logo

фарҳанг

ВАО. ВАҚТЕ СУХАН СОЗАНДА АСТ...

Тӯли солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои ахбори оммаи кишвар чун дигар соҳаҳои илму фарҳанги мамлакат рушду нумӯ намуданд. Барои фаъолияти озодона ва пешрафти ВАО, пеш аз ҳама, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд, ки онҳо бо тақозои замон пайваста такмил меёбанд.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки дар тарбия ва ташаккули афкори солим ва созандаи ҷомеа мақоми воситаҳои ахбори омма, бахусус рӯзномаҳо, хеле бузург аст. Рӯзнома на танҳо забони гӯё ва овози шунавои миллат аст, балки тарбиятгари муассир ва созмондеҳи фаъоли афкори ҷомеа ва маънавиёти он мебошад. Фарҳанги рӯзноманигорӣ омилест, ки сатҳи муътадил, солим ва собити маънавиёти ҷомеаро ба миён меоварад. Бинобар ин, масъулияти аҳли матбуот дар назди халқу Ватан хеле бузург аст.
Бо дарназардошти аҳамияти воситаҳои ахбори омма, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик ба ин нукта ишора карда, фармуданд: «Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд, зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва, умуман, ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист».
Имрӯз фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва ғайра ба танзим дароварда, соҳаи мазкур тарғибу таблиғи сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва дигар равандҳои ҳаётан муҳими ҷомеаро дар ҳамаи самтҳои иттилоотрасонӣ пайваста таъмин менамояд.
Ҳамзамон, барои фаъолияти самарабахши васоити ахбори омма дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии соҳа сол ба сол мукаммал мегардад, ки дар тақвияти ҳамкориҳо  миёни мақомотҳои давлатӣ ва  кормандони ВАО мусоидат мекунад. Бахусус, ба имзо расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил ва баргузор кардани нишастҳои матбуотӣ» дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳа (4.03.2005, № АП-1677) ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» (7.02.2009, № 622) аз ҷониби аҳли ҷомеа гарм истиқбол гирифта шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду густариши фаъолияти воситаҳои ахбори омма басо ҳавасманд буда, онҳоро шарикони асосии сиёсиву иҷтимоии худ медонад. Чунки воситаҳои ахбори омма дар амалӣ намудани равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва, пеш аз ҳама, озодии сухан, инкишофи гуногунандешӣ, мусоидат карда, бо фаъолияти ҳамарӯзаи худ ба Ҳукумат дар ҳалли масъалаҳои мушаххаси сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ кумак мерасонанд.
Воситаҳои ахбори омма имрӯз қувваи бузургеанд, ки қодиранд ба афроди ҷомеа роҳи дурусту созандаро нишон диҳанд ва таблиғу тарғиби фарҳанги сулҳи тоҷиконро ба оламиён  талқин  намоянд. Ба ҳамин хотир, аҳли матбуотро зарур аст, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯю эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ саъю кӯшиш намоянд. Зеро Сарвари давлат, ҳамчун кафили густариши раванди озодии сухан ва матбуот, дар ҳар  суханрониву мулоқотҳои худ бо аҳли матбуот ба ин масъала пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

М. НОСИРОВ, корманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2020    №: 179    Мутолиа карданд: 670
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед