logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

БАХШИДА БА 5500 - СОЛАГИИ САРАЗМИ БОСТОНӢ

МУАММОИ «САРАЗМ»
1. Макони таърихӣ дар Ҷумҳурии   Тоҷикистон. 2. Кӯҳ дар мавзеи Саразм, ки аз он сабадчаи  пур аз ҳуҷҷат ёфт шудааст. 3. Муаллифи асари «Тоҷикон». 4. Сухани  пеш аз марг. 5. Сокини шаҳри Панҷакент, ки дар кашфи Саразм саҳм гузоштааст. 6. Мулке, ки аз тарафи касе васиқа карда шудааст. 7. Олими суғдшинос. 8. Муаллифи асари «Давлати Сомониён». 9. Якдигарфаҳмӣ, ба ҳам омадан. 10. Миллат. 11. Махзани  дониш. 12. Шаҳр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 13. Исми яке аз муҳаққиқони Саразм. 14. Асбоби  мусиқӣ дар «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 15. Ноҳия дар Тоҷикистон. 16. Муаллифи китоби «Саразм – оинаи  тамаддуни халқи тоҷик».
17. Воҳиди маъмурӣ. 18. Асбоби рӯзгоре, ки пайдо кардани он аз мавҷудияти шаҳри Саразм дарак дод.
19. Жанри матбуот. 20. Чуқур, амиқ.  21. Исми маъмулии занонаи тоҷикӣ. 22. Зодгоҳи Бадриддини Ҳилолӣ.
23. Асъори хурди миллӣ. 24. Хӯроки миллӣ. 25. Исми муаллифи асари «Саразм – оғози тамаддуни тоҷикон».
26. Қаҳрамони повести «Ривояти суғдӣ» - и С. Улуғзода. 27. Муродифи  ситора. 28. Ҳайвони саворӣ дар «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 29. Асари Сайидо. 30. Устоди муҳаққиқи Саразм – А. Исҳоқов. 31. Унсури  кимиёвӣ.
32. Шумораи миқдорӣ. 33. Истилоҳи  илми археологӣ.
34. Муқобили равшан. 35. Ҳаммаънои қаср. 36. Директори мамнуъгоҳи Саразм. 37. Моеи хушбӯй. 38. Сурх, сафед, сиёҳ. 39. Муқобилмаънои сарватманд. 40. Муродифи саҳл. 41. Шаҳр дар Тоҷикистон. 42. Ҳарфи алифбои ниёгон. 43. Шоҳ дар «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 44. Романи  П. Лукнитский.  45. Ҷирми осмонӣ.  
46. Фасли сол.   47. Навъи  санъат. 48. Адиб ва файласуфи асрҳои миёна. 49. Фалак, гетӣ, дунё. 50. Муродифи ҷуфтистеъмоли нанг. 51. Мурғи афсонавӣ. 52. Бурҳон ... адиби тоҷик. 53. Дастоварди замони истиқлол.
54. Илме, ки гузаштаро меомӯзад. 55. Шаҳр дар Тоҷикистон. 56. Ҳарфи алифбои ниёгон. 57. Муншии дарбори Сомониён. 58. Зодгоҳи Бобоҷон Ғафуров.
59. Асбоби мусиқӣ. 60. Металли табарчае, ки аз Саразм ёфт шудааст. 61. Кашшофи нахустини Саразм.
62. Ноҳия, водӣ, дарё дар Тоҷикистон. 63. Воҳиди маъмурӣ. 64. Муқобилмаънои душман. 65. Навъи санги қиматбаҳо, ки дар заргарии Саразм истифода шудааст. 66. Номи мусиқӣ аз «Шашмақом». 67. Нашриёт дар Тоҷикистон. 68. Камёфт, ноёб. 69. Ноҳия дар Тоҷикистон.      
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД,
сокини ноҳияи Рӯдакӣ

ҶАВОБИ ЧАЙНВОРДИ «ИСТИҚЛОЛИЯТ»,  АЗ 4 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020:
1. Ваҳдат. 2. Тоҷикистон. 3. Нишон. 4. Нанг. 5. Гандум. 6. Мамлакат. 7. Тоҷик. 8. Кӯлоб . 9. Бохтар. 10. Рафоқат. 11. Ташаккур. 12. Раият. 13. «Тоҷикон». 14. Наршахӣ. 15. Исфисор. 16. Республика. 17. Арча. 18. Ашқобод. 19. Дуҳул. 20. Луҳросп.    21. Падар. 22. Роҳ. 23. Ҳамоиш. 24. Шаҳр. 25. Регар. 26. Ранг. 27. Гавҳар. 28. Рақобат. 29. Ташкилот. 30. Ташвиқот. 31. Тоқӣ. 32. Интихобот. 33. Иттиҳод. 34. Дунё. 35. Ёдхишетак. 36. Кабутар. 37. Раъйдиҳӣ. 38. Истиқлолият. 39. Ташаббус. 40. Сохтмон. 41. Норак. 42. Кабир. 43. Раҳм. 44. Маслиҳат. 45. Тоқат. 46. Тамкин. 47. Нусрат. 48. Тахор.   


Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Меҳрубон ном буд ӯро ва ҳамроҳи модар дар ошёнаи сеи бинои нуҳошёнаи дар ғарби Душанбе ба сар мебурд. Меҳрубон монанди ҳама кӯдакони дунё саргармиҳову саркашиҳои худро дошт ва рӯзгоре, ки кӯдакистонро гузоштаву ба мактаб омад, одате аҷиб пайдо кард; ошиқи танга гашт. Ҳарчанд мо дар як гузар мезистему дар як синф мехондем, то рӯзҳои ошкор гаштани тангадӯстиаш бо ӯ наздик набудем.

* * *
Гуфта будиям, ки меҳмон мешавӣ.
Дар тани ҷонпарварон ҷон мешавӣ.
Рӯзу шабҳо интизорам ман ҳанӯз,
Бо дили уммедворам ман ҳанӯз.

Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз 4 сентябри соли 2020:
Раҷаб Мардон
Гулрухсор

Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!

Телефон: 238-53-40

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА


АМАЛИ ШОИСТАИ ТАҲСИН
Ҷоселин Ҷеймс, ҷинояткорзани аз ҳама зиёд ҷустуҷӯшаванда,  афсари полисеро, ки ӯро ба ҳабс гирифта буд, наҷот дод. Ҷоселин бемории нашъамандӣ дошт ва якчанд маротиба ба қонуншиканӣ даст зад. Полис Террел Поттер ду маротиба ӯро ба ҳабс гирифта, зиёда аз даҳ бор ба гунаҳкорӣ муттаҳам сохта буд. Соли 2013 Ҷеймс ним сол дар маркази эҳёгарӣ табобат  гирифта, аз бемории нашъамандӣ шифо ёфт. Баъд аз ин ӯ барномаи шахсии эҳёгарӣ аз нашъамандиро ташкил кард. Аз моҳи августи соли 2013 собиқ ҷинояткор 508 нафар зани нашъамандро муолиҷа кардааст. Моҳи декабри соли 2019 Ҷеймс дар саҳифаи фейсбук мебинад, ки  Поттер  ба иваз кардани як гурдааш эҳтиёҷ дорад ва ҷиҳати миннатдорӣ барои аз роҳи хато гардондани ӯ дарҳол барои донор шудан кумакашро пешниҳод менамояд. Поттер, ки 8 сол дар навбат истода буд, аз шунидани ин хабар дар ҳайрат меафтад. «Ин кори хайрхоҳона тасодуфӣ набуда, балки доди Парвардигор аст. Ба таври дигар гуфта намешавад», - баён кард Поттер. Ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом ёфт. «Ин дастоварди беҳтарин дар зиндагиам аст. Мане, ки бо сад эҳтимол бояд аз нашъамандӣ мемурдам, имрӯз тавонистам нафари дигареро наҷот диҳам ва аз ин кор хурсандам»,- гуфт Ҷеймс.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


$4 МИЛЛАРДУ 850 МИЛЛИОН НАРХИ ЯК КИШТӢ
Киштии гароннархтарини ҷаҳон BAIA 100 HISTORY SUPREME мебошад, ки онро сокини Англия Хюз Стюарат тарроҳӣ кардааст.
Киштӣ аз 100 тонна тиллои холис, 100 тонна филизоти гаронбаҳо, мисли паладий, платинум, биринҷӣ, инчунин, аз устухонҳои динозавр ва ҷирмҳои осмонӣ (метеорит) сохта шудааст.
Суръати ҳаракати он 50 узел (92,60 км - соат) буда, нархаш 4 миллиарду 850 миллион доллари ИМА мебошад. Соҳиби киштӣ сокини Малайзия миллиарддор Куоки Робурт аст.
Таҳияи Кароматулло АТО


ЭЙСЛЕР
Аз қазо Эйнштейн ва оҳангсози номӣ Ганс Эйслер ба шабнишиние якҷоя даъват мешаванд. Соҳибони маҳфил, ки аз маҳорати ғижжакнавозии  Эйнштейн воқиф буданд, хоҳиш мекунанд, ки  дукаса мусиқиеро ҷӯр карда, табъи ҳозиринро болида созанд. Аз афташ онҳо намедонистанд, ки Эйнштейн ҳеҷ гоҳ дар ансамбл ва бо ишораи «як», «ду», «се» нанавохтааст. Хуллас, баъди як, ду, се гуфтани Эйслер Эйнштейн бояд навозишро сар мекард, вале ҳеҷ ба ритм даромада наметавонист. Оҳангсоз баъди «як», «ду», «се» - гӯиҳои батакрор  аз пушти роял ишора карда бошад ҳам, ҳеҷ не ки овози ғижжаки Эйнштейн барояд. Ниҳоят, Эйслер ғазаболуд аз ҷой бархост ва бо эътироз гуфт:
- Ман намефаҳмам, чаро мо аз инсоне аллома метарошем, ки то се дуруст ҳисоб карда наметавонад.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ПОЙА
Математики шинохта, ки аз рӯи назарияи эҳтимолият таҳқиқот мебурд, аз мушоҳидаҳояш дар бораи амали як табиб қиссаи аҷибе дорад. Ба гуфтаи ӯ, вақте бо шикояте ба беморхона меравад, духтур коғазҳои ташхисро дида, оҳи пурдарде мекашад ва мегӯяд:
- Аз беморие, ки шумо доред, аз даҳ нуҳ нафари гирифтор мемирад, - ва чун мебинад, ки дар рӯи Пойаи бечора хун намондааст, каме чеҳраашро кушода, илова мекунад:
-  Вале шумо беташвиш бошед, зеро, аллакай, аз дасти ман нуҳ нафар мурд, шумо, ки даҳум бемор ҳастед, ҳатман, зинда мемонед.   
Таҳияи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ШОҲРОҲИ ОҲАНӢ
Амрико аз бунёди роҳҳои асфалтӣ қариб пурра даст кашида, акнун фақат шоҳроҳҳои оҳанӣ месозад. Ғафсии ин роҳҳо назаргир буда, онҳо метавонанд даҳсолаҳо бе навсозӣ хизмат кунанд. Ҳатто снарядҳои тӯпҳои 10 – 15-сантиметра наметавонанд ба ин роҳҳо осеб расонанд. Маблағ барои сохтмони чунин роҳҳо аз ҳисоби фурӯши автомобил ва харидани рақами мошин ҷамъоварӣ мешавад. Ба ҳисоби миёнаи амрикоӣ барои харидани мошин 75 доллар (изофапулӣ барои роҳ) ва барои гирифтани рақам боз ҳамин миқдор пул сарф мекунад ва ин маблағҳо пурра барои сохтмони роҳҳо сарф мегарданд. Агар ба ҳисоб гирем, ки дар Амрико пайваста то 23 миллион мошин дар гардиш асту амрикоиҳо зуд – зуд иваз кардани мошинро дӯст медоранд, миллиардҳо доллар ҷамъ меояд.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА


ИРОДАИ ҚАВӢ КАФИЛИ МУВАФФАҚИЯТҲОСТ
Соли 1912 дар шаҳри Стокголми Шведсия бозиҳои олимпӣ  баргузор гардиданд, ки дар он варзишгари амрикоӣ Ҷим Торп ҳамагонро ба ҳайрат овард. Дар ин бозиҳо Торп ду медали тиллоро  дар намуди варзиши панҷҳарба ва даҳҳарба  ба даст овард. Аҷибаш ин аст, ки ду соат қабл аз оғози мусобиқа пойафзоли варзишии ӯро дуздиданд. Ин ҳолат  Торпро рӯҳафтода накард ва бо иродаи қавӣ пойафзоли каси дигар, ки андозааш гуногун буд, қувваозмоӣ намуда муваффақ ҳам шуд. Дар анҷоми бозӣ Шоҳи Шведсия Густав V  ҳангоми тақдими медали тилло ба Торп чунин гуфт: «Ҷаноб, шумо варзишгари беҳтарини ҷаҳонед!». Торп бошад, ба пойафзоли пӯшидааш назар карду хоксорона ҷавоб дод: «Ташаккур шоҳ».
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ХАМЁЗА
«Одамон хамёза мекашанд, то мағзи сарро хунук гардонанд». Чунин андеша дорад олими равоншинос Гордон Галлап аз Донишгоҳи Олбани.  Ба гуфтаи ӯ, ақл ба компютер монанд аст, яъне дар ҳолати сардӣ беҳтар кор мекунад. Аз ҳамин нигоҳ, дар организм механизмҳои мураккаби хунуккунанда мавҷуданд, ки ҳарорати мағзи сарро ба танзим медароранд.
Ба андешаи Галлап,  агар одам аз меъёр зиёд бедор бошад, яъне хоб накунад, ҳарорати мағзи сар баланд мешавад ва агрегати хамёза ба кор медарояд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


МАРИЯ ТЕРЕЗА ДЕ ФИЛИППИС
Мария Тереза де Филиппис аввалин зан – иштирокчии пойгаи миллии мошинронии Италия - Формула - 1 мебошад. Соли 1958 ӯ аввалин маротиба баромад кард. Муваффақияти беҳтаринаш дар ин пойга ҷои дуюм аст. Бисёр мардҳо, аз ҷумла ситораи Формула - 1 Берни Экклстоунро мағлуб намудааст.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


57 САДДОЛЛАРА ДАР МЕЪДА
Яке пулро дар ҳамён нигоҳ медораду дигаре дар бонк. Аммо Сандра Миленаи колумбиягӣ роҳи нави ҳифзкунии онро кашф кард. Ӯ меъдаашро ба хазина табдил дод.
Зан маблағро барои саёҳат ҷамъ оварда буд, аммо байни ӯву шавҳараш муноқишае  бархосту аз сари қаҳр 9 ҳазор долларро фурӯ бурд. Баъд аз муроҷиат, табибон тавонистанд танҳо 57 саддоллараро берун оваранд. Боқимондааш, аллакай, дар кислота ҳал шуда буд.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА


БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
«СУПЕРСАБЗАВОТ»
Соли 1870 химики олмонӣ хост таҳқиқ кунад, ки кадом намуди сабзавот дар таркибаш оҳани бештар дорад. Вақте навбат ба испаноқ (шпинат) расид, аз ҳаҷми зиёди кор, саҳван, аломати вергулро ноҷо гузошт. Ҳамин тариқ, тибқи хулосаи ташхис дар 100 грамм испаноқ ба ҷои 3,5 мг оҳани воқеӣ, 35 мг оҳан «ҳосил» шуда монд. Маҳз ҳамин «кашфиёт»-и ғайриодӣ сабаб шуду испаноқ аз нигоҳи фоиданокӣ ба рӯйхати «суперсабзавотҳо» шомил гашт.
Аз русӣ тарҷумаи Самад ҚУРБОНАЛӢ


ЧЕК БА ҶОИ ПУЛ
Амрикоие нест, ки ҳисоби бонкӣ надошта бошад. Ҳатто корманд ё хизматчии нодортарин ҳам аз хурдӣ ҳисоби ҷории бонкӣ дорад. Кӯдак вақти ба синфи як қадам гузоштан аз шуъбаи бонкии ба ин мавзеъ хизматрасон ҳисоби хурдтарини бонкӣ мегирад ва ҳамаи устодон ба ӯ ҷамъ овардани пулро талқин мекунанд. Масъули бонк моҳе як ё ду бор ба кӯдак ҳисоби ҷориро ёдрас ва иловаҳои ҳатто хурдтарини чандсентаро зам мекунанд. Барои қариб ҳама кору чиз (пардохти ҳаққи барқ, об, харидани молу маҳсулот...) ба ҷои пул маблағ бо чек пардохта мешавад.
...Ва аз ин ҳисоб давлат ҳамеша соҳиби триллионҳо доллар пули нақд аст.
Таҳияи Манзура ШАМСОВА


МУРҒАКИ  СУХАНГӮ
Чанде пеш Ҷамъияти равоншиносони назди Донишгоҳи Колумбия парандаи аз булбул хурдтарро ба намоиш гузошт. Паранда шавқи умумро бо он барангехт, ки бештар аз 300 вожаро аз ёд медонист. Ба гуфтаи доктор В. Петерсон, ки ду сол рафтори ин парандаро омӯхтааст, он на танҳо месарояд, балки гап мезанад. Яъне вақте аз паранда чизеро мепурсанд, ӯ монанди тӯтӣ такрор намекунад, балки бо забони худ посух медиҳад. Нутқи ин мурғак аз 24 овози садоноку ҳамсадо иборат аст. Петерсон тасдиқ намекунад, ки паранда сухани моро мефаҳмад ё ҷавоби дуруст медиҳад, аммо бо забони «худ» посух гуфтани ӯ барои илм вазифаҳои нави тадқиқотӣ мегузорад.
Таҳияи Дилбар МУРОДОВА


ШАРШАРАҲО АЗ ПОЁН БА БОЛО ҶОРӢ ШУДАНД
Дар шаҳри Бундинаи Австралия шаршараҳо ба самти баръакс - аз поин ба боло ҷорӣ гаштанд, - хабар медиҳад Daily Mail.
Ба тавзеҳи олимон, сабаби ин ҳодисаи нодири табиӣ шамоли сахт мебошад, ки ба ҷарӣ бо суръати 70 километр - соат бархӯрдааст. Шаршараҳо ба фишори суръати баланди ҷараёни ҳаво аз баҳри Тасман тоб наоварда, ба самти баръакс ҳаракатро оғоз намуданд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


БЕШАИ САНДАЛИ СИЁҲ
Ин бешаи сандал (бамбук, найи чинӣ ё ҳиндӣ) дар музофоти Ҳейчҷуи Чин ҷойгир аст. Ҳазорҳо кас ба ин беша даромада, дигар барнагаштаанд. Одамон зайле ғайб мезананд, ки аз онҳо осоре намемонад - на ҷасад, на ягон чиз.
Санадҳои нахустин дар бораи ғайбзании одамон дар ин беша аз асри гузашта мавҷуданд. Соли 1950 дар ин бешазор бо сабабҳои номаълум ҳавопаймои мусофирбар суқут кард. Аҷиб ин аст, ки ҳавопаймо ягон нуқси техникӣ надоштааст, сарнишинон бонги хатар назадаанд ва ягон чизи ғайриодиро мушоҳида накардаанд. Сокинони маҳаллӣ дар бораи ин беша ривоятҳои зиёд доранд, назири «дарвозаи олами дигар» будан.
Чанде пеш олимони Чин дар ин беша сохтори нодири ҷинсҳои геологӣ ва  ҷудошавии газҳои заҳрогини марговар, ки дар натиҷаи пӯсиши баъзе намудҳои наботот пайдо мешаванд, ҳамчунин, нурпошии майдони беназири геомагнитиро кашф карданд. Ин кашфиёт ба саволҳои беҳисоб ҷавоб гуфт.
Таҳияи А. ҚУДРАТУЛЛО


ЛЕОНАРДО ДИ КАПРИО
Леонардо Ди Каприо  дар  шаҳри Лос - Анҷелеси  иёлати Калифорния  (Амрико)  ба камол расида,  бо  офаридани  нақши асосӣ  (Ҷек Доусон) дар филми «Титаник» дили ҳазорон – ҳазор мухлисонро тасхир намуд ва   маҳбуби бинандагон гардид.  Аҷдодаш аз табори славянҳо буда, чун муҳоҷир дар Олмон зиндагӣ кардаанд. Баъдтар хонаводаи Леонардо дар яке аз маҳаллаҳои ноободи Лос - Анҷелес иқомат доштанд.  Модараш  барои таъминоти рӯзгор ва  бароварда намудани хостаҳои  писараш дар чанд ҷо кор  карда,  нисфишабӣ  ба хона бармегашт.
Дар синни 14-солагӣ  наврас азм кард, ки ҳунарманди овозадор шуда, оиларо аз бенавоӣ раҳонад.  Дар аввал дар  ширкати рекламавие   кор  ёфт. Зоҳири   зебою  заҳматқаринии навҷавон  роҳбари ширкатро дар тааҷҷуб гузошт. Ҳамин буд, ки ӯро  барои ҳамроҳ бо ҳунарманди  шинохтаи амрикоӣ   Роберт  Де  Ниро нақш бозидан дар филми  «Ҳаёти ин ҷавон…» даъват кард. Он вақт Леонардо 19 – сола буд. Офаридани ин нақш калиди  даркушои бахти ӯ гардид. Билохира, ҳаёти ӯ шукӯҳу манзалати тозае касб кард.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.09.2020    №: 173    Мутолиа карданд: 1240
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед