 метри мураббаъ доман густурдааст.
Дар корхона 6 сех, аз ҷумла сехҳои истеҳсоли картошкаву нони хушк, ғӯлачаҳои ширини ҷуворимакка, сақич, ҳалво, донаҳои офтобпараст, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр, озмоишгоҳ ва бинои роҳбарият мавҷуд аст. Тамоми таҷҳизоте, ки дар ин ҷо насб гардидааст, аз кишварҳои Туркия, Украина ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудаанд.
Зимни боздид Пешвои миллат ба ташаббускории соҳибкор баҳои баланд дода, ба истифода додани бинои коргоҳи навро дар арафаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек маънидод намуданд.
Дар сехи истеҳсоли картошкаи хушк 25 нафар бону ба кор ҷалб гардида, ин маҳсулотро бо 5 намуд истеҳсол мекунанд. Асоси кори бонувон дар ин коргоҳ бандубасти маҳсулоти тайёр аст. Буришу ҷудокунӣ, хушккунии маҳсулоти хом, гармкунии равған, интиқоли картошкаи бирёншуда, хулоса, ҳамаи раванди кор тариқи автоматӣ иҷро мегардад. 
 Истеҳсоли нони хушк ҳам яке аз самтҳои асосии фаъолияти корхонаи “Сардор-2008” аст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки коргоҳи истеҳсоли нони хушк дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо ба ҳисоб рафта, маҳсулоташ дар бозорҳои хориҷи кишвар низ харидорони худро дорад. Дар ин ҷо низ беш аз 90 фоизи корҳо тариқи дастгоҳҳои нав - автоматӣ иҷро гардида, барои пухтани нон тафдонҳои ҳозиразамон насб гардидаанд.
 Сехи коркарди ғӯлачаҳои ҷуворимакка низ бо дастгоҳҳои навтарин ҷиҳозонда шуда, шумораи кормандон афзоиш ёфт. Дар ин ҷо низ бештар бонувон ҷалб шудаанд. Пеш аз ба кор шурӯъ кардан, бонувон дар курсҳои омӯзиш таҳсил намуданд. Зеро дар ин ҷо масъулият баландтар аст ва кормандон дар ду баст фаъолиятро ба роҳ мондаанд.
Бо ба кор пардохтани бинои нав масъулони корхона коргоҳи истеҳсоли навъҳои сақичро низ мукаммал намуда, шумораи кормандонро афзоиш доданд. Дар ин ҷо раванди истеҳсолот дар алоҳидагӣ ба таври худидоракунӣ иҷро гардида, барои таъмини бозори ватанӣ бо сақич, хати нави намуди борпечи коғазӣ ва болиштшакл ворид карда шудааст. Дизайни халтачаҳои ҳар як намуди сақич мутобиқи замон оро дода шуда, сифати он ҳам баланд аст. То имрӯз ин навъи маҳсулоти корхона бозори ин маҳсулотро дар мамлакат аз худ кардааст ва ба хориҷа низ содирот мешавад.
Донаҳои коркардшудаи офтобпараст низ як навъ маҳсулоти корхона буда, ҷараёни кор, аз ҷумла тозакунӣ, гурӯҳбандӣ ва дигар корҳои зарурӣ, автоматӣ иҷро мегарданд. Дар сехи коркарди донаҳои офтобпараст, ки бо брендҳои “Симба” ва “Ҳавас” маъруф аст, мутахассисони варзида раванди корро назорат менамоянд. Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз корхона бо истеҳсоли ин маҳсулот дар бозори дохилу хориҷ мавқеи хоса пайдо карда, ҳамасола даҳҳо тонна маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки ашёи хом барои истеҳсоли ҳама намуди маҳсулоти ин корхона аз дохили кишвар дастрас гардида, пеш аз  коркард аз озмоишгоҳ гузаронда мешавад. Маҳсулоти тайёр ҳам санҷида шуда, сипас ба бозору нуқтаҳои савдо интиқол меёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сифати корҳои таъмирию навсозӣ ва васлу насби таҷҳизотро қаноатбахш хонда, ба масъулон ҷиҳати бо сифати баланд истеҳсол кардани маҳсулот ва зиёд намудани номгӯи он дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар навбати худ соҳибкор низ аз дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва дастгирии ин қишри ҷомеа изҳори сипос карда, ваъда дод, ки дар оянда барои рушди соҳаи саноат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ талош менамояд ва дар таъмини ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ҳиссаи босазои худро мегузорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.09.2020    №: 170    Мутолиа карданд: 2317
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед