logo

фарҳанг

МАРАТ ОРИФОВ. СИМОИ ҶОВИДОНАИ СИНАМОИ МИЛЛӢ

Ҳунарманди маъруфи синамои тоҷик Марат Орифов дар шаҳри бостонии Конибодом чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ба бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории ба номи Т. Шевченкои шаҳри Сталинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатиии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) дохил гашта, соли 1956 онро хатм намуд ва пешаи омӯзгори забон ва адабиёти тоҷикро касб кард. Марати ҷавон аз айёми наврасӣ меҳр ба ҳунар ва санъати пешавариро дар қалб мепарварид. Ин меҳрро аз модари азизаш ҳунарманди шаҳир, Артисти халқии СССР Туҳфа Фозилова мерос гирифта буд. Бинобар ин, бо даст додани аввалин фурсат роҳи Донишкадаи театрию бадеии шаҳри Тошкандро пеш гирифт. Ҳини таҳсил дар курси дуюм кинорежиссёри машҳур Комил Ёрматов Маратро барои иҷрои нақши Сино дар филми «Абуалӣ Сино» даъват намуд. Пас аз рӯи навор омадани филми мазкур ва шуҳрат касб намудани он дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ номи Марат Орифов вирди забонҳо гашт.

Студияи «Тоҷикфилм», ки ҳамакнун ба фаъолият оғоз намуда буд, ба офаридани филмҳои таърихӣ таваҷҷуҳ дошт. Соли 1959 таҳиягар Борис Кимёгаров дар ҳамкорӣ бо филмноманавис ва адиб Сотим Улуғзода ба офаридани филми «Қисмати шоир», ки он аз зиндагиномаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ – саромади адабиёти классикии тоҷику форс ҳикоят мекард, шурӯъ намуд. Барои иҷрои нақши Рӯдакӣ таҳиягар Марат Орифовро даъват намуд, ки ба соли охири донишҷӯияш дар донишкада рост меояд. Асар аз ҳаёти ҳунарваре қисса мекард, ки замоне ба шарафи олӣ расида, пасон фаромӯш шуда буд. Марат Орифов ба умқу доираи ҳаводиси фарогирифта ва тасвири синамо тавъам шомил гардида, ба офаридани симои хотирмон ноил гашт. Ба ин донишу ҳунари суханвариаш, ки маҳсули таҳсил дар риштаи адабиёти тоҷик буд, ёрӣ расонд. Ҳунарпеша гаштаву баргашта ба қироати ашъори Одамушшуаро пардохта, ҳунару салиқаи хешро сайқал медод. Дар натиҷа, ҳини рӯи парда омадани саҳнаи қироати ашъори хеш дар назди Бону ва Нигина ҳунарвар маҳорати беамсол нишон медиҳад. Тамошогарон низ мафтуни малакаву ҳунари Орифов гашта, симои офаридаи ӯро то ҳол дар лавҳи хотир ҳифз кардаанд. Саҳнаи дигаре, ки тамошогаронро мафтун сохт, лаҳзаи бозгашти амир Наср аз Ҳирот ба Бухоро зери таъсири қироати ғазали маъруфи «Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме» аз ҷиниби Рӯдакӣ – М. Орифов ва ҳалҳалаи дарбориён мебошад.
Киношиноси маъруфи тоҷик Ато Аҳроров ба маҳорат ва салиқаи симоофарии Марат Орифов баҳои баланд дода, дар асари таҳқиқотии хеш «Кинои тоҷик» иброз доштааст: «Марат Орифов симои Рӯдакиро тасвир намуда, кӯшиш дорад аз такрор ва монандӣ бо филми «Абуалӣ Сино» - и офаридааш канораҷӯӣ намуда, вижагиҳои фардии қаҳрамони худро ҷустуҷӯ намояд. Дар саҳнаҳои нахустини филм ҳунарвар ба оҳистагӣ барои дарки афкори шоири ҷавон ҷадал намуда, оҳанги шеърҳоро бо эҳтиросоти хосса ва ҳаяҷони ботинӣ ҳангоми мулоқот бо мардум ифшо намуда, кӯшиши илҳому неруи зиндаи Рӯдакии Одамушшуароро илқо месозад».
