logo

фарҳанг

АЗ РАШТ ТО ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ СОҲИБКОР МУШКИЛОТИ МАРДУМРО ҲАЛ НАМУД

Фазои орому осуда ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро водор месозанд, ки аз корҳои хайру савоб  пайравӣ намуда, иқдомҳои хайрхоҳонаро пеш гирифтанд.
Ба наздикӣ дар ноҳияи Рашт аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ чанд иншооти хурду миёна ба истифода супурда шуд. Аз ҷумла, бо ташаббуси соҳибкор Ғаюр Ҷӯрабеков ва фарзандони  ба ору номуси ин марди саховатпеша, ки худро дар самти корҳои ободонию бунёдкорӣ пайрави Пешвои миллат меҳисобад, дар деҳаи Дуобаи Ҷамоати деҳоти Тагоба, корҳои назаррасе ба анҷом расонда шуданд. Соҳибкори муваффақ бо фарзандон дар барқарорсозӣ ва асфалтпӯш кардани роҳҳо, кандани чоҳҳои амудӣ ва бо қувваи барқ таъмин намудани сокинон саҳми муносиб гузошт.
 Роҳи байни деҳаҳои Дуобаву Каландаки ноҳияи Рашт, ки ин ду деҳаро ба маркази ноҳия мепайвандад, ба таъмиру тармим ниёз дошт, бо ташаббуси ин марди саховатпеша бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ мумфарш гардид. Ҳамчунин, бо маблағи 71 ҳазор сомонӣ дар деҳаи Дуоба як трансформатор бо 10 симчӯб шинонд, ки айни замон мавриди истифода қарор дорад.   
Соҳибкори муваффақ  дар деҳаи Гулпарвари Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи  шаҳри Душанбе низ дар масофаи 4 километр роҳро мумфарш карда, аз чуқурии 85 метр бо маблағи 100 ҳазор сомонӣ барои сокинони он об баровард. Илова бар ин, як трансформатор барои сокинони деҳаи Гулпарвар бо симчӯбҳо ба маблағи 68 ҳазор сомонӣ харида, баъди васлу насб ба истифода дод.
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо маблағгузории ӯ аз чуқурии 130 метр оби нӯшокӣ барои 300  хоҷагӣ бароварда шудааст, ки маблағи умумии он 250 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат соҳибкор  Ғаюр Ҷӯрабеков ба табибони Рашт либос, доруворӣ ва маводи зиддиуфунӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ туҳфа намуд.
Айни замон бо иқдоми ин соҳибкор барои истироҳат ва фароғати ҷавонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ дар яке аз мавзеъҳои тамошобоби Ҷамоати деҳоти Тагоба сохтмони ҳавзҳои моҳигирӣ, шиноварӣ ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ бомаром идома дорад.

Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2020    №: 177    Мутолиа карданд: 902
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед