маориф
МАОРИФ. НАҚШИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ МУҲИМТАРИН СОҲАИ ИҶТИМОӢ
Ин нукта дигар ҳақиқати возеҳу рӯшан мебошад ва низ ниёз ба собит сохтан надорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҷанги таҳмилӣ буд. Бадхоҳону душманони миллат истиқлолияти миллӣ ва рушду тараққиёти кишвари моро намехостанд. Онҳо медонистанд, ки дар сурати акс, яъне пойдории истиқлолият ва шукуфоии Тоҷикистони азиз миллати соҳибтамаддуну қадимии мо бо расидан ба асолати худ дар арсаи ҷаҳон бештару беҳтар муаррифӣ мегардад. Бешак, заминаҳои мусоид низ барои рушди соҳаи маориф, беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия ба вуҷуд меомад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша ба шукргузорӣ аз он вазифадорем, ки чун гавҳараки чашм азизаш бидорему ҳифзаш бинамоем. Ин ҳақиқатро низ мардуми мо шинохтаву пазируфтаанд, ки ба ҳама дастовардҳои муҳим тавассути Сарвари хирадманди давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидаем.
Имрӯз чун ба гузаштаи на чандон дур бо дидаи таҳқиқу ибрат менигарем, накутар дармеёбем, ки барои ояндаи дурахшони миллат, рушду тараққиёти тамоми соҳаҳо бо заҳмату ҷоннисориҳои худ, воқеан, ба сифати як Пешвои муаззам тадбирҳои оқилонаву дурандешонаро сари вақт андешида будаанд. Таърих, ба яқин, ин ҳамаро бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои худ рӯшан сабт намудааст. Аз он бармеояд, ки заҳмату хидматҳояшон бесобиқа мебошанд, яъне то ба ӯ ҳеҷ сарвари давлати мо дар роҳи эъмори давлати тоҷикон чунин дилсӯзӣ ва ҷоннисорӣ нанамуда аст.
Бояд ин нуктаро ҳамчун як тан аз аҳли маориф зикр намоям, ки Сарвари давлат аз оғози фаъолияти роҳбарӣ ин соҳаро аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ эълон карданд ва таъкид доштанд, ки он мавриди таваҷҷуҳи махсусашон қарор дорад.
Ҳанӯз ҳам аз хотирҳо нарафта, ки дар он рӯзгори сангину фоҷиабор бархе аз тангназарон мегуфтанду менавиштанд, ки ба беҳбудии вазъи таълиму тарбия, ободию пешрафти муассисаҳои таълимӣ наметавон умед баст. Онҳо рушди соҳаҳои маорифи дигар кишварҳои мутараққиро мисол меоварданд ва ба кишвари ҷангзадаву харобгаштаи мо муқоиса мекарданд. Дуруст буд, ки вазъи ин соҳаи ҳаётан муҳим дар он замон на танҳо ҷавобгӯи талабот, балки хуб ҳам набуд. Бисёре аз мактабҳо дар макони даргириҳо сӯхтаву валангор шуда буданд. Аксар мактабҳо солҳои пеш сохтаву дар шароити нав ба талабот ҷавоб намедоданд. Хонандагон дар вагонҳо ва хонаҳои шахсӣ, ки ҳукми мактабро доштанд, таҳсил мекарданд.
Бунёду таъмири биноҳои нави таълимӣ бо иқтисоди қафомонда берун аз имкон буд. Китобҳои дарсӣ ва ашёи зарурии хониш намерасид. Бархе аз омӯзгорон барои беҳбудии зиндагии оилавӣ тарки ин касб мекарданд ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд. Даҳшати ин ҳама дар қиёс бо маорифи кишварҳои пешрафта ва орому осуда, албатта, бештар эҳсос мегардид. Ба рушди ин соҳа, ба шукуфоии кишвару пойдории миллат умед бастан мумкин набуд. Ҳеҷ кас бовар ва ҳам интизор надошт, ки маорифи кишвари мо дар андак муддат барои таърих бад – ин пояи баланди рушду тараққиёт мерасад.
Пешвои миллат рушди пайгиронаи маорифро дар сиёсати давлату Ҳукумат ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа арзёбӣ намуда, барои рушди пайгиронаи он тамоми тадбирҳои заруриро андешид. Зимни Паёму суханрониҳои худ барои рушди соҳа на танҳо дастуру супориш, балки роҳҳову усулҳои муфидро барои амалисозии он нишон медоданд.
Махсусан, дар ҳар як Паём Пешвои миллат барномаҳои мушаххаси рушди соҳаро барои мо муайян мекунанд, ки он ба сифат як роҳнамо ва дастури муфиду санҷидашуда мебошад.