Филми «Қисмати шоир» соли 1959 сабт гардид ва пас аз соле дар Ҷашнвораи байналмилалии синамои шаҳри Қоҳираи Миср мукофоти «Уқоби заррин» - ро соҳиб гашт. Ҳунарварон Дилбар Қосимова ва Марат Орифов бо мукофотҳои махсус қадршиносӣ шуданд. Баъди намоиши филми мазкур номи Марат Орифов бори дигар ҳамчун ҳунарвари шинохта ва боистеъдод дар ҳудуди кишвар ва хориҷ аз он вирди забонҳо гашт.
Пас аз хатми муваффақонаи Донишкадаи театрию бадеии шаҳри Тошканд Марат Орифов ба шаҳри азизаш баргашта, дар студияи «Тоҷикфилм» фаъолияти меҳнатиро оғоз бахшид. Акнун, Орифов дар аксари филмҳои студия нақш меофарид. Аз ҷумла, дар филми «Насриддин дар Хуҷанд» нақши дузди Бағдодро бозӣ кард. Соли 1961 дар филми овозадори Борис Кимиёгаров «Дирафши оҳангар» нақши Ширинкори маккорро бо маҳорати том ба намоиш гузошт. «Бозии нишонрас ва тезу тунди М. Орифов, ки нақши Ширинкори бадтиннатро офаридааст, хеле барҷаста ва ғайричашмдошт аст», - иброз медорад Любов Қиёмова, корманди собиқадори соҳаи киноматографияи миллӣ.
Се сол пас, ӯ дар филми таҳиягар Амон Ҳамроев «Дӯст дорӣ маро, ё на» нақши Қудратро офарид. Филм гарчанде бо нуқси муаллифони филмнома ва таҳиягар натавонист ба ҳадаф бирасад, боз ҳам нақши Қудрат дар иҷрои Орифов то дер гоҳ дар лавҳи хотири тамошогарон боқӣ монд. Худи ҳамон сол ҳунарвар дар филми «То фардо» ҳунарнамоӣ намуд. Соле пас, дар асари «Замони осоишта» - и коргардон Б. Кимиёгаров нақши Комилро рӯи парда овард.
Дастовардҳои Марат Орифов дар бахши таҳиягарӣ низ чашмрас мебошанд. Ӯ барои омӯхтани ин ҳунар факултети режиссураи Донишкадаи умумииттифоқии давлатии киноматографияро дар коргоҳи ҳунарии С. Герасимов хатм намуда, соли 1966 аз рӯи асари нависанда Павел Лукнитский - «Нисо» филмеро ба навор гирифт, ки он ҳикоятгари ҳодисаҳои солҳои аввали асри гузашта дар Бадахшон мебошад. Дар филм манзараҳои зебои кӯҳистони Бадахшон бо ҳодисаҳои замони пуршӯри инқилобӣ омехта тасвир шудаанд. Бо филми «Нисо» М. Орифов собит намуд, ки аз уҳдаи коргардонӣ ва таҳияи филмҳои мураккаб баромада метавонад. Ӯ барои нахусткоргардонӣ ва Галина Пӯлодова ҷиҳати нақши нахустинаш соли 1966 дар озмуни киностудияҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон махсус қадрдонӣ шуданд.
Асари дигари синамоии таҳиянамудаи Орифов «Қалби ман дар кӯҳсор» ном дорад, ки дар он нақши марказии асар Ашӯрро худи М. Орифов мутмаинона ва бо камоли масъулият бозӣ кардааст. Соли 1977 филми навбатии Марат Орифов «Муҳосира» сабт гардид ва дар синамобазми шаҳри Ереван соҳиби ҷоизаи ҷашнвораи умумииттифоқӣ шуд.
М. Орифов як қатор филмҳои мустанад низ таҳия кардааст. Муаллим аз нақшҳои хотирмони солҳои охир офаридаи ҳунарманд дар филми “Муаллим” маҳсуб меёбад.
Малака ва маҳорати Марат Орифов серҷабҳа ва гуногунпаҳлу аст, соҳаҳои мухталифи санъати синаморо дар бар мегирад. Ҳар як нақши офаридааш ва филмҳои таҳиянамудаи ӯ аз тарафи мутахассисони соҳа баҳои баландро гирифтааст. Онҳо бо услуб ва малакаву маҳорати вижаи офарандагӣ эҷод гашта, аз якдигар тафовут доранд. Аз ин рӯ, то ҳол қимату арзиши худро гум накардаанд ва симои муаллифашонро ҷовидон гардондаанд.

Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2020    №: 174 - 175    Мутолиа карданд: 836
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед