иқтисод
ТОҶИКСТАНДАРТ. СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД
Рушди соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна, барои пешрафти иқтисоди миллӣ, суботи молиявӣ, бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ ва афзоиши ҳаҷми маҳсулот дар бозори истеъмолӣ нақши муҳим дорад.
Тавре аз дафтари матбуоти Агентии Тоҷикстандарт ба “Ҷумҳурият” иттилоъ доданд, бо мақсади дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва сари вақт анҷом додани корҳои сертификатсионӣ оид ба содироти молу маҳсулот дар агентӣ навбатдорӣ ташкил шудааст ва ҳатто дар рӯзҳои ид ва истироҳатӣ низ дархостҳои соҳибкорон қабул карда мешаванд. Ҷиҳати содагардонии расмиёти содироти маҳсулот арзиши корҳои сертификаткунонии маҳсулоти ғизоӣ кам карда, барои дар муҳлати камтарин ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва кӯтоҳ намудани вақти ташхис тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд. Ҳоло дар ин бобат барои соҳибкорон монеае вуҷуд надорад. Барасмиятдарории корҳои сертификаткунонӣ барои молу маҳсулоти содиротӣ дар давоми як рӯз амалӣ мешавад. Мутахассисони агентӣ мунтазам оид ба риояи талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - техникӣ бо воридкунандагон ва истеҳсолгарони маҳсулоти хӯрокворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Ҳоло ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти содиротӣ ва дар ин замина рақобатпазир гардондани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ҷорӣ намудани низоми нави назорати сифати маҳсулот мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ идома дорад. Натиҷаи чунин тадбирандешиҳо буд, ки имрӯз воридоти баъзе намуди молу маҳсулоти пастсифат нисбатан коҳиш ёфта, истеҳсоли маҳсулоти босифати ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯй ва аз ҷиҳати экологӣ тоза афзуда истодааст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир, ҳамзамон, баланд бардоштани имконоти содиротии мамлакат дар 34 корхонаи истеҳсолӣ низоми идоракунии сифат аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ карда шуд.
Айни ҳол, тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии силсилаи ИСО 9000, 123 корхонаи ватанӣ дорои сертификати амалкунандаи мутобиқат мебошад. Дар корхонаҳои истеҳсолӣ омӯзиши стандартҳои байналмилалии ИСО 9001, ИСО 19011 ва низоми НАССР, фаҳмондадиҳии аҳамияти сифат ва корҳои сертификатсионӣ идома доранд.
Дар ин давра 47620 тонна маҳсулот аз ташхиси сертификатсионӣ гузаронда шуд. Нозирони агентӣ ҳамарӯза бо роҳбарони бозорҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла “Фаровон», «Меҳргон», «Султони Кабир», «Корвон Плюс», оид ба риояи қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ, назорати нархи маҳсулот ва оқибати риоя накардани талаботи қонунгузории кишвар доир ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон вохӯриҳо ташкил менамоянд. Дар ин раванд маъмурияти бозорҳо, марказҳои савдо, соҳибкорони инфиродӣ ва нуқтаҳои хизматрасон вазифадор шудаанд, ки фурӯшандагон ва ҳайати хизмат- расонро бо либоси ягонаи махсуси корӣ ва нишони сарисинагӣ таъмин намоянд. Мутаассифона, бо вуҷуди корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳанӯз ҳам ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои савдо ва ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат ба мушоҳида мерасанд.
Натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва сертификатсионӣ буд, ки соли гузашта корхонаҳои саноатии кишвар дар озмуни дарёфти ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Соли равон бошад, дар байни корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои аъзои ИДМ ду корхонаи ватанӣ - ҶДММ КМ «Силкоат бойя» аз шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Ваҳдат» аз ноҳияи Ёвон дар озмуни мазкур дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо дарёфти Шоҳҷоизаи озмун сарфароз гаштанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.09.2020 №: 170 Мутолиа карданд: 700