иқтисод
ОБЁРӢ . ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ 13 600 ГЕКТАР ЗАМИН БЕҲ ГАШТ
Тайи ҳашт моҳи соли равон беҳтар намудани вазъи обёрии 5008 гектар замини кишоварзӣ ба маблағи қариб 4 миллиону 207 ҳазор сомонӣ бозгӯи талошҳои пайвастаи кормандони соҳаи хоҷагии оби кишвар аст. Ба туфайли заҳмати шабонарӯзии онҳо дар доираи татбиқи барномаву лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҳамасола ҳазорҳо гектар замини нав ба гардиши кишоварзӣ ворид мешавад.
Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ арзёбӣ мегардад. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023» мавриди амал қарор дорад. Дар доираи он беҳсозии вазъи мелиоративии зиёда аз 48 ҳазор гектар замини корам ба нақша гирифта шуда, корҳо дар 13 ҳазору 600 гектар анҷом ёфтаанд. Имсол беҳгардонии вазъи 9765 гектар замини корам ба маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ дар назар аст.
- Корҳои мелиоративӣ дар 3 ҳазору 79 гектар замини кишт аз ҳисоби пардохти маблағҳои ҳаққи хизматрасонии об анҷом ёфт. Шаҳру ноҳияҳои Исфара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Кӯшониён, Фархор, Ҳисор, Данғара, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Восеъ, Спитамен, Қубодиён, Дӯстӣ, Рӯдакӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳритус дар татбиқи он ҳиссаи бештар гузоштанд, - гуфт зимни суҳбат директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон.
Ғайр аз ин, соли равон дар доираи амалисозии “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020” аз ҳисоби буҷети давлатӣ азхудкунии 530 гектар замин ба маблағи 4400 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Пештар, тибқи ин барнома, 1750 гектар замини нави обёришавандаи водии Данғара ба маблағи 30,5 миллион доллари ИМА ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида буд.
Имсол барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 16 миллион сомонӣ ихтисос ёфта, айни замон аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ идома доранд. То ҳол 104 метр соҳили дарёи Оби Тоҳир дар минтақаи Ҳусейн Шайхи ноҳияи Данғара ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва 211 метр соҳили канали Лойқасойи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба маблағи 604 ҳазор сомонӣ мустаҳкам гардид. Таъмири 500 метр шабакаи обрасонии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ ба беҳтар шудани таъминоти об дар 150 гектар замини ноҳия мусоидат намуд.
Расондани кумак ба осебдидагони офати табиӣ имсол низ аз мадди назари Ҳукумати мамлакат дур намонд. Дар асоси фармоиши Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати кишвар 3000 метри мураббаъ симтӯр, 51 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 320 тонна семент, 4 тонна арматур, 2000 метр симтаноб ҷудо шуда, дастраси идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Темурмалик, Кӯшониён, Панҷ, Хуросон, Лахш, Сангвор, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон гардиданд.
Бо мақсади пешгирии хавфи офати табиии марбут ба сел ва обхезӣ, инчунин, рафъи оқибатҳои он дар сойҳои Тебалай ва Даҳана, дарёчаи Кӯлоб, селпартоҳои Паҳмдара ва Сангпари шаҳри Кӯлоб тариқи ҳашар 162 тахтасанг васл карда шуд. Ҳамчунин, насби 1206 тахтасанги оҳану бетонӣ дар соҳили дар-ёи Панҷи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хавфро бартараф сохт. 430 метр шабакаи обёрии шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик тоза шуда, соҳили дарёҳои Сурхобу Оби Тоҳир барқарору мустаҳкам гаштанд. Дар ноҳияи Сангвор бошад, корҳои барқарорсозию соҳилмустаҳкамкунӣ дар сарбанди наҳрҳои Шакоб Разоқ, Хизр, дарёҳои Гурумбаку Ёзғанд, Сайёд, Сабзихарв ва ғайра ба масофаи 1500 метр сомон ёфтанд.
Ба гуфтаи мудири бахши сохт- мон ва соҳилмустаҳкамкунии агентӣ Шаҳло Содатсайрова, дар рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба ҷуз агентиву мақомоти маҳаллӣ ва сокинон, инчунин, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона” ва соҳибкорон ҳиссаи арзанда гузоштанд.
Бовар аст, ки бо тадбир- андешиҳои роҳбарияти Агентии беҳдошти замин ва обёриву масъулини мақомоти дахлдор паҳнои заминҳои кишоварзӣ боз ҳам васеъ гашта, масъалаҳои марбут ба обёрӣ ҳалли худро меёбанд.
М. ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.09.2020 №: 184 - 185 Мутолиа карданд: 726