Бешак, ҳеҷ кас як мисолу намунае овардаву нишон дода наметавонад, ки то ба ӯ сарвари давлате, махсусан ба ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир ва раҳнамоии дуруст карда бошад. Ба хотири беҳтар намудани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ нахуст шароити зарурӣ ба вуҷуд оварда шуд. Яъне, бештари маблағҳои ҷудошуда барои мустаҳкам кардани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, бунёди мактабҳои нав, таъмиру тармими биноҳои таълимии мавҷуда, сохтани синфхонаҳои иловагӣ равона гардиданд. Дар зимн, ҳамчунин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 – 2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагон – хонаҳо ва биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ қарор доранд», қабул гардид. Дар асоси он 804 бинои муассисаи таълимӣ бо маблағи 590 миллион сомонӣ бояд сохтаву азнавсозӣ мешуд.
Мебинем, ки ҳамасола муассисаҳои нави замонавии таълимӣ бунёд меёбанд, таъмиру тармим мегарданд. Синфхонаҳои иловагӣ сохта мешаванд. Аз ҷумла, имрӯз бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз нигоҳи меъморӣ ва имконоти мавҷудаи таълимӣ аз беҳтарину зеботарин биноҳо маҳсуб мешавад. Дар тасаввури ҳеҷ кас роҳ намеёфт, ки ба ин дастоварди бесобиқа рӯзе ноил мегардем. Ин ҳама аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва хиради азалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҷавобан ба он ҳамеша шукргузорию сипосгузорӣ мекунем ва тамоми тадбирҳоро меандешем, ки сифати таълиму тарбияро дар ин муассисаи таълимӣ ҳамасола болотар бибарем. Ин, ҳамзамон, вазифаи аввалиндараҷаи мо ба ҳисоб меравад. Ҳама саъю кӯшишро ба харҷ медиҳем, ки мутахассисони тайёркарда ҷавобгӯи талаботи замони муосир бошанд. Танҳо дар ин сурат ё худ ноил гардидан ба ин гуна дастовардҳои назаррас, мо метавонем аз фаъолияти худ қонеъ бошем.
Дар ин давра, яъне замони Истиқлолияти давлатӣ бо дастуру раҳнамоии Сарвари давлат санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, консепсияву барномаҳои давлатӣ барои бартараф ва ҳалли мушкилоти соҳа қабул гардиданд. Шумораи кӯдакистонҳо, муассисаҳои таълимӣ афзуданд ва ҷавобгӯ ба талаботи давр шуданд. Барои дарёфт ва рушди истеъдодҳо марказҳо таъсис ёфтанд. Шумораи ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ зиёд шуд. Стандартҳои давлатии таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот қабул ва низоми дузинагии олии касбӣ ҷорӣ гардид. Китобҳои дарсии нави ҷавобгӯ ба талаботи давр таҳия ва интишор шуданд.
Аз вижагиҳои хоси дигари ин давра он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил бо навбат дар яке аз муассисаҳои таълимӣ Дарси сулҳро мегузаранд. Ин дарс тариқи шабакаҳои радиоиву телевизионӣ пахш мегардад ва дар матбуоти даврӣ ба нашр мерасад.
Он, ҳамзамон, беҳтарин дастур ва роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи мо - омӯзгорон мебошад. Ҳамчунин, Ҷоизаи президентӣ дар соҳаи маориф таъсис ёфт, ки беҳтарин омӯзгорону кормандони соҳа ҳамасола барои фаъолияту дастовардҳои назаррасашон қадрдонӣ мешаванд. Ба ҷуз ин, барои омӯзгорон, хосса омӯзгорони ҷавон имтиёзҳои зиёду муфид муқаррар гардидаанд.
Таъсиси Квотаи президентӣ низ аз вижагиҳои хоси ин давра мебошад, ки дар рушди соҳа, боло бурдани сатҳи маърифат, ҷалби бештару беҳтари духтарони соҳиблаёқат, махсусан духтарони кӯҳистони дурдаст таъсири нек гузошт. Таъсиси Маркази миллии тестӣ ҳам аз дастовардҳои ин давра аст. Ба ин васила шаффофияти қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёна фароҳам оварда шуд.
Хуллас, дастовардҳо дар соҳаи маориф бисёри бисёр аст. Тавре зикр шуд, мо ба ин ҳама туфайли ғамхориву ташаббусҳо, тадбирҳои саривақтии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидем. Бори дигар маврид ба таъкид аст, ки ин ҳама то ба Истиқлолияти давлатӣ ва сарварии ӯ собиқа надошт. Ҷавобан ба ин ҳама, албатта, бо эҳсоси масъулият вазифа ва рисолати худро барои пойдории истиқлолият ва дастоварду арзишҳои миллӣ бо шукргузорӣ аз Пешвои миллат ба ҷо меорем.
Абдусалом МИРАЛИЗОДА, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2020 №: 177 Мутолиа карданд: 1882