logo

иқтисод

ҲИСОР. 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

Дар шаҳри Ҳисор барои истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  омодагии хуб гирифтаанд.  Дар ин водии зархез ба истиқболи ҷашн иншооти таъйиноташон гуногун бо тарҳу намои муосир, ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ қомат афрохта, ба ҳусни шаҳр зебоии хосса зам намудаанд.
Айни ҳол бо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон, ҷавонмардони баору номус, ашхоси саховатпеша ва мардуми заҳматдӯсти маҳаллӣ раванди корҳои ободонӣ, таҷдиду азнавсозии роҳҳо, хурраму зебо гардондани марзи шаҳр бомаром идома дорад. Дар ин гӯшаи зебои куҳандиёр ҳамарӯза навгоние дида мешавад,  ки  ин  ҳама  аз  рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, шукрона аз Ватани азизу маҳбуб, ваҳдати миллӣ ва оромию осоиштагии кишвар гувоҳӣ медиҳад.  Сокинони шаҳр аз хонаи  худ сар карда, кӯчаю маҳалла ва деҳоту шаҳракҳои аҳолинишинро тозаю дилкаш кардаанд. 
Тавре Тоҷиддин Шамсиддинов, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Ҳисор, иброз дошт, ба ифтихори  ҷашн  261 иншооти таъйиноти гуногун  мавриди истифода қарор гирифта, дар иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.Дар остонаи  ҷашн  зиёда аз 100 иншоот ба истифода дода хоҳад шуд.
Дар  нимсолаи  аввали  соли  равон бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша таъмири 35 километр роҳ, сохтмон ва таъмири 4 пул, 64 километр  хати барқ, 3 километр чароғонкунии кӯчаҳо, насби 34 зеристгоҳи барқӣ (трансформатор) ва 94 сутуни равшанидиҳанда, кашидани 4 километр хати оби нӯшоӣ, 88 метр лӯлаи обгузар анҷом дода шуд. Инчунин, дар масофаи беш аз 1 километр ҷӯйборҳои бетонӣ насб гардида, 88 километр роҳҳои деҳаҳо сангфарш ва 4 километр роҳ бетонпӯш карда шуд.
Соли ҷорӣ боз сохта ба истифода додани 219 ва соли оянда  212 биною иншооти таъйиноташ гуногун ба нақша гирифта шудааст. Бунёди иншооти нав  аз як тараф ба рушду зебоии кӯчаҳои шаҳр мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, сокинон бо ҷои кор таъмин гашта, вазъи зиндагии худро беҳ месозанд. Ҳамзамон, онҳо таҷрибаи баланди сохтмонию меъмориро аз бар намуда, барои шукуфоии  Ватани азизамон саҳми худро мегузоранд.
Дар доираи бунёди иншооти ҷашнӣ дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 30 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ қомат афрохта истодааст. Бунёди  маҷмааи нави замонавӣ, иборат аз 4 бино, аз ҷумла як бинои 10 - ошёна, 2 бинои 12 - ошёна ва 1 бинои 16 - ошёна, дар маркази шаҳр аз ҷониби мутахассисону сохтмончиёни ҶДММ “Сохтмонқалъа”бовусъат идома дорад.
Дар мавзеи ҷолиб, дилкаш ва назаррабои  “Ҳисор сити” дар майдони умумии 8000 метри мураббаъ биноҳои 16 ва 18 - ошёнаи  зебову замонавӣ қад меафрозанд, ки дорои майдончаҳои варзиш, таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт ва марказҳои савдою хизматрасонӣ  мебошанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар нақшаҳои зиёд тарҳрезӣ намуда, барои  бунёди  корхонаҳои нави бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намудааст. Теъдоди умумии корхонаҳои саноатӣ то имрӯз ба 69 адад расидааст. Танҳо аз соли 2018 то инҷониб дар ҳудуди шаҳр бо ҷалби соҳибкорон 14 корхонаи хурду миёна ба фаъолият пардохт, ки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуданд.
Дар ин  давра як мактаби нав барои 640 хонанда дар як баст ва 11 синфхонаи иловагии  бо лавозимоти хониш муҷаҳҳаз  сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, сохтмони 65 синфхонаи иловагии дигар ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар онҳо идома доранд.
-  Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкориву созандагӣ ҳар моҳ  ду маротиба ситоди корӣ гузаронда шуда, рафти корҳои сохтмонӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор мегирад,  - гуфт  Тоҷиддин Шамсиддинов.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2020    №: 179    Мутолиа карданд: 727
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед