logo

суханрониҳо

Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ, 24 сентябри соли 2020

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Ба ҳамаи шумо барои истиқболи самимиатон, ки нишонаи пуштибонии ҳамаҷониба аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат мебошад, арзи сипос менамоям.
Мардуми заҳматпешаи ноҳияи Восеъ дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми саъю талоши худро барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва Ҳукумати Тоҷикистон равона карда, дар раванди ободониву созандагӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодии Ватани маҳбубамон то имрӯз саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Дар 29 соли замони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Восеъ аз ҳисоби буҷети давлат қариб як миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст. Ҳамзамон бо ин, дар ин давра 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 332 миллион сомонӣ дар самтҳои дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳия, таҷдиду муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таҷдиди роҳҳои мошингард, рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои об, инкишофи инфрасохтори деҳот ва самтҳои дигар татбиқ гардидааст. Ҳоло дар ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст ва то имрӯз дар доираи онҳо 300 миллион сомонӣ аз худ шудааст.
Дар доираи лоиҳаҳои мазкур ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, аз ҷумла таъмиру таҷдиди 55 километр роҳи мошингард, сохтмони се пули нав ва азнавсозии 6 пул, мустаҳкам намудани инфрасохтори зидди офатҳои табиӣ ва сохтмону муҷаҳҳаз гардондани маркази хизматрасонии техникаи кишоварзӣ, анҷом дода мешавад. Инчунин, дар доираи лоиҳаҳои зикршуда пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба сокинони ноҳия барои рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди муассисаҳои таълимии рақамҳои 51 ва 2, сохтмони литсейи касбҳои техникии ноҳия, барқарорсозӣ ва таҷҳизондани беморхонаи минтақавӣ дар шаҳраки Ҳулбук, сохтмони 4 зеристгоҳи барқӣ, насби трансформаторҳои баландшиддат ва барқарорсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ пешбинӣ гардида, ҳоло як қисми онҳо амалӣ шуда истодаанд.
Барои истиқболи сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ сохтмон ва таъмири 460 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз дар 316 иншоот корҳои бунёду азнавсозӣ пурра ба анҷом расидаанд. Бовар дорам, ки то Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои бунёду барқарорсозӣ дар иншооти боқимонда бо сифати баланд ба анҷом расида, ҳамаи онҳо ба истифода супурда мешаванд.
Ҳозирони гиромӣ!
Иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ омили асосӣ барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ба ҳисоб меравад.  Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ нақшаи андоз ва пардохтҳо дар ноҳия ба маблағи 21 миллион сомонӣ ё 109 фоиз таъмин гардидааст. Вале дар баробари ин, қарзи андоз ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ ба 12 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба аввали сол 3,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин самт, роҳбарони вилоят ва ноҳия, Вазорати молия ва Кумитаи андозро зарур аст, ки доир ба иҷрои уҳдадориҳо дар назди буҷет, татбиқи сифатноку саривақтии нақшаи андоз ва пардохтҳо, инчунин, коҳиш додани бақияпулиҳои андоз тадбирҳои мушаххас андешанд.
Соҳибкории хурду миёна дар пешбурди иқтисодиёти ноҳия нақши асосӣ дошта, яке аз сарчашмаҳои асосии даромади буҷети маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва сокинони ноҳия 34 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Бо вуҷуди ин, ба Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, “Амонатбонк” ва “Саноатсодиротбонк” супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани таъминоти соҳибкорон ва аҳолӣ бо воситаҳои молиявӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳозирони гиромӣ!
Ноҳияи Восеъ барои рушди соҳаи саноат имкониятҳои ниҳоят фаровон дорад. Дар ҳудуди ноҳия захираҳои зиёди ашёи хом, махсусан намак ва маҳсулоти кишоварзӣ, мавҷуданд.
Бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ва ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда мусоидат мекунад ва ба рушди ҳамаҷонибаи ноҳия такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 46 миллион сомониро ташкил додааст. Дар ин давра дар ноҳия ду коргоҳи нави саноатӣ бо 35 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Бо вуҷуди он ки солҳои охир нишондиҳандаҳои соҳаи саноати ноҳия мунтазам афзуда истодаанд, аммо вазъи соҳа, хусусан дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.
Дар ноҳия 33 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 6 корхонаи саноати хӯрокворӣ, 8 корхонаи саноати масолеҳи сохтмон, 8 корхонаи саноати сабук ва 11 корхонаву коргоҳҳо доир ба дигар самтҳои фаъолияти саноатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нишондиҳандаҳои мазкур бо вуҷуди имконияту захираҳои васеи ноҳия дар самти рушди саноат нокифоя мебошанд. Дар баробари ин, аз соли 2019 то имрӯз 9 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ аз фаъолият бозмондаанд ва дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 8 корхонаву коргоҳҳои саноати сабуки ноҳия ба маблағи ҳамагӣ 3,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Номгӯи маҳсулоти дар корхонаҳои саноати сабуки ноҳия истеҳсолшаванда ниҳоят маҳдуд буда, бо вуҷуди имкониятҳои мусоиди мавҷуда то ҳанӯз коркарди пурраи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда нашудааст.
Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар 6 корхонаи саноати хӯроквории ноҳия ҳамагӣ ба маблағи 870 ҳазор сомонӣ маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол шудааст, ки талаботи истеъмолии аҳолии торафт афзоишёбандаи ноҳия  (219 ҳазор нафар)- ро бо маводи ғизоӣ таъмин карда наметавонад. Аз ҷумла, дар 4 корхонаи истеҳсоли намаки ошии ноҳия дар ин давра, дар маҷмӯъ, 1661 тонна намак истеҳсол шудааст.
Дар ҳафт соли охир аз ҷониби ширкати “Хоҷа Муъмин” ҳамагӣ 4,4 ҳазор тонна намаки ошӣ содирот шудааст, ки ин нишонаи то ҳанӯз ба содирот нигаронда нашудани истеҳсоли ин намуди маҳсулот дар корхонаҳои ноҳия мебошад. Зеро дар ду кони бузурги “Хоҷа Муъмин” ва “Хоҷа Сартез”, ки дар ҳудуди ноҳия ҷойгиранд, даҳҳо миллиард тонна захираи намаки ошӣ мавҷуд аст.
Дар қитъаи ҷанубии кони “Хоҷа Муъмин” дар натиҷаи гузарондани корҳои иктишофии муфассал захираҳои намак дар ҳаҷми 1,3 миллиард тонна ҳисоб шудаанд. Дар қитъаи шимолии кони мазкур дар натиҷаи иктишофи пешакӣ захираи намак дар ҳаҷми 28 миллион тонна ҳисоб гардидааст. Захираҳои дурнамои “Хоҷа Сартез” ба миқдори 40 миллиард тонна арзёбӣ шудаанд. Илова бар ин, бояд гуфт, ки дар корхонаҳои саноатӣ коркарди меваю сабзавот, ки дар ноҳия фаровон аст, умуман,  ба роҳ монда нашудааст. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия аз ҷониби кишоварзон 38 ҳазор тонна сабзавот, беш аз 9 ҳазор тонна полизӣ, зиёда аз ҳазор тонна мева ва 580 тонна ангур истеҳсол шудааст.
Хотирнишон месозам, ки Восеъ яке аз ноҳияҳои калонтарини кишвар буда, барои тараққӣ додани истеҳсолоти саноатӣ шароиту имкониятҳои зиёд дорад. Аз ин лиҳоз, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарони вилоят, ноҳия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи пурраи имконияту иқтидорҳои ноҳия дар самти саноатикунонии босуръат тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Восеъ ноҳияи аграрӣ буда, ҳиссаи кишоварзӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ноҳия 62 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ин соҳа 65 фоизи аҳолии қобили меҳнати ноҳия бо ҷойҳои кории доимиву мавсимӣ таъмин мебошад.
Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳия 403 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 44 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳия дар ин давра истеҳсоли зироатҳои ғалладонагӣ, картошка, меваю сабзавот, полизӣ ва маҳсулоти чорводориро афзоиш додаанд. Дар баробари ин, таъкид месозам, ки яке аз мушкилоти асосии соҳаи кишоварзии ноҳия бад будани ҳолати мелиоративии заминҳои корам мебошад. Тибқи маълумот зиёда аз 80 фоизи иншооти мелиоративии ноҳия ба таъмиру азнавсозӣ ва заҳбуру заҳкашҳо ба тоза кардан эҳтиёҷ доранд.
 Роҳбарони вазоратҳои молия, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, вилоят ва ноҳияро таъкид месозам, ки дар сурати истифодаи пурраи иқтидори иншооти обтаъминкунӣ кишти зироатҳо дар заминҳои обӣ хеле зиёд гардида, барои гирифтани ду - се ҳосил аз заминҳои обӣ имконият фароҳам оварда мешавад.
Бо мақсади таъмини рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Восеъ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳия тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг ба масофаи 88 километр, ки 40 километри он аз ҳудуди ноҳияи Восеъ мегузарад, ба маблағи 464 миллион сомонӣ пурра азнавсозӣ гардид. Дар доираи корҳои таҷдиди ин роҳ дар ҳудуди ноҳия, инчунин, сохтмони 3 пули нав, барқарорсозии 6 пули мавҷуда, чароғонкунии қитъаҳои роҳи мазкур, ки аз маҳалҳои аҳолинишин мегузаранд ва таъмири 15 километр роҳҳои дохили ноҳия анҷом дода шуд.
