номаҳо
МУҲАББАТ. ВАҚТЕ НАВРАС ВАТАНАШРО ДӮСТ МЕДОРАД...
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо миллатро аз маҳвшавӣ наҷот доданд, балки барои пешрафти тараққиёташ, шукуфоияш тамоми тадбирҳоро андешиданд. Дар як муддати кӯтоҳ, тавре савганд ёд карда буданд, гурезаҳои иҷбориро ба Ватан баргардонданд, хонаҳои харобгаштаро обод намуданд. Дар баробари ин, ба рушди фарҳангу маориф ва пойдориву густариши забони давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Сарвари давлат забонро ҳастии миллат гуфтанд ва ҳолиё он ба як шиори ифтихорӣ табдил шудааст. Воқеан, ин гуфта ҳеҷ гуна исботро талаб надорад. Миллате, ки забонаш маҳв мегардад, ногузир худаш низ аз миён меравад.
Пешвои миллат ба хотири шинохти бештари ин ҳақиқат китоберо бо номи «Забон – ҳастии миллат» таълиф карданд, ки барои мо – омӯзгорон беҳтарин дастур ва раҳнамо мебошад.
Маҳз дар ин давра, яъне замони соҳибистиқлолии кишвар, фанни забони давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ гардид. Ҳар тоҷикистонӣ, новобаста аз миллату қавмаш, бояд ин забон – забони давлатиро бисёр хуб бидонад ва ба он озодона суҳбат кардаву навишта битавонад.
Ифтихори мани ӯзбекзабон аз он аст, ки ин забонро омӯхтам ва бо ин забон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳсил намудаму соҳиби маълумоти олии касбӣ гаштам. Инчунин, аз ин фан, яъне забони давлатӣ, дарс мегузарам. Албатта, дар баробари омӯзондани забони давлатӣ аз заҳмату хидматҳои бесобиқаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар мешавам. Ба хонандагон таъкид месозам, ки ин кишвар, ин сарзамин, ин забон ва ҳамзамон Пешвои муаззамамонро дӯст бидоранд.
Дар замири поки дили наврасон пошидани тухмии ин ҳама муҳаббат, ки зикрашон намудам, бисёр зарур аст.
Бовар дорам, ки онҳо бо таълиму тарбияи дуруст ин Ватанро дӯст медоранд ва дар оянда барои пешрафташ, ободониву шукуфоияш саҳми арзанда мегиранд.
Турсуной ОДИЛОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии № 9, ноҳияи Носири Хусрав
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.09.2020 №: 170 Мутолиа карданд: 3822