Ҳамчунин, соли  ҷорӣ  таҷдиди  роҳи  мошингарди  Ҳулбук-  Кангурт бо дарозии 59 километр ва арзиши лоиҳавии 370 миллион сомонӣ оғоз мегардад, ки 22 километри он аз ҳудуди ноҳияи Восеъ мегузарад. Имрӯзҳо корҳои омодагӣ барои татбиқи лоиҳа идома доранд. Таҷдиди роҳи мошингарди Ҳулбук – Кангурт дар доираи лоиҳаи “Устуворсозии шабакаи роҳҳо” ва корҳои лоиҳакашиву асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар, марҳалаи 1” пешбинӣ шудаанд. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавии роҳи Ҳулбук-Кангурт омода гардида, мавриди экспертизаи давлатӣ қарор доранд.
Озмуни интихоби ширкати машваратӣ оид ба назорати корҳои сохтмон эълон гардида, муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун санаи 12 сентябри соли 2020 муайян карда шудааст. Ҳуҷҷатҳои озмун доир ба интихоби ширкати пудратчии роҳ бо Бонки осиёии рушд мувофиқа шуда, озмун рӯзҳои наздик эълон карда мешавад.
Имкониятҳои ноҳияи Восеъ барои рушди сайёҳӣ хеле зиёданд, зеро дар ҳудуди он даҳҳо ёдгории таърихиву меъморӣ, аз ҷумла қалъаи Ҳулбук, Кӯшки асримиёнагии Қурбоншаҳид, оромгоҳҳои асри биринҷӣ, бошишгоҳи Тагиҷар, қасри Шоҳони Хутал, мақбараҳои Хоҷа Муъмин, Қурбоншаҳид ва дигар мавзеъҳои таърихӣ, мавҷуданд.
Бо мақсади рушди сайёҳии таърихӣ азнавсозии пурраи мамнӯъгоҳи таърихии “Қалъаи Ҳулбук” ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар атрофи он дар муҳлатҳои наздик пешбинӣ шудааст.
Ноҳияи Восеъ, инчунин, дорои табиати нотакрор ва мавзеъҳои шифобахш буда, барои инкишофи сайёҳии табобатӣ ва истироҳату фароғати мардум мувофиқ мебошад.Вобаста ба ин, Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки барои муаррифӣ  ва ташвиқу тарғиби имкониятҳои сайёҳии ноҳия, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва осоишгоҳҳо барои истироҳату табобат чораҳои зарурӣ андешанд.
Дӯстони азиз!
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Восеъ 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои 8200 хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин, ба истиқболи Ҷашни   30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони боз 7 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ метавонад раванди тарбияи кӯдакон ва омода намудани онҳоро ба мактаб, яъне ба зинаи дуюми таҳсил осон гардонад. Вале имрӯз дар ноҳия ҳамагӣ 8 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунад, ки ин шумора барои фарогирии кӯдакони ноҳия нокифоя мебошад.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ ва дигар мақомоти дахлдорро зарур аст, ки бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо, аз ҷумла бо ҷалби васеи бахши хусусӣ доир ба ҳалли ин масъала чораҳои мушаххас андешанд.
Боиси қаноатмандист, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Восеъ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 21 муассисаи тиббиву солимгардонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, то Ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди боз ду маркази саломатӣ ва як таваллудхона дар назар аст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо роҳбарони вилоят ва ноҳия ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои соҳа, аз ҷумла бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар гардондани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.
Бовар дорам, ки сокинони бонангу номуси ноҳияи Восеъ мисли ҳарвақта дар амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати кишвар саҳми арзишманд мегузоранд ва дар оянда низ барои ободу зебо гардондани диёри хеш кӯшиш карда, ин гӯшаи Ватани азизамонро ба як мавзеи пешрафта ва ободу зебо табдил медиҳанд. Такроран таъкид менамоям, ки дар ноҳия барои амалисозии ин ҳадаф ҳамаи шароиту имкониятҳо мавҷуданд.
Истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, дар баробари заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, аз ҳисси баланди ватандӯстии ҳар як сокини ноҳия ва қобилияти ташкилотчигии роҳбарон вобаста мебошад.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки мардуми бонангу номус ва матиниродаи ноҳияи Восеъ минбаъд низ бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаашон дар пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Ба тамоми сокинони меҳмоннавозу сарбаланди ноҳия ва ҳамаи шумо, ҳозирони арҷманд дар амалӣ гардидани нақшаҳои созанда барори кор, хонаи обод ва саломативу иқболи нек орзу менамоям.
Ҳамеша муваффақу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2020    №: 186 - 187    Мутолиа карданд: 4067
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед